Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), боздошти 13 нафар аз наздикон ва бастагони Ҷаннатуллоҳи Комил, фаъоли сиёсӣ ва масъули дафтари ҲНИТ дар Олмон аз тарафи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро шадидан маҳкум мекунад.
Ба гуфтаи Ҷаннатуллоҳи Комил, мақомот сабаби боздошт ва ба асорат гирифтани ин 13 танро шарҳ надода, талаб кардаанд, ки се марди узви ин хонавода бояд худро таслим намоянд. Сабаби ин дархости таслим ҳам маълум нест.
Гуфтанист, бештари асирон занон ва кӯдакон ҳастанд. Тибқи гуфтаи Ҷаннатуллоҳи Комил, мақомоти амниятии шаҳри Душанбе дар рӯзи 4 июн ҳамсари бародараш Шарипова Ҳуснигул ва духтари бародараш Комилова Фотимаро ҳамроҳ бо кӯдаки 3-солааш боздошт намуда ва танҳо бегоҳии ҳамон рӯз раҳо кардаанд. Вале аз онҳо дархост шудааст, ки барои боздошти се нафар ҳамкорӣ кунанд.
Аммо ду рӯз пеш (5 июн) мақомоти амниятии ноҳияи Данғара 5 нафар зану кӯдаки узви хонаводаро асир гирифта, бегоҳ раҳо намудаанд. Аммо дирӯз (6 июн) ҳамаи онҳоро дубора ба асорат гирифта, ба Кӯлоб бурдаанд. Рӯйхати асирон ба ин тартиб аст:
- Комилова Шодигул, 52 сола, хоҳарбузурги Ҷаннатуллоҳи Комил;
- Комилова Маъсума, 23 сола духтари бародараш;
- Марзия, 3 сола, духтари Маъсума;
- Мустафо, 2-моҳа, писари Маъсума;
- Шайхмуродова Бунафша, 25 сола, ҳамсари фарзанди бародараш;
- Атовуллоев Дилшод, писархоҳари Ҷ.Комил, 28 сола;
- Комилов Муҳаммад, 28 сола, писари бародараш;
- Комилов Шариф, 29 сола, писари бародараш;
- Тӯраев Ҳусайн, 23 сола, писархоҳараш;
Ҳамчунин ду рӯз пеш (5 июн) бегоҳ мақомоти амниятии ноҳияи Данғара бародари ӯ Комилов Зубайдуллоҳро боздошт ва ба шӯъбаи амнияти Данғара бурданд.
Бино бар охирин ахбор, дар ҳоли ҳозир 5 нафар аз аъзои ин хонавода дар боздошт ва бақия ҷавоб дода шудаанд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), зимни шадидан маҳкум кардани иқдоми Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар боздошти кӯдакон ва занони бегуноҳ, аз Омбудсмен ва низ созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башарӣ, дар дохил ва хориҷи кишвар, бахусус Кумитаи ҳуқуқи кӯдакон (CRC) дар СММ ва низ Афви байналмилал, дархост мекунад, ба ин иқдоми ғайриинсонии мақомоти Тоҷикистон таваҷҷӯҳ ба амал оварда, барои озодии боздоштшудаҳо ва низ дигар такрор нашудани инчунин иқдомҳо, чораҳои амалӣ биандешанд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)
Варшава, Лаҳистон (Поланд)
7 июли 2020
Добавить комментарий