Номаи саркушодаи ҷамъе аз наздикони зиндониёни сиёсӣ ба Эмомалӣ Раҳмон

Ба Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон

Нусха: Ба прокурори генералии ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмон Юсуф

Нусха: Ба Ваколатдор оиди ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, Умед Бобозода

Аз номи як қатор наздикони маҳбусони сиёсии Тоҷикистон

Суроға: Варшава, Terespolska 4

E-mail: pajvandzindoni@gmail.com

МУРОҶИАТНОМА

Бинобар сабаби мунтазам зери фишор ва таъқиб қарор гирифтани наздикони мо, чӣ дар маҳбас ва чӣ дар “озодӣ” дар дохили кишвар буда моро водор кард, ки боз як бори дигар аз тамоми ҳуқуқҳои шаҳрвандии худ истифода намуда ба шумо муроҷиат намоем.

Ба ҳамагон маълум аст, ки шумо мавҷуд будани маҳбусони сиёсиро дар кишвар бо иддаои он, ки гуё наздикони мо дар асоси содир кардани ҷиноятҳо ҳабс шудаанд рад мекунед. Вале ҳодисаҳои нанговару давомдори солҳо ва алалхусус рӯзҳои охир, баръало нишон медиҳанд, ки нисбати пайвандони мо ягон талаботи Қонунгузории Тоҷикистон дар бораи ҷазо, ҷавобгарии инфиродӣ, шарт ва шароити нигоҳдошт дар маҳбасҳо ва озодии сухан ва виҷдон риоя намешавад.

Маҳдуд ва поймол намудани ин ва дигар ҳуқуқу озодиҳои онҳо баҳри “мубориза” бо мухолифони сиёсӣ бори дигар гувохи он мебошад, ки пайвандони мо маҳбусони оддӣ нею, маҳз маҳбусони сиёсӣ мебошанд.

Дар телевизионҳои давлатӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мунтазам матлабу навор ва филмҳое паҳн мешаванд, ки дар онҳо наздикони моро, ба тариқи маҷбурӣ ба навор мегиранд. Дар ҳоле, ки намояндагони мақомоти қудратӣ хуб медонанд, ки мутобиқи талаботи моддаи 134 КҶ маҷбуркунӣ ин амал ҷиноят ҳисоб мешавад.

Аз ҳамин лиҳоз, бо дастрасии талаботҳои моддаи 141, 143 ва 144 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумо, ҳамчун кафили ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд, сардори мақомоте, ки назорат аз болои иҷрои якхелаи қонунҳоро дар тамоми Тоҷикистон бар зимма гирифтааст ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дархост ва талаб дорем, ки муроҷиати моро ҷиддӣ ба назар гирифта, нисбати ҳолатҳои дар поён овардашуда тафтишот оғоз карда, онро новобаста аз манфиатҳои сиёсӣ, қавмӣ ва ё шахсӣ беғараз тафтиш карда гунаҳгорон ба ҷавобгарӣ кашеда шавад.

Мисоли оддии гуфтаҳои мо ин аз тариқи дурбин баромади Нарзуллоев Ҷамшед, Раҳматуллоев Маҳмадалӣ, Ҳикматулло Сайфов ва дигарон дар филми “Хиёнат” мебошад. Гувоҳи одии маҷбурӣ сабт кардани ин ҳама нафарон дар филм ин маҷбурӣ буда, бо истифодаи таҳдид навор гирифта шудаанд, ки ҳолати руҳияшон исботи гуфтаҳои мост.

Мисоли дигар, ки мо мехостем шумо ба он диққат кунед ин баромади видеоии Фарзона Сайфуллозода духтари маҳбуси сиёсӣ Ҳикматулло Сайфуллозода аст. Дар баромади Фарзона баръало дида мешавад, ки у ихтиёри не, балки дар натиҷаи маҷбурӣ, фишору фиреб ва ё таҳдид мусоҳиба додааст. Ва эҳтимол меравад, ки пайвандони дигар маҳбусони сиёсӣ аз тарс ва таҳдиди мақомот, ки ҳеҷ куҷое ҳамрасонӣ нашуда ва ё инки нахостаанд расонаӣ шавад чигуна бошанд?!

Ба ғайр аз ин ба маълумоти ба мо расида аллакай мақомоти қудратӣ якчанд наздикони моро бо таҳдид, фишор ва фиреб маҷбур намудаанд, ки бар муқобили ҲНИТ ва роҳбарони он баромад кунанд. Ин амалҳо барои як давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ки меҳвари фаъолияташро ҚОНУН эълон кардааст, ноҷоиз аст.

Мубориза бо рақибони сиёсӣ бо истифодаи маҷбуркунӣ ва зуроварӣ нисбати пайвандони мо нуфузи Тоҷикистонро бе ин ҳам дар ҷаҳон паст хохад кард.

Ғайр аз ин мехостем диққати махсуси шуморо ба қазияи Асрориддин Розиқов писари маҳбуси сиёсӣ Зубайдуллоҳи Розиқ ҷалб намоем. Асрориддин аз тарафи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 25-уми июн барои иштирок дар маъракаи таблиғиву бадномкунии мухолифони хориҷ аз кишвар ба КДАМ бурда шуда, баъд аз чавоби рад додан ба ҳабс гирфта шудааст. То ҳол ягон нафар, на наздикон ва на вакилаш сабаби боздошти ӯро намедонад. Бо гузаштани 5 шабонарӯз ба Асрориддин иҷозаи тамос бо наздиконашро надодаанд. Падари ӯро бошад барои он, ки таклифи мақомотро дар барои ихтиёрӣ сабти видеоӣ бар зидди раҳбарони ҲНИТ карданро рад кард ба ШИЗО интиқол додаанд.

Ҳамаи гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки мақомоти қудратии Тоҷикистон баҳри ба даст овардани холи сиёсӣ даст ба қонуншиканиҳои ҷиддӣ ва мунтазам дар қаламрави Тоҷикистон мезананд. Ва агар, дар ҳақиқат дар ватанамон ҳама дар назди Қонун баробару адлу инсоф барқарор бошад, чӣ хеле, ки расонаҳои давлатӣ мегуянду менависанд, пас ба ин рафтор ва таҷрибаҳои фишор ба пайвандони маҳбусони сиёсӣ бояд хотима дод. Фишор овардан, таҳдид кардан, ҳабс ва қатли наздикони мухолифон ин нишонаи заифист.Таҷрибаи фишороварӣ ба наздикони мо, ки дар Ватананд ва инчунин суситифодаи онҳо дар муборизаҳои сиёсӣ бояд хотима дода шаванд.

Дар охир бори дигар ёдовар мешавем, ки мо, мурочиаткунандагон, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дорои тамоми кафолатҳои ҳуқуқии Сарқонун мебошем. Муроҷиати мо дар асоси талаботҳои моддаҳои моддаи 141, 143 ва 144 КМҶ ва инчунин тибқи талаботи моддаи 1 Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ” муроҷиати электронӣ ба ҳисоб рафта тибқи қонун ба он бояд ҷавоб нависед.

Пайвандони махбусони сиёсии Тоҷикистон:

Гулбарг Сайфова

Ҷамшед Ёров

Муҳаммадиқбол Ҳисайнов

Ҳисомиддин Розиқов

Фирӯзи Маҳмадалӣ

Мулоиди Мирзоолимзода

Шуҳрати Раҳматулло

Ҷаннатуллоҳи Комил

Ва дигарон…

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s