Баёнияи КШНГЗС оиди боздошти Ҷалолиддини Маҳмуд

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон зимни маҳкум кардани боздошти узви собиқи Раёсати Олии ҲНИТ, узви пешини Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ва узви Комиссияи муштараки назорат бар созишномаи оташбас миёни давлат ва мухолифон, Ҷалоддини Маҳмуд, аз мақомоти кишвар тақозо мекунад фавран ӯро озод кунанд.

Гуфтанист, Ҷалодиддини Маҳмуд, ки як сол пеш аз зиндон озод шуда буд, дирӯз (4 август) дубора боздошт ва ба макони номаълуме бурда шуд. Тибқи гуфтаи наздиконаш, ӯро боздошт карда, сипас китобҳояшро ҳам бурдаанд. Наздиконаш ҳанӯз ҳеч хабаре аз маҳалли ӯ надоранд.

Ба гуфтаи наздиконаш, маъмурон дар либоси мулкӣ буданд ва маълум нест ба кадом ниҳод таъаллуқ доранд.

Ҷалолиддини Маҳмуд дар аввали соли 2015 бо итиҳоми нигоҳдории силоҳ боздошт шуда буд ва моҳи апрели соли 2019 тибқи қонуни афв ба озодӣ баромад.

Лозим ба зикр аст, ки як ҳафта аст, ки мавҷи дигаре аз боздошти гурӯҳӣ дар Тоҷикистон оғоз шудааст ва бастагони теъдоде аз онҳо КШНГЗС-ро аз ин дастгириҳо мутталеъ карданд. Аз ҷумла 6 рӯз пеш узви собиқи Раёсати Олии ҲНИТ Исломуддин Файзалӣ боздошт шуда буд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) аз ҳамаи созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башарӣ дархост мекунад, бетафовут набошанд ва нагузоранд баъзе аз ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон шаҳрвандони кишварро боздошт карда бе ҳеч далели малмус ва исботшудае ба зиндон андозанд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон

Варшвава, Поланд

5 августи соли 2020

Дар акс Ҷалоддини Маҳмуд, узви собиқи Раёсати Олии ҲНИТ, узви пешини Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ва узви Комиссияи муштараки назорат бар созишномаи оташбас миёни давлат ва мухолифон. Акс аз Радиои Озодӣ.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: