“Мактаби душвортарбияҳо” ё зиндони кӯдакон дар Тоҷикистон?

Ба қалами Мавҷуда Соҳибназарова, муовини раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон

Дада, чизе нанависед, ё дар ягон ҷо нагӯед, ки маро дар ин ҷо ғам медиҳанд ва намемонанд, ки хона равам…” Ин як гуфтугӯи телефонии як навраси 15-сола Муҳаммадҷон аз Тоҷикистон аст, ки бо падари паноҷӯяш анҷом дода. Муҳаммадҷон беш аз 8 моҳ аст, ки дур аз оғӯши гарми падару модар ва навозишҳои пурмеҳри бобову бибӣ, дар мактаби махсуси шаҳри Душанбе ба сар мебарад. Мактабе, ки барои бачагони душвортарбия сохта шудааст. Мактабе, ки наврасон баъди содир кардани дуздӣ, одамкушӣ ва ҷиноятҳои дигар то ба синни балоғат расидан, дар онҷо ҷой дода мешаванд. Яъне, маҳбаси наврасон барои адо ва ислоҳ шудан ин мактаб аст.

Ба қалами Мавҷуда Соҳибназарова, муовини раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон.

Мо дар ин мақола, мехоҳем дар бораи Муҳаммадҷон ва аз ин ки чӣ гуна ба ин мактаб афтод қисса кунем. Чӣ гуноҳе аз ҷониби ин навраси тоҷик сар зад, ки ӯро ба ин мактаб ҷо намуданд ва даричаи озодиро ба рӯяш бастанд?

Муҳаммадҷон писари яке аз мухолифини тоҷик, Мухаммадзариф аст, ки дар Урупо ба унвони паноҳандаи сиёсӣ ба сар мебарад. Чанд сол пеш ин писарбача дар яке аз мадрасаҳои динии шаҳри Даккаи ҷумҳурии Бангладеш – мадрасае, ки ҳофизи Қуръон тарбият мекунад, таҳсил медид. Дар мадрасҳои ин кишвар дар канори таълимоти динӣ илмҳои дунявӣ низ омӯзонда мешаванд.

Мӯҳлати шиносномаи Муҳаммадҷон ба охир расиду барои тамдиди он бояд ба Тоҷикистон бармегашт. Бо ин ният, ба Дубай омад, то аз он ҷо ба Тоҷикистон баргардад.

Модараш нақл мекунад, ки рӯзҳои аввали баргардонидани писараш ба Тоҷикистон, дӯзахи воқеиро ин писарбачаи он замон 13-сола дид. Ҳар рӯз ба идораи РКҶВКД-и шаҳри Душанбе ва амният даъваташон мекарданд. То нисфи шаб аз Муҳҳамадҷон суол мекарданд, бар ӯ фишор меоварданд, талаб мекарданд, ки он ҳарфҳоеро, ки онҳо қаблан омода намудаанд, дар муроҷиати видеоӣ такрор намояд. Ин ба ҳолати равонии кӯдак таъсир мерасонд. Мегуфт, ки “Оча, сарам дард мекунад, наметавонам гапҳои онҳоро дар хотирам гирам”. Чун наметавонист бештар хомӯш меистод. Чунин ҳол чанд моҳ давом кард.

Модараш меафзояд, дар ин муддат ман хостам, ки Муҳаммадҷонро ба мактаб диҳам. Ба чанд мактаб рафтам, қабул накарданд, ҳуҷҷат надорад, гуфтанд. Дар шӯъбаи маорифи ноҳия ҳам бароям ҷавоби рад доданд. Дар ин байн кормандони РКҶВКД ва амният гаштаву баргашта ба ман таъкид мекарданд, ки Муҳаммадҷонро ба ягон мактаб надеҳ, мо худамон ин писарчаро дар мактаби президентӣ ҷо мекунем. Як солу чанд моҳ мунтазир шудам. Дар ин байн муаллими хонагӣ ҳам гирифтам, ки писарам забони модариро, ки қариб фаромӯш карда буд аз худ кунад, дар ин зимн, барномаи мактабиро низ. Муҳаммадҷон низ ташнаи таҳсил буд ва ҳар субҳ вақте акояш дарс мерафт, ӯ гиря мекард, ки ман ҳам мехоҳам мактаб равам.

Модар идома медиҳад, рӯзе аз идораи амният бароям занг зада гуфтанд, ки писаратро гирифта биё, барояш мактаб пайдо намудем. Мо ҳам хурсанд шуда рафтем. Аммо… Муҳаммадҷон гиря мекард, ки ман ба ин мактаб намеравам ҳоли мани модари зор аз ӯ бадтар буд. Дар даст ҳалномаи судӣ намедонистам чӣ кор кунам, гӯё ин кор бо ризоияти ман сурат гирифта.

Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди ноҳияи Рӯдакӣ. 16.04.2020.

  1. Ба шумо нусхаи таъиноти судии судяи ноҳияи Рӯдакӣ аз санаи 03 апрели соли 2020 бо пешниҳоди Комиссияи маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар бораи ба мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ ҷойгир кардани ноболиғ Саидов Муҳаммадҷон Муҳммадзарифович барои иҷроиш иросол менамояд.

Судя Ниёззода С.Ҷ.

  1. Ноболиғ Саидов Муҳаммадҷон дар мактаби махсуси шаҳри Душанбе ҷойгир карда шавад.
  2. Аз директори мактаби махсус шаҳри Душанбе хоҳиш карда мешавад, ки барои ҷойгир ва ба таҳсил фаро гирифтани ноболиғ Саидов мусоидат намоед. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи сармутахасис оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ Саидмуродзода С.А гузошта шавад.

Раиси комиссияи маҳалли оид ба ҳуқуқи кудаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти ноҳияи Рӯдакӣ Ф.Камолзода.

Сармутахассис оид ба ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии нохияи Рӯдакӣ. С. Саидмуродзода

Соли 2015 парлумони Тоҷикистон қонун оид ба “Ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон”-ро ба тасвиб расонд. Ин нахустин қонуне буд, ки тӯли 25 соли истиқлоли Тоҷикистон махсус барои ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, ки 35 фисади аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд қабул шуд. Ҳарчанд 35 фисади аҳолии Тоҷикистонро кӯдакони то синни 14-сола ташкил медиҳанд, ҳеч қонуне барои ҳимояи онҳо дар Тоҷикистон пиёда нагардидааст. Ҷуз он ки чун мероси шӯравӣ 1 июнро чун рӯзи кӯдак барои номаш ҷашн мегиранд. Дигар рӯзу моҳу сол касе аз кӯдаки тоҷик ёд намекунад, ҷуз ду-се созмон, ки барои гирифтани грантҳо дар ин самт кор мекунанд. Ин аст, ки ҳуқуқи кӯдак аз рӯзи ба дунё омаданаш поймол шуда, (ҳатто мавридҳое буданд, ки дар зоишгоҳ модару кудакро асир мегиранд, то пули хидмати духтуронро пардозанд) то ба боғчаву мактаб мерасад. Кӯдакон дар ҳар қадам мавриди хушунат қарор мегиранд, аммо касе ҳарфе намезанад.

Ва чун қонуни мазкурро варақ мезанем, дар бораи шиканҷа ва адолати судӣ нисбат ба кӯдакон дар он ишорае нест. Дақиқан ба далели он, ки дар қонун дар бораи ин ишорае нашудааст, кормандони сохторҳои қудратӣ писарчаро ҳар рӯз ба идораашон даъват мекардаанду бе ҳузури равоншинос соатҳо фишор меовардаанд, ки ҳарфҳои онҳоро тутивор дар назди дурбин такрор кунад.

Ин кӯдаки бегуноҳ, ки ҳанӯз ба ғайр аз оғӯши гарми модар дар Ватан чизи дигареро интизор надошт, дар ин умри кӯтоҳи худ дар ҳар қадам таҳқиру азият мешуд барои он ки падараш дигар кишварро барои таълими динӣ гирифтан барояш ихтиёр кард. Ва чун ҳукумати Тоҷикистон дар симои ҳар як нафари дар хориҷ таълими динӣ гирифта, террорист ва экстремистро мебинад, барои баргардонидани донишчӯён ва толибилмон як қатор барномаҳоеро роҳандозӣ кардааст ва замоне ки ҷавонон бармегарданд, аксарашонро тақдири Муҳаммадҷон интизор аст.

Муҳаммадҷонро ҳам, ки дигар ҳамсолонаш дар оламӣ кӯдакӣ сайр доранд, мақомдорони тоҷик террористу экстремист муаррифӣ намуданд. Агар гуноҳи аввали ин кӯдак пеши мақомот таҳсил дар мадрасаи динӣ бошад, гуноҳи дигараш писари “хоини миллат” буданаш аст.

Модараш мегӯяд: “Гуфтамшон, куҷо мебаред, кӯдакама? Қатияшон ҷанҷол кардам, ҳамон кормандони амният ва УБОБ, ки кӯдака бурдан, гуфтанд, ки падараш хоини миллат аст, ту чӣ гапи зиёдати мезанӣ! Телефон мекардам, гӯширо намебардоштанд.”

Воқеан, дар дигар кишвар ҳоба ҷинояткори хатарноктарин ҳам, чунин муносибатро раво намебинанд, чуноне ки дар Тоҷикистон ба як навраси бегуноҳ раво диданд. Ин кӯдак дар бораи мухолиф ё ҳукуматӣ будан ҳам тасаввуроте надорад. Дар ин синну сол ӯ низ чун дигар ҳамсолонаш орзуи дар оилаи солим ва дар оғӯши падару модар бузург шуданро дорад. Орзу дорад, ки дар яке аз мактабҳои хуб таҳсил кунад, илмҳои динӣ ва дунявироо аз худ кунад.

Дар 16 июли соли равон дар конфронси матбуотӣ аз Омбудсмен суол шуд, ки он кӯдаконе, ки аз Сурия ва дигар кишварҳои арабӣ ба Ватан баргардонида шудаанд, тақдирашон чӣ мешавад ва имрӯз зиёд нафарони хостгори ба фарзандӣ гирифтани ин тифлакон ҳастанд, то бо меҳру муҳаббат онҳоро бузург кунанд. Омбудсмен дар посух иброз дошт, ки воқеан ҳам созмонҳои зиёде дар Тоҷикистон талош доранд, ки ин тифлакон, на дар хона интернатҳо, балки дар оила бузург шаванд ва ӯ ҳам тарафдори ин пешниҳод аст.

Пас, аз ин боз ҳам суол бармеояд, чаро Муҳаммадҷонро, ки ҳам худ ва ҳам модараш талош доранд, ки ба оғӯши оила баргардад, намегузоранд, ки ин орзуи худро амалӣ кунанд?

Ин кӯдак ҷурме накардааст, ягона ҷурмаш ин аст, ки ҳофизи Куръон аст, аз дин хуб бохабар аст ва падараш ҳам мухолифи режими Раҳмон ҳаст. Аҷаб гуноҳе… Барои ҷинояткори ашаддӣ ҳам дар додгоҳ иҷоза медиҳанд, ки аз худаш дифоъ кунад. Ба Муҳаммадҷон ва модараш касе ин ҳақро надод.

Додгоҳ бидуни иштироки онҳо ҳукм содир намуду ҳалномаи судиро ба дасти модараш дод ва Муҳаммадҷонро бо фиреб ба мактаби махсус гузаронд. Аҷибаш ин ки дар ҳалнома навиштанд, ин кор бо ризоияти модараш сурат гирифт.

Порае аз ҳалномаи судӣ:

“Модари ноболиғ Саидова Дилхо Зайдуллоевна иброз дошт, ки фарзандаш Саидов Муҳаммадҷон Муҳамадзарифовичро падараш Саидов З.О ба давлати хориҷа бурдааст ва моҳи марти соли 2019 фарзандамро давлати Тоҷикистон аз шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ба Ватан баргардониданд. Модар аз комиссия чунин хоҳиш кард, ки барои таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандаш Саидов М.М ба ман кӯмак намоед, зеро дар ягон муассиса ба таълиму тарбия фаро гирифта нашудааст, ки ба тарбияи минбаъдаи ӯ таъсири манфӣ мерасонад.”

Дар тамоми ҳуҷҷатҳое, ки оид ба баргардонидани Муҳаммадҷон дар онҳо сухан меравад, қайд шудааст, ки ӯ моҳи марти соли 2019 ба ватан баргардонида шудааст. Аммо суол ин аст, чаро тӯли қариб як сол Муҳаммадҷон ба таҳсил фаро гирифта нашуд ва чаро вақте ки мактабҳои ноҳия ӯро ба таҳсил фаро нагирифтану нисбаташ хушунат нишон доданд, додгоҳи олӣ, омбудсмени кӯдак ва дигар созмонҳо аз ҳуқуқаш дифоъ накарданд?

Модари Муҳаммадҷон мегӯяд: “Маро фиреб намуда писарамро ба ин мактаб оварданд. Ҳатто дар Вазорати маориф ҳам ҳамин гапро, гуфтам. Ду моҳ кашондан. Баъд тайёраш кард, як занаки судя. Мақомот худаш имзои Вазорати маорифа гирифта, фарзанди маро ба ин мактаб бурд. Ман модар ҳастам, ба писарам таъсир расонда метавонам, ӯ ҳам мӯҳтоҷи навозиш, насиҳату ғамхории ман аст, аммо иҷозат намедиҳанд, ки ман писарамро дар муҳити оилавӣ ба воя расонам. Ӯ ҳанӯз хеле хурд аст, ба ман эҳтиёҷ дорад, фишору таҳдид ба ҷисмаш ҳам кора карда, аз солаш хеле хурдтар метобад. Ҳар боре, ки ман ё бобояш наздаш меравем, суол мекунад, ки очаҷон, маро кай ҷавоб медиҳанд? Маро аз ин ҷо баред, як писар ба ман гуфт, ки ту се соли дигар ин ҷо мемонӣ. Ман инҷоро намехоҳам, ман хона мехоҳам.

