Баёнияи КШНГЗС оиди вазъияти бародари Шоҳнаим Карим дар зиндон

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни изҳори нигаронӣ аз вазъияти бисёр вахими Муслим Кузов (бародари Шоҳнаим Карим) дар зиндон, аз тамоми созмонҳои ҳуқуқи башари дохилӣ ва хориҷӣ даъват ба амал меоварад, то бо дахолат дар ин мавзӯъ, ҳукумати Тоҷикистонро водор ба риояти ҳуқуқи башар ва худдорӣ аз озору шиканҷаи зиндониён намоянд.

Бино бар ахбор ва гузоришҳои расида, мақомоти амниятии Тоҷикистон Муслим Кузовро ба ҳадде мавриди озору шиканҷаи ҷисмонӣ қарор додаанд, ки қисми чапи бадани ӯ фалаҷ ва аз кор монда, биноияш низ сахт заъиф шудааст.

Муслим Кузов беш аз ним сол қабл бидуни эълони иттиҳом боздошт ва сипас бе эълони ягон айби малмус бе ҳузури вакили дифоъ, муҳокима шуда буд. Додгоҳ ӯро ба 18 соли зиндон маҳкум кард. Ӯ дар ҳоли ҳозир, дар зиндони рақами 4, маъруф ба “1-ум Советский” нигаҳдорӣ мешавад ва иҷозаи тамос бо наздиконашро надорад.

Бар асоси гуфтаи наздиконаш, аз ӯ хостаанд, алайҳи бародараш Шоҳнаими Карим (Мирзораҳим Кузов) — муовини раиси ҲНИТ ва узви Шӯрои Олии Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), ки дар ҳоли ҳозир дар Аврупо ба унвони паноҳандаи сиёсӣ ба сар мебарад, изҳорот бидиҳад.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ин иқдоми ғайриинсонии мақомоти амниятии Тоҷикистонро шадидан маҳкум карда, аз тамоми созмонҳои ҳуқуқи башари дохилӣ ва хориҷӣ даъват ба амал меоварад, то бо дахолат дар ин мавзӯъ, ҳукумати Тоҷикистонро водор ба риояти ҳуқуқи башар ва худдорӣ аз озору шиканҷаи зиндониён намоянд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

27 августи 2020

Варшава, Поланд

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: