Ҷамшед Ёров, узви Шӯрои Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) ва бародари вакили зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров, дар баёнияе, аз таъсис ва оғоз ба кори Бунёди Бузургмеҳр Ёров хабар дод.
Ба гузориши сайти Озодандешон, Ҷамшед Ёров дар ин баёния, бо ишора ба ин ки ин бунёд “ба ифтихори маҳбуси сиёсии тоҷик, фаъоли ҳуқуқи башар ва ҳуқуқшинос, барандаи ҷоизаи Файзинисо Воҳидова-2019, ҷоизаи Homo Homini -2019 ва барандаи дипломи ҷоизаи Вацлав Ҳавел-2019 Бузургмеҳр Ёров таъсис ёфтааст”, ёдовар шудааст:
“Бунёд ба принсипҳои волоияти қонун, адолат ва баробарӣ содиқ буда, фаъолияташро дар самтҳои зерин анҷом хоҳад дод:
— Таҳлил ва баёни сабабҳои аслии боздошт ва зиндонӣ шудани маҳбуси сиёсии тоҷик Бузургмеҳр Ёров ва мусоидат намудан барои ҳар чӣ тезтар озодшавии ӯ;

— Фарогирии парвандаҳо ва ҳимояи ҳамаи маҳбусони сиёсӣ дар Тоҷикистон, инчунин ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои аъзои оилаи онҳо.
— Мониторинги вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон
— Дастгирии ҳуқуқӣ ва моддӣ ба шахсоне, ки дар натиҷаи вайрон кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ зарар дидаанд;
— Мусоидат барои баланд бардоштани маърифат ва донишҳои ҳуқуқӣ дар байни аҳолии Тоҷикистон
— Мубориза бо шиканҷа ва саҳмгузорӣ дар ислоҳоти низоми иҷрои ҷазо дар Тоҷикистон ва ғайра.
БУНЁДИ БУЗУРГМЕҲР ЁРОВ аз тарафи наздикону дӯстони маҳбусони сиёсии тоҷик, инчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо таъсис дода шудааст.
БУНЁДИ БУЗУРГМЕҲР ЁРОВ ташкилоти сиёсӣ нест. Мо бо ягон ташкилоти ҷамъиятӣ, ки ягон ҳадафи сиёсиро пеш мегирад, вобаста нестем.”
Ҷамшед Ёров дар поёни ин баёния тасреҳ кардааст: “Мо барои ҳамкории судманд ва мутақобила бо ташкилотҳо, муассисаҳо ва шахсони ҳуқуқи башар, ки ҳадафҳои Бунёди моро муштараканд, бозем.”
Добавить комментарий