Инак чаҳорумин рӯз аст, ки Маҳмурод Одинаев, яке аз раҳбарони Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон – ки танҳо ҳизби расмии мухолиф дар кишвар ба шумор меравад – рабуда шуда ва ба таври ғайриқонунӣ дар як макони номаълум нигаҳ дошта мешавад. Намояндаи расмии Вазорати дохилаи Тоҷикистон, Нусратулло Маҳмудзода, боздошт ва таҳти бозҷӯӣ қарор гирифтани Одинаев аз тарафи ин вазоратро инкор мекунад.
Дар айни ҳол, рабуда шудан ва нопадид гардидани ин раҳбари мухолифон аз сӯи бастагонаш тасдиқ шудааст. Тибқи гузориши Радиои Озодӣ ва дигар манбаъҳои мустақил, боздошт ва таҳти бозҷӯӣ қарор гирифтани бастагон ва наздикони Маҳмурод Одинаев дар ноҳияи Ҳисор идома доранд.
Чанд рӯз пеш аз ин, Маҳмурод Одинаев аз тариқи сафҳаи худ дар Фейсбук, ба шаҳрдори шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ муроҷиат карда буд. Муроҷиати ӯ барои дархост аз шаҳрдорӣ ҷиҳати баргузории тазоҳуроти мусолиматомез дар эътироз ба рафторҳои ғайриқонунии ниҳодҳои қудратӣ дар таъқиби фаъолони Ҳизби Сосиал-Демократи Тоҷикистон буд; ҳизбе, ки интихобот барои таъйини Эмомалӣ Раҳмон барои панҷумин бор дар курсии президентиро таҳрим карда буд.
Озодии баргузории таҷаммӯъҳо ва тазоҳурот ва низ давъат ба он, на ҷиноят ба шумор меравад ва на иқдоми ғайриқонунӣ. Ин ҳаққи қонунии шаҳрвадон маҳсуб мешавад ва дар Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд дорад; Сарқонуне, ки Эмомалӣ Раҳмон ба унвони кафили он, барои панҷумин бор ба он савганд ёд кардааст.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон нигаронии амиқи худро бобати таҳти фишорҳои руҳӣ ва таъқибҳо қарор дода шудани ин ҳизби мухолиф ва раҳбарони он, ҳатто ҳамла ва рабуда шудани онҳо, иброз медорад.
Мо аз дипломатҳои созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои дӯст, ки дар Тоҷикистон намояндагӣ доранд ва ҳамчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, даъват ба амал меоварем, то аз мақомоти Тоҷикистон тақозо намоянд, фавран Маҳмурод Одинаев ва бастагони ӯро озод кунад.
Ҳамчунин тақозо мекунем, то масъалаи таҳрими мақомоте, ки меъёрҳои байналмилалиро поймол мекунанд, дида баромада шавад; меъёрҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон риояти онҳоро ӯҳдадор шудааст.
Дар сурате, ки ба саломатӣ ва ҷони шаҳрванди Тоҷикистон Маҳмурод Одинаев осебе бирасад, тамоми масъулияти он, бар ӯҳдаи мақомоти ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон аз ҷумла шаҳрдори Душанбе ва мақомоти олии кишвар мебошад.
Дақиқан ба ҳамин шакл буд, ки дар соли 1992 баъд аз ба сари қудрат расидани Эмомалӣ Раҳмон, даҳҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷумла дигарандешон рабуда шуда ва бе ному нишон гардида буданд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)
24.11.2020
Варшава, Лаҳистон
Добавить комментарий