Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) боздошти шуморе аз ҳамватанони гиромиамон дар ноҳияи Хуросонро ба шиддат маҳкум намуда, нигаронии амиқи худро аз рафтори мақомот иброз медорад.
Лозим ба тазаккур аст, ки муддате пеш дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сели азиме омада, хонаву кошонаи мардумро ба коми худ фурӯ бурд ва боис шуд як нафар ҷони худро аз даст бидиҳад ва чанд нафар захмӣ гарданд.
Маълум аст, ки дар ҳар як давлати демократӣ кӯмак расонидан ба мардум дар инчунин вазъиятҳо масъулияти ҳукумат аст ва бояд шаҳрвандони зарардидаро бо манзил ва маводди барои рӯзгор зарурӣ таъмин кунад.
Аммо мутаассифона ҳукумати кунунии Тоҷикистон дар ин росто коре анҷом надод. Бинобар ин, табиӣ буд, ки мардум садо баланд кунанд ва аз ҳукумат дархости кӯмак намоянд. Аз ин рӯ, мардуми ин ноҳия дар рӯзи 17-уми майи соли ҷорӣ даст ба тазоҳуроти комилан мусолиматомез заданд, то садояшон ба гӯши мақомот бирасад. Ин ҳуқуқи конститутсионии онҳо буд ва ҳаққи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Мардум дар ин тазоҳурот на тақозои сиёсие доштанд ва на талаби истеъфои мақомеро намуданд, балки фақат суханашон ин буд, ки ҳукумат ба доди онҳо бирасад ва ба масъулиятҳои қонуниаш амал намояд.
Вале ҳукумат ба ҷойи гӯш додан ба ҳарфи онҳо ва бароварда сохтани тақозояшон, шуморе аз онҳоро боздошт кард. Расонаҳо аз боздошти 6 тан хабар доданд. Тибқи гузориши хабарнигори Радиои Озодӣ, “муфаттишони Додситонии кулли Тоҷикистон нисбат ба 6 сокини ноҳияи Хуросон, ки дар эътирози рӯзи 17-уми май иштирок карда буданд, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.” Манобеи Радиои Озодӣ номи баъзе аз боздоштшудаҳоро дар гузориши худ оварданд, ки иборатанд аз: Маҳмадкарим Ҳасанов, Маҳмадраҷаб Холов ва бародарон Ҳусейн ва Кароматуллоҳ Ҳусейновҳо, ки ҳамагӣ аз сокинони деҳаи Неъматуллоҳ Асадуллоҳ мебошанд.
Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон зимни маҳкум намудани ин амали ҳукумати Тоҷикистон, аз корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон тақозо ба амал меоварад, ки ин 6 нафар боздоштшударо мадди назари худ қарор диҳанд ва барои озодии фаврии онҳо иқдомҳои заруриро анҷом бидиҳанд.
Ба назари мо, ҳадафи ҳукумат аз боздошти ин 6 нафар, эҷоди руъбу ваҳшат дар дили кулли шаҳрвандони Тоҷикистон аст, то дигар ҳатто фикри эътироз ба ҳукумат ба зеҳнашон наравад. Боздошти ин 6 тан, аз назари мо, ба пуррагӣ аз байн бурдани тантанаи адолат ва арзишҳои демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон
11 июни 2020
Варшава, Поланд
Добавить комментарий