Номаи саркушодаи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ба:
Комиссариати Олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид,
OHCHR
OHCHR
ICRC
ODIHR
OSCE
Афви байналмилал,
Институтҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ ва озодии инсон,
Созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон,
Намояндагииҳои дипломатии Тоҷикистон.
Имрӯз бештари давлатҳои ҷаҳон ба хотири пандемияи COVID-19 дари зиндонҳои худро кушода, зиндониёнро муваққатан ба озодӣ мебароранд, то дар ин вазъият тавонанд, ки аз кӯмак ва дастгирии хонаводаашон баҳраманд гарданд.
Мутаассифона, дар Тоҷикистон, ки на инсон ва на ҳуқуқу озодии ӯ қимат дорад, дар зиндонҳо вазъият мутташаниҷ аст. Тибқи омори расмӣ то имрӯз 2 нафар, ва бино бар маълумоти мо 9 нафар аз ин беморӣ ҷон бохтанд. Яке аз онҳо Раҷабов Абдулфайз (соли таваллуд 1973, сокини ноҳияи Восеъ) мебошад. Бар асоси ин гузориш, фақат дар зиндони рақами 1 Душанбе, беш аз 200 нафар ба коронавирус мубтало шудаанд, ки вазъи ҳадиақал 50 нафарашон вазнин аст.
Дар зиндони ЯС 3/5-и шаҳри Хуҷанд низ коронавирус шуюъ пайдо кардааст. Масъулони ин зиндон бо мубталоёни COVID-19 рафтори ғайриинсонӣ карда, онҳоро дар як таҳхонаи наму торик ҷо кардаанд ва аз ҳолашон хабар намегиранд.
Ҳамчунин Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов – зиндонии сиёсӣ ва муассиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук навишта буд: “Нишонаҳои бемории падарам ба гирифтории куруновирус монанд буд. Ба болои ин, ахиран дарди меъдааш шиддат гирифтааст.” Ӯ дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ гуфта буд: “Бисёре аз наздикони зиндониҳо аз хатари паҳншавии вируси нав дар кишвар нигаронанд, вале бештар аз он аз вазъи наздиконашон дар маҳбас дар ташвишанд.”
Ҳамчунин, рӯзноманигор Шӯҳрати Раҳматулло, фарзанди зиндонии сиёсӣ Раҳматуллои Раҷаб низ дар ёддоште навишта буд: “Вазъи саломатии падарам хеле нигаронкунанда аст, дӯстон! Ҳарорат 40, нафаскашиаш ҳам танг шуда… Маълумотҳо ҳар рӯз бароям мерасанд. Дар зиндонҳо касалиҳо бештар шудаанд ва нигоҳубин аз тарафи зиндон умуман нест. Касеро парвое нест.”
Ҷамшед Ёров, бародари вакили зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров низ, аз вахомати вазъи бародараш дар зиндон навишта ва хостори расидагӣ ба ӯ шуда буд.
Каме пештар, ҷамъе аз наздикони зиндониён, аз ҷумла Ҷамшед Ёров, Шӯҳрати Раҳматулло, Фирӯзи Маҳмадалӣ (писари Маҳмадалӣ Ҳайит), Ҳисом Зубайдуллозода (писари Зубайдуллоҳи Розиқ), Мухамадиқбол Ҳисайнов (писари Саидумар Ҳусайнӣ), Гулбарг Сайфова (ҳамсари Умаршоҳ Давлатов) ва дигарон, бо навиштани номае ба Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, хостори таваҷҷӯҳи ин ниҳоди байналмилалӣ ба вазъияти нигаронкунанда дар зиндонҳои Тоҷикистон ва дахолати ин созмон барои озодии зиндониёни синнашон аз 50 сола боло дар Тоҷикистон шуданд.
Паймони Миллии Тоҷикистон, эътилофи опозитсияи тоҷик, дар санаи 25 марти соли ҷорӣ, бо интишори баёнияе, хостори озодии зиндониёни синнашон аз 50 ба боло шуда буд. Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС) низ тайи баёнияе, ба ҳукумат пешниҳод карда буд, то бар асоси меъёрҳои инсондӯстӣ беморони шадидро на танҳо барои табобат ба назди хонаводаашон иҷозат диҳанд, балки ба ҳукумати Тоҷикистон фишор оваранд, то зиндониёни аз 50 сола ба боло озод шаванд.
Ғайр аз ин, ҳанӯз 25 марти соли 2020 Паймони Милли Тоҷикистон аз ҳукумати Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки зиндониёни аз 50 ба боло озод карда шаванд. Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) борҳо кӯшиш ба ҳарҷ дод, ки таваҷҷӯҳи ҳукумати Тоҷикистонро ба вазъи беморон дар зиндон ҷалб кунад.
Аммо бо ин ҳама, мутаассифона, ҳукумати Тоҷикистон то ба ин лаҳза ҳеч таваҷҷӯҳе ба ин дархостҳо накардааст ва нигаронии моро нодида гирифтааст.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) аз ҳамаи созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар дархост мекунад, то зимни фишор ба ҳукумати Тоҷикистон, аввалан водораш намоянд, то кӯмакҳои зарурӣ ва мавриди ниёзро ба маҳбусоне, ки ба ин вирус мубтало ҳастанд бирасонад, ҳамчунин мисли дигар кишварҳо маҳбусони синнашон аз 50 болоро, махсусан афроде, ки ба анҷоми ҷиноятҳои вазнин айбдор нестанд, озод кунанд. Ва сониян, ба Созмони байналмилалии Салиби Сурх иҷозат диҳад, то аз наздик бо вазъи зиндонҳои Тоҷикистон ва зиндониён ошно шуда тавсияҳои заруриро дар мавриди беҳтар намудани вазъи зиндониён амалӣ созад ва иқдомҳои лозимро бардоранд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)
Варшава, Лаҳистон
10 майи 2020
Добавить комментарий