Хабарҳои расида аз зиндонҳои Тоҷикистон ҳокӣ аз онанд, ки вируси коруно дар зиндонҳо бештари манотиқи кишвар дар ҳоли густариш ва ситонидани ҷони зиндониҳост.
Паём далоили шуйӯъи COVID-19-ро ҳади ақал дар 4 зиндони Тоҷикистонро дар даст дорад. Аввалин ҳолати марг дар зиндони рақами аввал ду рӯз қабл рух дод ва мо дар ин бора хабар дода будем. Қаблан худи мақомот шуйӯъи вирус дар ду зиндони пойтахт — №1 ва №3-ро эътироф карданд. Дертар Паём маълум кард, ки гирифторон дар зиндони №1 беш аз 200 нафаранд ва ҳолати ҳади ақал 50 нафарашон вазнин аст.
Ҳоло чанд хабари дигар дар даст дорем, ки нишон медиҳанд вазъ дар зидонҳо хеле бадтар аз он аст, ки тасаввур мешавад.
Марги боз як маҳбус дар зиндони рақами 1
Имрӯз, 9 май боз як маҳбуси дигар дар зиндони рақами 1-и Душанбе ба шаҳодат расид. Расман аз илтиҳоб шуш, дар асл бо нишонаҳои COVID-19.
Ин маҳбус Раҷабов Абдулфайз, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Восеъ аст. Ба гуфтаи манбаъи Паём, ӯ бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода моҳи сентябри соли 2015 боздошт шуда, ба 28 сол маҳкум шуда буд.
Манбаъ мегӯяд мақомоти зиндон дар расонидани доруву табобат байни зиндониён вобаста ба моддаҳои парвандаашон табъиз раво мебинанд. Нигоҳубини онҳое, ки бо парвандаҳое мисли терроризму экстремизм ба зиндон рафтаанд танҳо дар сурати сару садоҳо дар матбуот ё шикояти наздиконашон анҷом дода мешавад. Дар акси ҳолат, ҳеҷ ёрие ба онҳо расонида намешавад.
Фурӯши доруҳо дар зиндони Ваҳдат
Масъулини Муассисаи ислоҳотии ЯС 3/2-и шаҳри Ваҳдат ё зиндони маъруф ба “Кирпичний” доруву дармонҳоеро, ки барои табобати гирифторони вируси коруно мақомот ва созмонҳои хайриявӣ ба ин зиндон додаанд, ба берун мефурӯшанд.
Ду маҳбуси собиқи ин зиндон ба Паём гуфтанд, ки масъулини зиндон ба онҳо занг зада пешниҳод кардаанд дар фурӯши доруҳо барои табобати “илтиҳоби шуш” ҳамкорӣ кунанд.
Беморон дар зиндони Хуҷандро ба таҳхона партофтаанд
Дар Муассисаи ислоҳотии ЯС 3/5-и шаҳри Хуҷанд низ вируси коруно шуйӯъ кардааст. Масъулини ин зиндон мубталоёни COVID-19-ро дар як таҳхонаи наму ториқ ҷо кардаанд ва касе ба ҳоли эшон расидагӣ намекунад.
Тибқи иттилоъи як манбаъи Паём, танҳо дар як ҳуҷраи ин таҳхона 8 бемор нигоҳдорӣ мешавад, ки вазъи ду нафарашон хеле вазнин мебошад.
Қаблан созмонҳои ҳуқуқи башари байналмиллал ва эътилофи мухолифини тоҷик — Паймони миллин Тоҷикистон аз мақомоти кишвар даъват карда буданд зиндониҳои синнашон аз 50-60 боло ва онҳое, ки ба беморие гирифторанд, озод кунанд.
Манбаъ: Паём
Добавить комментарий