Бо камоли андӯҳ, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) шаҳодати Бобоев Абдусаттор, зиндонии сиёсӣ ва раиси собиқи ноҳиявии ҲНИТ ва узви Раёсати олии ин ҳизбро ба ҳамватанон ба хусус бастагони марҳум ва тамоми аъзои ҲНИТ ва раҳбари он таслият мегӯяд.
Шаҳодати ин фаъоли сиёсӣ дар зиндон бори дигар нишон медиҳад, ки шароит дар зиндонҳои Тоҷикистон ба хусус барои зиндониёни сиёсӣ, бисёр сахт аст. Нишон медиҳад, ки ба ҷиҳати бетаваҷҷӯҳӣ ва рафторҳои бисёр нораво ва ғайриинсонӣ бо онҳо, аз дунё мераванд.
Гузоришҳои зиёде ба дасти КШНГЗС расида, ки вақте яке аз зиндониён махсусан зиндонии сиёсӣ дучори беморӣ мешавад, ҳеч нигоҳубинӣ аз онҳо сурат намегирад. Дагузашти Бобоев Абдсаттор нахустин қурбонии бетаваҷҷӯҳӣ ба маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон нест. То кунун, даҳҳо нафар аз азизонамон дар асари бетаваҷҷӯҳӣ ва саҳлангории маъмурони зиндонҳо ва таъмин нашудани онҳо бо муроқибатҳои вежа, вафот ёфтаанд. Беш аз як ҳафта нест, ки Эшони Абдулфайз дар зиндон ҷон ба Ҷонофарин супурд.
Бинобар ин, КШНГЗС аз тамоми созмонҳои байналмилалӣ ва ба хусус созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар дар дунё, тақозо мекунад, ки нисбат ба маҳбусони сиёсӣ дар Тоҷикистон бетаваҷҷӯҳ набошанд, вазифа доранд, ки бо фишор бар ҳукумати Тоҷикистон, водораш созанд ҳар чи зуд маҳбусони сиёсиеро, ки нишонаҳои беморӣ дар онҳо дида мешавад, озод кунад, ва ақаллан бо муроқибатҳои вежаи пизишкӣ таъмин шаванд.
КШНГЗС аз вазъияти маҳбусони сиёсие мисли Маҳмадалӣ Ҳаит, Раҳматуллои Раҷаб, Ҳикматулло Сайфулло, Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, Бузургмеҳр Ёров, Далер Шарипов ва ҳамчунин дигар азизон, ки номҳояшон қаблан мунташир шуда буд, нигарон аст. Озодии фаврӣ ва бидуни қайду шарти ин маҳбусон дар шароити кунунӣ, масъулияти инсонии ҳукумати Тоҷикистон аст.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон
26.05.2020
Варшава, Поланд
Добавить комментарий