Ман Комилов Ҷаннатуллоҳ, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо, Иттиҳодияи Аврупо, Созмони Авфи Байналмилал, Созмони Дидбони ҳуқуқи башар, Кумитаи Норвегиягии Хелсинки, Хонаи Озод ва дигар созмонҳои ҳуқуқи башар ва рӯзномнигорону ҷомеаи шаҳрвандӣ хоҳиш менамоям нисбати шиканҷа, таъқиб, озор ва фишорҳои равонию ҷисмонӣ дар нисбати хонаводаи ман бетараф набуда чораҷӯӣ намоянд.
Мақомоти мухталифи Тоҷикистон аз ҷумла кормандони Кумитаи Двлатии Амнияти Миллӣ (КДАМ) ҳам аз ноҳияи Дағара, шаҳри Кулоб ва шаҳри Душанбе ва низ кормандони Вазорати дохилӣ муддати як хафта пайдарпай аз таърихи 02.07.2020 то 08.07.2020 хешутабори ман, ки аз ҷумла:
— Шарипова Хуснигул, хамсари бародарам;
— Комилова Фотима, духтари бародарам;
— Абдулло тифли се солаи Комилова Фотима;
— Комилов Зубайдуллох, бародарам;
— Комилова Шодигул, хохарам;
— Комилова Маьсума, духтари бародарам;
— Ду тифли ширхори Комилова Маьсума;
— Шайхмуродова Бунафша, келини бародрам бо ду кудакаш;
Ва чандтои дигар аз наздикони манро ба идораҳои мазкур бурда, таҳти фишору тахкир ва тахдид қарор дода, талаб менамоянд, ки писаронашонро оварда ба дасти мақомот супоранд.
Ҳамчунин муддати як ҳафта мешавад, ки панҷ тан аз фарзандони бародару хоҳаронам бидуни ҳеҷ гуноҳе дар боздошт мебошанд ва тибқи қонунгузории Тоҷикистон бояд дар тули 72 соат Мақомоти кишвар ҷурми онхоро ошкор кунанд, агар ҷурме карда бошанд. Аммо дар ин муддати як хафта Мақомот дар бораи ҷурми онҳо ҳеч чизе нагуфтааст ва ҳеч як аз наздикони ман ба онҳо дидору мулоқот накардаанд. Онҳо ҳатто бо адвакат ҳам таъмин намебошанд. Ин ҳама маънои онро дорад, ки онҳоро бидуни ҳеҷ ҷурм, балки ҳамчун асир алайҳи мо истифода мебаранд. Он панҷ нафар иборанд аз:
— Комилов Муҳаммадшариф,
— Комилов Муҳаммадҷон,
— Атавуллоев Дилшод,
— Тураев Ҳусайн,
— Солиҳов Абдураҳмон.
Ин ҳама дар ҳоле, ки онхо аслан ба сиёсат коре надоранду ба зиндаги оди машгуланд. Ва хатто агар кадом ҷурме ҳам муртакиб шуда бошанд, бояд худи онҳо ба ҷумашон посух гуянд. Занону кӯдакони хонаводаи мо чӣ гуноҳ доранд, ки онҳоро хар раз бе ягон далил аз субҳ то шом таҳти фишори равониву ҷисмӣ қарор дода то ба дараҷае расондаанд, ки ҳозиранд даст ба ҳар амали хатарноки худкушӣ зананд.
Зимнан чунонеки қаблан дар чандин матлабу хабарҳо огоҳ карда будам, режими Тоҷикистон афроди хонаводаи маро шурӯъ аз соли 1992 таҳти фишорҳои шадиди равонӣ ва ҷисмӣ қарор дода истодаанд, аз ҷумла падару ду бародарам, ки якеш 3 сол умр дошт ва чанд наздикони дигарамро дар пеши чашмони дигар аҳли хонавода аз ҷумла худам ба таври ваҳшиёна куштанд. Ман соли 2015 ба хотири фаъолиятҳои сиёсиам таҳти фишори мақомоти Тоҷикистон қарор гирифтам ва ночор аз кишвар хориҷ шудам ва ба хотири амнияти ҷони худ ва ҳамсару фарзандонам аз кишвари Олмон дархости паноҳандагӣ кардам. Бо ин вуҷуд мақомоти Тоҷикистон аз фишор болои хонаводаи ман даст накашид ва Модарам ба хотири фаъолиятҳои сиёсии ман чандин сол таҳти фишори равонӣ қарор дошт ва билохира бар асари ҳамин фишорҳо мохи июли соли 2017 аз дунё гузашт.
Шумо худ тасаввур кунед як хонавода то чӣ ҳад метавонад ба ин қадар озору шиканҷаву фишори ҷисмиву равонӣ тоқат кунад.
Ман ба шумо муроҷиат намуда талаб ва хоҳиш менамоям, агар ҳанӯз дар дунё чизе ба номи ҳуқуқи башар ва озодии инсон вуҷуд дорад, ба доди хонаводаи мо бирасед. Ва мақомоти ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти фишор қарор диҳед то даст аз зулму таҷовуз ба ин хонаводаи мазлум бардоранд.
Ҷаннатуллоҳи Комил
Шаҳранди ҶТ, муқими Олмон
Добавить комментарий