Баёнияи КШНГЗС оид ба нопадид шудани Шобудин Бадалов

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни маҳкум кардани бархӯрди ғайриқонунии мақомоти интизомии Русия бо як фаъоли сиёсии тоҷик, Шобудин Бадалов, аз бедарак шудани вай изҳори нигаронӣ мекунад.

Шобудин Бадалов, яке аз фаъолони сиёсии тоҷик аст, ки чанд соли ахир дар қаламрави Русия зиндагӣ мекунад ва тайи ду соли ахир бо чеҳраи кушодаи худ, расман аз сиёсатҳои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба муҳоҷират ва муносибат бо шаҳрвандони кишвар дар Тоҷикистон, интиқод менамуд.

Шобудин Бадалов пеш аз ин барои иштирок намудан дар як пикет алайҳи бархе аз сиёсатҳои Эмомалӣ Раҳмон дар қиболи муҳоҷирон ва мухолифони сиёсиаш дар Маскав ба муддати 15 рӯз ба ҳабси маъмурӣ дар Русия маҳкум шуда буд, аммо пас аз он озод шуд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон фаъолияти тамоми фаъолони сиёсӣ ва иҷтимоъии тоҷикро, ки дар доираи қонун амал мекунанд таҳсин ва дар баробари он, бархӯрдҳои ғайриқонунӣ ва ғайриахлоқии мақомоти Тоҷикистонро, ки алайҳи шаҳрвандон анҷом медиҳад, аз ҷумла рабудан ва бо ҳар васила нопадид кардани фаъолони сиёсии Тоҷикистонро, ки намунаи охири он ҷаноби Шобудин Бадалов аст, маҳкум мекунад.

Бинобар ин, КШНГЗС аз тамоми ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистон даъват мекунад, ки дар якчунин қазияҳои ғайриқонунӣ бетараф набошанд ва барои аз байн бурдани ин падидаҳои шуму номуборак садо баланд кунанд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон,

Варшава, Лаҳистон

09.09.2020

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: