Перейти к содержимому

Баёнияи КШНГЗС оиди боздошти бастагони зиндониёни сиёсӣ

Ҳисомуддин Розиқов, фарзанди зиндонии сиёсӣ Зубайдуллоҳи Розиқ, раиси Академияи ҲНИТ, хабар дод, ки соати 10 субҳи 25 июни соли ҷорӣ бародараш Асроруддин Розиқов (соли таваллуд 1982, истиқоматкунандаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе)-ро маъмурони КДАМ боздошт карданд. Ба гуфтаи Ҳисомуддин Розиқов, хонаводаи онҳо як шабонарӯз дарак надоштанд, ки Асроруддин куҷост ва фақат баъд аз ҷустуҷӯ буд, ки фаҳмиданд ӯ дар боздоштгоҳи КДАМ қарор дорад. Ҳанӯз ӯ дар боздоштгоҳ аст.

Тибқи гуфтаи Ҳисомуддин, сабаби боздошти бародари вай, ба эҳтимоли зиёд он аст, ки аз ӯ бихоҳанд, то дар баробари дурбин қарор гирифта ва бар зидди ҲНИТ ва раисаш Муҳиддин Кабирӣ изҳорот бидиҳад.

Зубайдуллоҳи Розиқи 76 сола, раиси Академияи ҲНИТ, дар моҳи сентябри соли 2015 боздошт ва дар моҳи июни соли 2016 ба 25 соли зиндон маҳкум шуд.

Гуфтанист, дар чанд рӯзи ахир корбарони вобаста ба ҳукумати Тоҷикистон (маъруф ба “Фабрикаи ҷавоб”) наворҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мекунанд, ки дар онҳо, бастагон ва наздикони мухолифон ва зиндониёни сиёсӣ баромад мекунанд ва бар зидди ҲНИТ ва раҳбаронаш изҳорот медиҳанд. Аз ин наворҳо барои бинанда комилан равшан мешавад, ки онҳо таҳти фишор ин изҳоротро медиҳанд. То ҳол, навори Нусратулло Саидов, як бародарзодаҳои Саид Абдуллоҳи Нурӣ, муассиси ҲНИТ ва низ яке аз духтарони Ҳикматулло Сайфуллозода, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ пахш шуданд.

Мутаассифона ин гуна боздоштҳо ва таҳти фишор қарор додани бастагони мухолифон, дар Тоҷикистон ба як равиши оддӣ ва маъмулӣ табдил гардидааст.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёи сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни шадидан маҳкум кардани иқдоми КДАМ дар боздошти шаҳрвандони бегуноҳ ва таҳти фишор қарор додани онҳо, ин иқдомҳоро хилофи Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низ хилофи тамоми қонунҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ дониста, аз ҳамаи созмонҳои ҳуқуқи башари байналмилалӣ махсусан Созмони Афви байналмилалӣ, тақозо менамояд, ки бетараф набошанд ва ҳукумати Тоҷикистонро ба риояти меъёрҳои байналмилалӣ дар поймол накардани ҳуқуқи шаҳрвандон водор намоянд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёи сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

27 июни 2020

Варшава, Поланд

One thought on “Баёнияи КШНГЗС оиди боздошти бастагони зиндониёни сиёсӣ Оставьте комментарий

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: