Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) муносибати ноодилона ва ғайриинсонии масъулони зиндони 3\4 Вазорати адлия дар Душанбе бо маҳкумшуда Анорбой Сафаров, як узви собиқи ҲНИТ-ро ба шиддат маҳкум мекунад.
Анорбой Сафаров дар соли 2014 бо тӯҳматҳои сохта бо моддаҳои 195 қисми 2 ва 307 иловаи 3 қисми 2 инчунин бо моддаи ҷиноии 189 қисми 1 ба муҳлати 7 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Барои мардуми шарифи кишвар кайҳо маълум аст, ки ин моддаҳо дар Тоҷикистон маҳз ба хотири дидгоҳ ва мавзеъгириҳои сиёсӣ нисбати дигарандешон татбиқ карда мешавад.
Анорбой Сафаров, ки феълан дар зиндони 3\4 низомаш пурзӯр(усиленний)-и шаҳри Душанбе дар як ҳолати хеле сангини ҷисмониву равонӣ қарор дорад ва мубталои чанд беморист: диабети қанд, фишори баланди хун, бемории дил ӯро ранҷу азоб медиҳад. Феълан дар қисми тиббии ин зиндон бистарист, вале дар ҳолати бе таваҷҷӯҳӣ ва рӯ ба раҳми Худост. Ӯро на ташхис мекунанд ва на муолиҷа. Дар як вазъияти вахим қарор дорад. Афзун бар ин, то он ҷое иттиллоъ дорем, ӯро пайваста таҳти фишори равониву озори ҷисмонӣ қарор медиҳанд.
КШНГЗС ба унвони як созмони мудофеи ҳуқуқи зиндониён ва гаравгонҳои сиёсӣ, аз мақомоти Вазорати адлия ва бахусус зиндони 3/4, Додситонии кулли Тоҷикистон, Омбудсмени тоҷик қотеъона талаб менамояд, ки аз таҳқиру азияти Анорбой Сафаров даст бардошта ва ҳарчи зудтар ба дармони ӯ шурӯъ ва иҷозат диҳанд барояш доруворӣ расонида шавад ва дар муносибат бо ӯ ҳуқуқҳояш бидуни чуну чаро рияот шаванд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) аз созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башари дохилӣ ва хориҷӣ даъват ба амал меоварад, то бо дахолат дар ин мавзӯъ, ҳукумати Тоҷикистонро водор ба риояти ҳуқуқи башар ва худдорӣ аз озору шиканҷаи зиндониён намоянд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)
11 сентябри 2020
Варшава, Лаҳистон
Добавить комментарий