Перейти к содержимому

Ҳамсари Сайфуллозода гуфт, пул надорад ба шавҳари зиндониаш дору харад

Ба гузориши Радиои Озодӣ, ҳамсари Ҳикматулло Сайфуллозода, узви зиндонии ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ иддао дорад, ки вазъи саломати шавҳараш пас аз гирифторӣ ба коронавирус хуб нест ва хонаводааш низ бинобар вазъи иқтисодӣ наметавонанд ба ӯ кумак кунанд. Масъулини зиндонҳо гуфтанд, ки саломатии Сайфуллозода хуб аст ва ҳеч ҷойи нигаронӣ вуҷуд надорад, вале омодаанд то ҳадди имкон ба ӯ кумак кунанд. Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯ ҲНИТ ва масъули ҳафтаномаи ҳизбии «Наҷот» буд ва соли 2015 зиндонӣ шуд.

Бар асоси ин гузориш, Фароғат Сангинова, ҳамсари Сайфуллозода рӯзи 13-уми октябр дар як сӯҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, «он кас бемории фишорбаландӣ ва дил доранд, баъди гирифторшавӣ ба коронавирус дар аввали моҳи май то ҳол сиҳатияшон хуб нест. Аз сабаби он, ки ман ҷое кор намекунам ва шароити харидани доруҳоро надорам, он кас дар дохили зиндон азоб мекашад. Дар дохили зиндон ба он кас дору ҳам намедиҳанд».

Ба гуфтаи хонум Сангинова, шароити молии хонаводааш хуб нест ва ӯ ба танҳоӣ ду писарашро дар хонаи иҷора бузург мекунад. Сангинова афзуд, барои доруҳои шавҳараш дар якмоҳ то 200 сомонӣ ва барои табобати ӯ дар ҳар се моҳ ҳудуди 1500 сомонӣ лозим аст, ки надоранд.

Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ рӯзи 13-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъи сиҳатии Сайфуллозода хуб аст, вале ӯ ҳамзамон афзуд, ки дар маҳбас на ҳама доруҳо дастрас мебошад.

Ба гуфтаи Умаров, дар дохили зиндон танҳо беморони сил ва СПИД ройгон табобат мешаванд ва баъе маводҳои доруворӣ харидорӣ мешаванд, ки барои он аз сӯи ҳукумат маблағ ҷудо мешавад. «Аммо на ҳама доруҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ҳаст, аз ин хотир хешу табори маҳбусони бемор барои онҳо доруҳое, ки инҷо нест, мефиристанд»,-афзуд ӯ.

Умаров ҳамчунин гуфт, агар воқеан хонаводаи Сайфуллозода имкони харидани доруҳои ӯро надоранд, онҳо омодаанд то ҳадди тавон ба ӯ маводи доруворӣ кумак кунанд.

Мақомот Ҳикматулло Сайфуллозодаи 70-соларо дар доираи парвандаҳои марбут ба ҳаводиси моҳи сентябри соли 2015 боздошт ва баъдан 16 сол равонаи зиндон кард. Мақомот он сол Ҳоҷӣ Ҳалим, муовини вазири дифоъро ба ташкили ошӯб ва ҳизби наҳзати исломиро ба тарҳрезӣ ва сармоягузории он айбдор карданд. Чизе, ки раҳбарияти ҳизб дар хориҷа борҳо рад намудааст.

Фароғат Сангинова, ҳамсари Сайфуллозода инчунин борҳо иддао кардааст, ки аз моҳи январи имсол то ҳол наметавонад бо шавҳараш дидорбинӣ кунад. «Ман 8 моҳ бо шавҳарам аслан тамос надоштам. Як моҳ пеш суҳбатҳои телефонӣ барқарор шуд. Аммо мо дар ду ҳафта як маротиба ва фақат як дақиқа суҳбат мекунем, ки намешавад аз авҳоли шавҳарам пурра пурсон шавам».

Аммо ба гуфтаи Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, натанҳо дидорбинии хонаводаи Сайфуллозода, балки дидорбинии тамоми маҳбусон бо хешутаборашон муваққатан манъ шудааст. Ӯ гуфт, ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар кишвар мулоқоти маҳбусон бо наздиконашон аз охири моҳи март манъ шудааст. «Мо мебинем, ҳоло вазъ хуб аст, агар имкон аст, мулоқотҳои кутоҳмуддатро дубора барқарор мекунем»,-афзуд ӯ.

Аз оғози моҳи май ва баъди он, ки мақомот мавҷудияти коронавирусро тасдиқ карданд, 11 маҳбус бо нишонаҳои ин беморӣ фавтидаанд. Масъулони Идораи зиндонҳо гуфтанд, марги маҳбусон аз илтиҳоби шуш аст, на коронавируси нав.

Моҳи май пайвандони чанде аз маҳбусон бо ирсоли номае ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хостори беҳбуд бахшидани вазъ дар зиндонҳои Тоҷикистон ва озодии афроди гуноҳашон «сабук» ва аз 50-сола боло шуданд. Мақомоти Тоҷикистон дар посух ба ин даъватҳо гуфтанд, вазъият ба андозае нест, ки наздикони маҳбусон тасвир мекунанд.

Бо ин ҳама Фароғат Сангинова, ҳамсари Сайфуллозода мегӯяд, шавҳараш одами эҷодкор буд ва ба ягон ошубу ҷиноят рабт надошт. Ӯ мехоҳад ҳукми шавҳараш бозбинӣ ва ӯ аз зиндон озод шавад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: