Писари Зубайдуллоҳи Розиқ: “Падарамро ба ШИЗО мунтақил карданд” – (Видео)

Ҳисомуддин Зубайдуллозода, фарзанди зиндонии сиёсӣ Зубайдуллоҳи Розиқ, раиси Академияи ҲНИТ, дар як навор дар сафҳааш дар Фейсбук гуфт, ки дар маҳбас падарашро ба ШИЗО (утоқе барои шиканҷа) мунтақил кардаанд. Ӯ аз созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ва низ КШНГЗС дархост намудааст, ки бетараф набошанд.

Вай дар ин навор мегӯяд, сабаби ба ШИЗО интиқол додани падараш, Зубайдуллоҳи Розиқ ин аст, ки ба ӯ гуфтаанд, дар баробари дурбин қарор гирифта ва бар зидди ҲНИТ ва раҳбаронаш изҳорот диҳад, вале Зубайдуллоҳи Розиқ розӣ нашудааст.

Зубайдуллоҳи Розиқи 76 сола, раиси Академияи ҲНИТ, дар моҳи сентябри соли 2015 боздошт ва дар моҳи июни соли 2016 ба 25 соли зиндон маҳкум шуд.

Гуфтанист, соати 10 субҳи 25 июни соли ҷорӣ низ кормандони КДАМ Асроруддин Розиқов (соли таваллуд 1982, истиқоматкунандаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе), яке дигар аз фарзандони Зубайдуллоҳи Розиқро КДАМ боздошт карда буданд. Ба гуфтаи Ҳисомуддин Зубайдуллоҳзода, хонаводаи онҳо як шабонарӯз дарак надоштанд, ки Асроруддин куҷост ва фақат баъд аз ҷустуҷӯ буд, ки фаҳмиданд ӯ дар боздоштгоҳи КДАМ қарор дорад. Ҳанӯз ӯ дар боздоштгоҳ аст.

Дар чанд рӯзи ахир корбарони вобаста ба ҳукумати Тоҷикистон (маъруф ба “Фабрикаи ҷавоб”) наворҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мекунанд, ки дар онҳо, бастагон ва наздикони мухолифон ва зиндониёни сиёсӣ баромад мекунанд ва бар зидди ҲНИТ ва раҳбаронаш изҳорот медиҳанд. Аз ин наворҳо барои бинанда комилан равшан мешавад, ки онҳо таҳти фишор ин изҳоротро медиҳанд. То ҳол, навори Нусратулло Саидов, як бародарзодаҳои Саид Абдуллоҳи Нурӣ, муассиси ҲНИТ ва низ яке аз духтарони Ҳикматулло Сайфуллозода, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ пахш шуданд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёи сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) дар як баёнияе, зимни шадидан маҳкум кардани иқдоми КДАМ дар боздошти шаҳрвандони бегуноҳ ва таҳти фишор қарор додани онҳо, ин иқдомҳоро хилофи Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низ хилофи тамоми қонунҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ дониста, аз ҳамаи созмонҳои ҳуқуқи башари байналмилалӣ махсусан Созмони Афви байналмилалӣ, тақозо намуд, ки бетараф набошанд ва ҳукумати Тоҷикистонро ба риояти меъёрҳои байналмилалӣ дар поймол накардани ҳуқуқи шаҳрвандон водор кунанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s