Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) фарорасии Иди саиди Фитрро ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва бахусус ба зиндониёни сиёсии кишвар, ки мазлумона пушти милаҳои зиндонҳо ҳузур доранд, самимона табрику таҳният мегӯяд.
Дар ин рӯзҳои Иди саиди Фитр, ки Тоҷикистони азизро низ мисли дигар кишварҳои дунё коронавирус ба мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ вв беҳдоштие гирифтор кардааст, КШНГЗС барои худ воҷиб медонад, дар ин ҳамагуна ғаму андӯҳ ва талафоти мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамдард ва ғамшарик бошад.
Ҳамзамон КШНГЗС ҳамдардии амиқи худро ба тамоми хонаводаҳои зиндониёни кишвар, ки бар асари ин вабои ҳамагир-коронавирус ба шаҳодат расидаанд, тақдим медорад. Инчунин ба хонаводаҳои тамоми азизоне, ки дар ин ду моҳи ахир бар асари гирифторӣ бо коронавирус вафот кардаанд, таслият ва ҳамдардии худро иброз медорад.
Ва аз Худованди Маннон барои тамоми ин ҷонбохтаҳои Тоҷикистони азиз, ки дар ин рӯзҳо яке паси дигар мову шуморо барои ҳамеша дар ин дунё тарк карданд, бахшиши гуноҳон ва болотарин дараҷаҳои биҳиштро масъалат дорад. Аллоҳи Пок ба тамоми бозмондагонаш сабри ҷамил ва аҷру подоши бузургеро насиб фармояд.
КШНГЗС тамоми саъю талоши кормандони соҳаи тибб, ки кишварамонро дар ин рӯзҳои сангин на танҳо дар паҳлӯи миллат, балки дар хатти аввали мубориза бо коронавирус сангар гирифтаанд, таҳсин мекунад ва дар нисбати он идда аз азинону ҳамкасбонашон, ки бар асари ин беморӣ ба шаҳодат расидаанд, ҳамдардии худро баён медорад.
Қобили зикр аст, ки яке аз иллатҳои бештар паҳн шудан ин вабои ҳамагир пинҳонкории мақомоти Тоҷикистон буд, ки тавсияҳои ниҳодҳои тандурустии дунё ва бахусус кишварҳое, ки пеш аз Тоҷикистон бо ин беморӣ дасту панҷа нарм мекарданд, аз сари кирбу ғурур нодида гирифтанд. Мо инро хуб дарк мекунем, зеро натиҷаи сиёсати як ҳокими диктотур ва мақомоти ҳукумати бесалоҳияте, ки дар фикри мардуми худ намебошанд, ҳамин шуда метавонад.
КШНГЗС дар ин рӯзҳо дар паҳлӯи ҳамватананони худ буда, Иди саиди Фитрро бар мардуми шариф ва ранҷбари Тоҷикистон муборакбод намуда, аз даргоҳи Парвардгори тавоно талаб мекунад, ранҷу сахтиҳои ин ваборо аз сари мардуми мо ва тамоми оламиён бардошта кунад.
Иди саиди Фитр муборак бошад, саъодатманду сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон
Варашава, Поланд
24.05.2020
Добавить комментарий