Баёнияи КШНГЗС оиди фишорҳо болои Муҳаммадиқболи Садриддин ва таҳдид ба мусодираи хонаи ӯ

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни шадидан маҳкум кардани фишорҳо болои фаъоли расонаӣ ва мудири пойгоҳи таҳлилии “Ислоҳ” ва таҳдид ба мусодираи манзили ӯ аз тарафи ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон, аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ва дифоъ аз озодии баён ва Созмони Гузоришгарони бидуни марз тақозо менамояд, аз ҳукумати Тоҷикистон талаб намоянд, то фишорҳо болои ин фаъоли расонаиро бас кунад.

Муддате аст, ки фишор болои Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи таҳлилии “Ислоҳ” аз тарафи ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон, хусусан Додситонии кулл ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, бисёр зиёд шудааст. Ниҳодҳои қудратӣ таҳдид кардаанд, ки манзили сукунатии ин фаъоли расонаиро дар Тоҷикистон мусодира намоянд.

Илова бар ин, тақрибан ҳар рӯз мақолаҳое бар зидди ин фаъоли расонаӣ дар сайтҳои расмӣ ва давлатии Тоҷикистон ба нашр мерасанд, ки охиронаш мақолаест дар АОТ “Ховар” таҳти унвони “ПОРТРЕТ МОШЕННИКА. Что мы знаем о мошенниках и как не попасться на уловки этих злоумышленников?” (https://khovar.tj/rus/2020/11/portret-moshennika-chto-my-znaem-o-moshennikah-i-kak-ne-popastsya-na-ulovki-etih-zloumyshlennikov/). Бастагонаш низ дар дохили кишвар таҳти фишорҳои руҳӣ ва равонӣ қарор дода мешаванд.

Ин рафторҳои ниҳодҳои қудратӣ ва таҳдид ба мусодираи манзили Муҳаммадиқболи Садриддин дар ҳоле аст, ки ҳанӯз ҳеч додгоҳе барои ӯ баргузор нагардида ва ягон айбе барои вай исбот карда нашудааст.

Бинобар ин, КШНГЗС ин гуна иқдомҳои ғайриқонунии ниҳодҳои қудратии Тоҷикистонро на танҳо хилофи қонунҳо ва меъёрҳои байналмилалие, ки ҳукумати Тоҷикистон зери онҳо имзо гузоштааст медонад, балки хилофи қонунҳои амалкунанда дар Тоҷикистон низ мешуморад. Дар моддаи 20 Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад. Ҳеҷ кас баъди гузаштани муҳлати таъқиби ҷиноятӣ, инчунин барои содир кардани рафторе, ки ҳангоми воқеъ шуданаш ҷиноят ҳисоб намеёфт, ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. Қонуне, ки баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунии шахс қабул шудааст ва он ҷазои шахсро вазнин мекунад, қувваи бозгашт надорад. Агар баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунӣ барои он ҷазо пешбинӣ нашуда бошад ва ё ҷазои сабук пешбинӣ шуда бошад, қонуни нав амал мекунад. Мусодираи пурраи молу мулки шахси маҳкумшуда манъ аст.”

КШНГЗС хотиррасон мекунад, ки ҳамаи ин иқдомҳои ғайриқонунии ҳукумати Тоҷикистон фақат ба хотири фаъолиятҳои журналистӣ ва расонаии Муҳаммадиқболи Садруддин равона шудаанд. Махсусан қайд кардан лозим аст, ки бештари ин иттиҳомҳо аз тарафи Додситонии кулли Тоҷикистон сурат мегиранд.

КШНГЗС зимни шадидан маҳкум кардани фишорҳо болои ин фаъоли расонаӣ аз тарафи ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон, аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ва дифоъ аз озодии баён ва Созмони Гузоришгарони бидуни марз тақозо менамояд, аз ҳукумати Тоҷикистон талаб намоянд, то фишорҳо болои ин фаъоли сиёсӣ ва бастагонашро бас кунад.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

18.11.2020Варшава, Лаҳистон

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: