Ба қалами Мавҷуда Соҳибназарова, муовини раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон даъват ба саффи артиш дар як сол ду бор сурат мегирад ва дар ҳар бор “облава”-и ҷавонон шурӯъ мешавад ва мақомот ҳар киро ба дасташон афтод мегиранд ва ба “хидмати ҳарбӣ” мефиристанд. Албатта, фирори онҳо на ба хотири ин аст, ки аз хидмат ба ватани худ рӯйгардон бошанд. На, балки ба хотири шароити бисёр сахт ва тоқатфарсое аст, ки як сарбоз дар артиши Тоҷикистон бо онҳо рӯ ба рӯст.

Ҳарчанд ҳукуматдорон инкор мекунанд, ки “облава”-и маҷбурӣ ҷой надорад, аммо барои ҳеч шаҳрванди тоҷикистонӣ пӯшида нест, ки мақомот ҷавононро аз кӯча, бозору дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо зурӣ ба мошинҳои сиёҳшиша бор карда мебаранд. Ин яке аз намудҳои маъруфи “одамрабоӣ” дар Тоҷикистон аст. Падару модарон ҳафтаҳо ва моҳҳо намедонанд, ки фарзандашон куҷост, то он ки фарзандашон аз қисми ҳарбӣ худаш занг назанад ё нома нанависад.
“Облава” дар Тоҷикистон ба дараҷае аст, ки на танҳо ҷавонон аз дасташ дар амонанд, балки гоҳе пиронсолон ҳам ба он гирифтор мешаванд. Соли гузашта (2019) сокини 62-солаи шаҳри Вахдат ба дасти “одамрабоён” афтад. Дар бораи одамони мариз ва маъюб хоҷати гап ҳам нест. Мисоли равшан сокини ноҳияи Хисор Шахром Абдуллоеви бемории “ваҳмак” (эпелепсия) мебошад.
Як ҳолати дигар, ки 13 апрели соли 2020 соатҳои тахминан 15:30 рух дод, ҷомеаи шаҳрвандии тоҷикро такон дод. Дар ин рӯз мардум бетараф наистоданду аз дасти “одамрабоён” ҷавонеро дар шаҳри Душанбе наҷот доданд. Ин ҷавонро маҷбурӣ чанд нафар бо либоси мулкӣ кашола карда, ба тарафи мошин мебурданд, аммо мардум намегузоштанд, ки ҷавонро бубаранд. Маълум шуд, ки ин ҷавон корманди дорухонаи “Қарияи Боло” буда дасташ маъюб будааст ва аз хидмати ҳарбӣ озод мебошад.
Охири соли 2019 Азим Иброҳим, муовини нахуствазири кишвар, фаъолияти комиссариятҳои ҳарбиро ғайриқаноатбахш эълон намуд ва аз он ёдовар шуд, ки 34 корманди комиссарияти ҳарбӣ танбеҳ шуниданд ва чанд нафар аз кор ронда шуданд. Ин мансабдори баланпояи кишвар гуфт, ки барои пешгирӣ кардани “облава” дар кишвар чораҷӯӣ мекунанд ва “облава” аз байн рафта истодааст.
Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки дар як суханронияш бахшида ба артиши миллии кишвар гуфта буд, ки “дар назди қонун ҳама баробаранд ва ҳама табақаҳои ҷомеа бояд ба волоияти қонун арҷ гузоранд” ва фарзандони мансабдорон низ бояд дар канори фарзандони шаҳрвандон оддӣ дар артиш хидмат кунанд, аммо писари худаш ҳатто як соат дар артиш хидмат накарда, ва тоза унвони генералӣ ҳам гирифтааст. На ҳеч як аз ду писараш, на ягон набера ва писарони авлодаш дар артиш хидмат накардаанд.
Ҳамон тавр ки ишора шуд, далели тарси ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ ин аст, ки дар артиш ба онҳо ҳамчун ғулом муносибат мешавад. Истифодаи сарбозон дар кори шахсии мақомот ба унвони қувваи кории бепул, як равиши роиҷ дар Тоҷикистон мебошад.
Як сарбоз ва маҳбуси собиқ, ки ба далелҳои амнияти наметавонем исми ӯро дар ин ҷо зикр кунем, нақл кард: “Мо наваскаронро дар як утоқи махсус нимаурён қатор мекарданд ва “дедҳо” аз пушти сарамон омада мезаданд ва ҳар гуна амалҳои дигарро иҷро намуда, моро масхара мекарданд ва “командир” аз он тарафи панҷара тамошо карда механдид. Баъдан чанде аз ин ҷавонҳо тоб наовардану озордиҳандагони худро мавриди лату кӯб қарор доданд. Ба ҷойи ҳақро ба хақдор расонидан ва гунаҳкоронро ҷазо додан, баръакс ин наваскаронро ба курсии айбдорӣ шинонданд ва барои чанд сол равонаи зиндон карданд.”
Солҳои охир беш аз 60 ҳодисаи фишор, шиканҷа, ки 12-тояш ба куштор анҷомидааст ба қайд гирифта шудаанд. Наваскарони фавтидаро мариз қайд карданд. Ингуна ҳодисаҳо зиёданд.
Омили дигари аз хидмат саркашӣ кардани ҷавонон чуноне, ки дар боло ишора кардем, вазъи бади иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар артиш аст. Алъон артиши Тоҷикистон шояд қашшоқтарин артиш бошад. Дар дигар кишварҳо агар барои нигоҳ доштани артиш маблағҳои бузург сарф кунанд, дар Тоҷикистон баръакс ин маблағро медузданд. Ягон қисми ҳарбии Тоҷикистон ғизои хубу солимро ба сарбозон намедиҳад, сарбози тоҷик нони сериро намебинад, пӯшоки дуруст надоранд.
Чанд сол пеш, чанд нафар сарбози тоҷикро дар ноҳияи Панҷ аз он тарафи марзи Афғонистон дуздида бурданд ва дар воситаҳои ахбори омад. Дар ин бора сару садое ҳам шуда буд, ки ин сарбозонро сардори қисми ҳарбӣ барои ҷамъоварии ҳезум ба ҷангали он тарафи марз фиристода буд.
Моҳи июни соли равон ду сарбози як қисми ҳарбиро яъне Шарифхон Назаров ва Меҳроҷ Саидовро барои говдӯздӣ якеро шаш моҳ ва дигариро панҷ сол равонаи зиндон намуданд. Ин ду сарбоз 18 сар говро аз ноҳияи Ховалинг дуздида дар бозори Восеъ фурӯхтаанд ва пулро ба командирон додаанд. Хешу табори ин ду сарбоз низ иттиҳоми дуздиро рад мекунанд ва бар он боваранд, ки фишор ва тамаъҷӯии командирон онҳоро ба ин амал водор сохта.
Моҳи декабри соли 2019 як офитсери кисми сарҳадӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуд, ки як сарбозро ба худкушӣ расонда буд. Ин нафар Ҳусниддин Раҳимов аст, ки як ҳамхидматиаш ба ӯ 1000 сомонӣ дода аз вай дархост намудааст, ки бо ин пул аз бозори Темурмалик ду гӯсфанд харида биёранд. Дигар сарбозон ба командир занг зада вазъро фаҳмондаанд. Командир сарбозонро таҳдид ва дашному ҳакорат кардааст. Ҳусниддин Раҳимов аз тарси ҷазо гирифтан, аз бозори шаҳри Кӯлоб сирко гирифта онро нӯшидааст. Хушбахтона духтурон тавонистанд Ҳусниддинро сари вақт наҷот диҳанд.
Ва дар ин замина як хабари хеле нигароникунада ҳам дар ВАО паҳн шуд, ки модари яке аз он сарбозони маҳкумшуда, ки барои дидорбинии фарзандаш ба маҳбас мерафт, ба дидори фарзандаш нарасида дар роҳ ҷон дод. Ин модар пайваста ба бегуноҳии фарзандаш ишора мекард ва аз мақомот мехост, ки ҳақро ба ҳақдор расонанд. Дили нозуки модар ин ҳама ноадолатиро бардошта натавонист ва ҷон дод.
Дар Тоҷикистон дар ҳар мавсими даъват, ҳудуди 15-16 ҳазор ҷавонон ба артиш даъват карда мешаванд. Хидмати аскарӣ дар Тоҷикистон ду сол аст. Имсол ба парлумони кишвар пешниҳод шудааст, ки қонуни хидмат дар артиши миллӣ бознигарӣ шуда, хидмат то 1,5 сол поён оварда шавад. Соҳибназарон бар онанд, ки хидмат дар Тоҷикистон 1 сола ё аз он камтар шавад ҳам, мушкил ҳамоно боқӣ мемонад, чунки мушкил дар соли хидмат не, мушкил ҳатто дар қашшоқу гадо будани артиш не, мушкил дар фишору зӯрӣ болои наваскарон, хушунат, таҳдид ва маргу куштор дар артиш аст.
То ҳанӯз норӯшаниҳои зиёде дар қатли Акмал Давлатов, Зуҳурҷон Юлдошев, Носир Мақсудов, ки дар қисмҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллӣ хидмат мекарданд, зиёданд. То ҳанӯз қазияи Шаҳбол Мирзоев, ки ба дифоъи Ватан рафту аз он ҷо маъюб ва аз пойи равон маҳрум шуд ҳалли худро наёфтааст. То ҳол ин ватан ба ин ҷавонписар, ки вақти ба артиш рафтан 22 сол дошт кореро анҷом надодаст. Падару модаре, ки бо ҳазорон орзуву ҳавас писа калон намуданд, охирин дороии хешро фурухтаву сарфи табобати писар карданд. То ҳанӯз падар дар муҳоҷират аст, ки маблағе пайдо кунаду писарашро ба ҳаёт баргардонад. Ҳукумат бошад дар ин самт коре накардаву “одамрабоӣ”-ро идома медиҳад.
Добавить комментарий