Модар меафзояд: “Бо чанд муаллимааш ҳам сӯҳбат доштам. Мегӯянд, ки писаратон фақат зиқ аст, бо касе ҳарф намезанад. Назди директор даромадам, хостам барои чанд рӯзе хонааш барам. Гуфтанд, ки иҷоза нест, ҳалномаи судиро биёр, иҷоза медиҳем, писаратон пештар суд нашудааст, метавонем, ки ҷавобаш диҳем, фақат аз додгоҳ қоғаз биёред. Ин ваъдаҳоенанд, ки мақомот ва мактаб бароям медиҳанд ва бо чормағзи пуч доманамро пур мекунанд Рӯзам байни суд ва мактаб мегузарад. Бемораму дигар дар поям мадор намонда. Субҳ баланд мешаваму аз ин сохтор ба сохтори дигар меравам. Занг мезанам, ба онҳое, ки писарамро дар ин мактаб ҷо карданд. Мегӯянд, ки писарат аз дигар давлат овардем, бояд дар ин мактаб бимонанд. Охир писарам чӣ гуноҳ дорад?

Муҳаммадзариф Саидов, падари Муҳаммадҷон. Муҳаммадзариф Саидов фаъоли сиёсии тоҷик ва узви Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аст, ки тайи чор соли ахир ҳамчун паноҳҷӯи сиёсӣ дар кишварҳои аврупоӣ ба сар мебарад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳисоботи солонаи худ ба СММ дар бораи иҷро намудани ӯҳдадориҳояш гузориш медиҳад, аммо дар гузориш воқеият дигар чиз ҳасту ҳукумат имрӯз барои саркӯб кардани мухолифон ва таҳти фишор қарор додани мардум, аз бадтарин амалҳо, ки поймол намудани ҳуқуқи кӯдак яке аз онҳо аст, даст барнамедорад. Кӯдак, ки барои содир намудани амале аз тарафи падару модараш гунаҳкор нест ва новобаста аз фарзанди киву чӣ буданаш зери ғамхории ҳукумат бояд қарор бигирад, дар симои Саидов Муҳаммадҷон ҳуқуқаш ар Тоҷикистон поймол мешавад

Яке аз ӯҳдадориҳои асосии ҳар хукумате пуштибонӣ аз кӯдакон аст, на мавриди азияту таҳқир қарор додани онҳо. 23 сол пеш ҳукумати Тоҷикистон зери Декларатсияи ҳуқуқи кӯдак имзо гузошт, ки тибқи он ҳама гуна фишор, таҳдид ва зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон манъ аст. Аммо маҷбурӣ рабудани кӯдак аз оғӯши волидайн ва ҷой намудани ӯ дар мактаби махсус, иҷозат надодан барои дидор бо модар ва наздикон, магар фишор ва зӯроварӣ нест?

Боз дар кадом кишвари дунё таҳсил дар макотиби динӣ ҷиноят шумурда мешавад? Ҷурми Саидови ноболиғ, ки мактаби диниеро хонда тамом кард дар чист? Қории Куръон шудан магар ҷиноят аст? Мақомот ба модари Саидов гуфтаанд: “Падараш хоини миллат аст, ту чӣ гапи зиёдатӣ мезанӣ?!” ва ба телефонҳои ӯ посух надода гӯширо хомӯш мекунанд.

Модар донишу фаҳмишу ахлоқи писари худро ситоиш мекунад ва таъкид мекунад, вақте ки оварданаш, аз назорати пизишкон гузашт ва гуфтанд саломатияш ва ва вазъи руҳияш хуб аст. Саидов бояд синфи 8 хонад, вале дар он “мактаб-боздоштгоҳ” синфи чор мехонад.

Модар дар додгоҳ гуфт, ки: “Ман розӣ нестам, ки фарзанди боахлоқу боҳуш ва бегуноҳи маро ба он мактаб бибаред!”, вале аз РКҶРКД-и шаҳр ӯро фиреб доданд, ки “ту бачаатро дар ягон мактаб намон, мо худамон дар мактаби президентӣ мемонемаш.”

Магар “мактаби президентӣ” дар Тоҷикистон барои кӯдакон ва шаҳрвандони ин кишвар “зиндон” аст?

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: