Баёнияи КШНГЗС оиди эҳтимоли истирдоди Қадам Исматов ба Тоҷикистон

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни маҳкум кардани талоши ҳукумати Тоҷикистон барои истирдоди Қадам Исматов, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз Русия ба Тоҷикистон, аз тамоми созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар тақозо менамояд, ки нагузоранд ин фаъоли тоҷик ба Тоҷикистон истирдод шавад.

Қадам Исматов, ки дар ҳоли ҳозир шаҳрвандии Русияро дорад, дар рӯзи 20 июли соли ҷорӣ, дар гуфтугӯ бо АздаТВ, гуфтааст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар талош аст, то шаҳрвандии ӯ дар Русия лағв шавад ва сипас ӯро ба Тоҷикистон истирдод намоянд.

Ҳамчунин Шӯҳрат Қудратов, вакили дифоъи Қадам Исматов, дар гуфтугӯ ба ҳамин расона, зимни таъйиди эҳтимоли истирдоди зерҳимояаш ба Тоҷикистон, гуфтааст, ки “аз соли 2005 Исматов шаҳрванди Русия мебошад ва аз ҳамон сол аз шаҳрвандии Тоҷикистон даст кашидааст ва айни ҳол мақомоти Русия талош доранд, то бо тариқи суд шаҳрвандии ӯро бекор ва ба Тоҷикистон истирдодаш кунанд.” Ба гуфтаи ин вакили мудофеъ, “барои зерҳимояаш аз 24 ноябри соли 2016 аз тарафи РВКД Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда бо 6 моддаи қонуни ҷиноятии кишвар гунаҳкор эълон шудааст.” Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, ки “агар шаҳрвандии Исматов лағв шавад, ӯро дар Тоҷикистон 15-20 соли зиндон ва ҳатто марг интизор аст.”

Лозим ба зикр аст, ки чанд ҳафта пеш, Ҳафиз Бобоёров, донишманди тоҷики муқими Олмон низ дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук, бо баёни ин ки ҳукумати Тоҷикистон набояд ба наздикони ӯ фишор оваранд, ин иқдоми ҳукуматро маҳкум карда буд.

Бинобар ин, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) аз тамоми созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар бахусус Авфи Байналмилал (Amnesty International) ва корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, Саридораи Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон (UNHCR) ва низ Парлумони Аврупо, тақозо менамояд, ки бо дахолат дар ин масъала, нагузоранд Қадам Исматов ба Тоҷикистон истирдод шавад.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

22 июли 2020

Варшава, Поланд

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: