Баёнияи КШНГЗС: Маҳмурод Одинаев фавран озод шавад!

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) эътирози шадиди худро бобати дастгирӣ ва боздошти ғайриқонунии Маҳмурод Одинаев — муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), иброз медорад.

Дар 7 декабри соли ҷорӣ, Додгоҳи шаҳри Ҳисор бо дастгирӣ ва ҳабси пешакии ин сиёсатмадори мухолиф барои ду моҳ бидуни риояти қонун ва меъёрҳои мурофиавӣ, худро ба унвони “тройкаи сталинӣ” ва иҷрокунандаи хости Додситонии кулл нишон дод. Тибқи гуфтаи Раҳматилло Зоиров — раҳбари ҲСДТ, “Одинаев то ҳанӯз вакили дифоъ надорад.” Ба ин тартиб, мақомоти Тоҷикистон камокон таҷрибаи мурофиаи махфии дигарандешонро идома медиҳанд.

Қарори Додгоҳи шаҳри Ҳисор сеюмин бори поймолкунии пай дар пайи дағалонаи қонун нисбат ба Маҳмурод Одинаев, яке аз раҳбарони опозитсияи қонунӣ ба шумор меравад. Қаблан, дар рӯзи 5 декабри соли ҷорӣ, Додситонии кулл мутобиқи моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандае бар зидди ӯ ба иттиҳоми “авбошӣ” ташкил карда буд. Ин иттиҳом, ки Додситонии кулли Тоҷикистон аз пеши худ бофтааст, ба хотири эътирози Маҳмурод Одинаев алайҳи қонунвайронкуниҳое буд, ки аз тарафи мақомот сурат мегиранд.

Тавре ки адвокатҳои мустақил қайд карданд, дар эътирози Маҳмурод Одинаев дар назди бинои Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор дар 29 октябри соли ҷорӣ бобати рабуда шудани писари маълули вай, на ягон ҷинояте дида мешавад ва на ҳеч қонунвайронкунии маъмурӣ.

Саранҷом, яке дигар аз иқдомҳои дағалонаи ғайриқонунӣ нисбат ба Маҳмурод Одинаев, боздошти маҷбурии ӯ аз сӯи гурӯҳи мусаллаҳи дастгиркунӣ аст, ки дар натиҷа ӯ шиканҷа ва захмӣ гардид.

Мо мӯътақидем, ки сабаби аслии таъқиби Маҳмурод Одинаев эътирози ӯ дар назди бинои Комиссариати ҳарбӣ дар рӯзи 29 октябр нест, балки огоҳ сохтани ӯ ба мири Душанбе дар таърихи 16 ноябри соли ҷорӣ аз тариқи Фейсбук дар хусуси тасмим барои баргузории гирдиҳамоӣ алайҳи рафторҳои худсаронаи полис, болоравии нархҳо ва қашшоқии аҳолии Тоҷикистон аст.

Сиёсӣ будани иттиҳом ба Маҳмурод Одинаев ва боздошти ғайриқонунии ӯро мушорикати фаъоли Додситонии кулл дар як парвандаи оддӣ таҳти моддаи марбут ба “авбошӣ” тасдиқ мекунад.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) аз мақомоти Тоҷикистон талаб мекунад, ки фавран Маҳмурод Одинаевро, ки яке дигар аз қурбониҳои саркӯбҳои сиёсӣ ба шумор меравад, озод кунанд.

Мо талаб мекунем, шахси ғайриқонунӣ ҳабсшуда фавран бояд бо адвокат таъмин карда шавад. Мо талаб мекунем, Одинаеви маҷрӯҳ фавран ба беморхонаи шаҳрвандӣ интиқол дода шавад.

Мо аз ҳамаи созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ва низ шаҳрвандон даъват менамоем, ки талабҳои моро фаъолона дастгирӣ кунанд ва ҳамбастагии худро бо Маҳмурод Одинаев эълон кунанд.

#FreeMahmurodOdinaev

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

07.12.2020Варшава

Баёнияи КШНГЗС: Маҳмурод Одинаев фавран озод шавад!: 2 комментария

Добавьте свой

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: