Гулбарг Сайфова: “Ҷон ва саломатии бародар ва писархолаҳоямро хатари марг таҳдид мекунад”

Гулбарг Сайфова, яке аз паноҳандагони сиёсӣ дар Лаҳистон (Полша) ва хоҳари Сайфов Ҳикматулло, дар ёддоште, бо ишора ба ин ки бародараш Сайфов Ҳикматулло ва ду писархолааш ба номҳои Ҷамшед Нарзуллоев ва Раҳматуллоев Маҳмадалӣ дар филми “Хиёнат” маҷбуран ва таҳти фишор бар зидди раиси ПМТ М.Кабирӣ ва ҲНИТ баёнот додаанд ва ин ки ҷон ва саломатии бародар ва писархолаҳояшро хатари марг таҳдид мекунад ва ҳар лаҳза мақомотҳои кудратӣ метавонанд онҳоро нобуд кунанд, аз ҳамаи созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва рӯзноманигорон дархост кардааст, ки ба ин мушкилот расидагӣ кунанд ва аз ҳукумати Тоҷикистон бахусус аз КДАМ талаб намоянд, ки аз ин гуна ҷиноятҳои муташаккил даст кашад ва ӯҳдадориҳои худро дар назди миллат ва ҷомеаи байналмилалӣ иҷро кунад ва шиканҷакунандагон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашонида шавад.

Ёддошти Гулбарг Сайфова ба нақл аз сафҳаи ӯ дар Фейбсук, ба шарҳи зерин аст:

Ман , Гулбарг Сайфова аз созмонҳои ҳуқуқи башар аз ҷумлаи СММ, САҲА, ИУ ва рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ талаб ва хоҳиш мекунам оиди шиканҷа ва фишоровариҳои мудоми хонаводаи мо аз ҷониби мақомотҳои кудратии Тоҷикистон чораҷуйи кунанд, чи тавре, ки огоҳӣ дорем, дар филми сохтаи мақомоти кудратии кишвар ба номи “Хиёнат”, ки аз ТВ давлатӣ намоиш дода шуд, бародарам Сайфов Ҳикматулло ва ду писархолаам Ҷамшед Нарзуллоев ва Раҳматуллоев Маҳмадалӣ дар филми мазкур зидди раиси ПМТ М.Кабирӣ ва ҲНИТ маҷбуран ва таҳти фишороварии КДАМ ҳарф мезанад. КДАМ ба ин иктифо накарда онҳоро анқариб ҳаррӯз маҷбур мекунанд, ки дар назди дурбини камера зидди ҲНИТ ва роҳбарияти он тӯҳмат кунанд.

Ман ва ҷамъе хешовандони ман бовар дорем, ки онҳоро шиканҷа карда дар филм маҷбуран рӯйи саҳна оварданд. Иловатан, ба самъи Шумоён мерасонам, ки пас аз соли 2015 хонаводаи ман ва хешу таборамон зери фишор ва шиканҷаи руҳиву ҷисмонӣ қарор дорад.

Пас аз намоиши филми «Хиёнат», ки пур аз тӯҳмату дурӯғ аст, ба ҷон ва саломатии бародарам Сайфов Ҳикматулло, писархолаҳоям Ҷамшед Нарзуллоев ва Раҳматуллоев Маҳмадалӣ хатари марг таҳдид мекунад ва ҳар лаҳза мақомотҳои кудратӣ метавонанд онҳоро нобуд кунанд.

Аз ин ҷиҳат аз Шумоён — ҳомиёни ҳукуқи инсон, талаб дорам расидагӣ ба ин мушкилот кунанд ва аз ҳукумати Тоҷикистон бахусус аз КДАМ талаб намоянд, ки аз ин гуна ҷиноятҳои муташаккил даст кашанд ва ӯҳдадориҳои худро дар назди миллат ва ҷомеаи байналмилалӣ иҷро кунанд ва болотар аз ин шиканҷакунандагон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашонида шавад.

Гулбарг Сайфова, хоҳари Сайфов Ҳикматулло

Варшава 2020-07-03

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: