Дар таърихи 27 декабри соли ҷорӣ нишасти солонаи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ба сурати онлайн бо иштироки ҳамаи аъзо ва низ меҳмонон баргузор гардид.
Дар оғози ин нишаст раиси КШНГЗС Абдусаттор Бобоев гузорише аз амалкарди ин кумита дар соли 2020 барои иштироккунандагон ироа намуд. Хулосаи гузориши Бобоев ба шарҳи зерин буданд:
— КШНГЗС дар соли сипаришаванда дар маҷмӯъ 33 ҷаласаи корӣ баргузор намуд;
— КШНГЗС роҷеъ ба тамоми мавридҳои боздоштҳо, ба зиндон маҳкум шуданҳо, таъқибу фишорҳои хонаводаҳои зиндониён аз тарафи мақомоти қудратии ҳукумати Тоҷикистон ва дигар мавридҳои қонуншиканиҳо дар соли ҷорӣ, вокуниши муносиб нишон дод; аз содир намудани баёнияҳо то ирсоли номаҳо ба созмонҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи инсон ба забонҳои русӣ ва англисӣ ва низ корпусҳои дипломатии фаъолияткунанда дар дохили Тоҷикистон ва кишварҳои таъсиргузор.
— КШНГЗС дар мавридҳои лозим ҳештек ва флешмобҳо дар фазои маҷозӣ ба роҳ андохт, ки таъсиргузории онҳо бар рӯи афкори умумӣ барои касе пӯшида нест, аз ҷумла дар мавриди:
— боздошти ҷавонони Хуросон;
— боздошти рӯзноманигор Далер Шарифов;
— шаҳрвандоне, ки ба баҳонаи узвият дар Ихвон аз тарафи мақомотҳои қудратии Тоҷикистон боздошт ва равонаи зиндон шуданд;
— боздошт шудани Қадам Исматов дар Русия;
— донишҷӯёни таҳсилкарда дар Эрон, ки ба ноҳақ боздошт ва равонаи зиндон шуданд;
— боздошти муовини раиси ҲСДТ Маҳмурод Одинаев … ва ғайра, ки нусхаи бештари ин номаҳо ва баёнияҳо дар сайти “Зиндониён” ба нашр расидаанд.
— Яке дигар мавриди фаъолияти КШНГЗС дар соли сипаришаванда таҳияи филми мустанади “Хиёнат” дар муқобили филми сохта ва бофтаи КДАМ ба ҳамин ном мебошад. Филми таҳиякардаи КШНГЗС бо фарқ аз филми КДАМ, ҳамааш мустанад ва такядошта ба мадорику аснод аст. Албатта ҳанӯз 4 қисми дигари он дар дасти омода шудан аст.
— КШНГЗС дар соли ҷорӣ низ, мисли солҳои 2018 ва 2019, маҷаллаи солонаи худро таҳия карда буд, вале ба хотири вируси КОВИД-19 ва баргузор нашудани ҷаласаи солонаи САҲА, нашр нанамуд.
— КШНГЗС дар соли ҷорӣ дар маҷмӯъ 57 нома ба созмонҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар ва корпусҳои дипломатӣ ва кишварҳои таъсиргузор ирсол намуд.
Раиси КШНГЗС дар поёни гузориши солонаи худ тақдиру ташаккури худро аз ҳамаи аъзо иброз намуд.
Пас аз гузориши раиси КШНГЗС, раъйгирӣ барои интихоби раиси нав баргузор гардид. (Тибқи Ойинномаи КШНГЗС раис барои як сол интихоб мешавад.) Се нафар – Бобоев Абдусаттор, А. Амониён ва С. Султонзода ба унвони номзад пешбарӣ шуданд ва Султонзода инсироф дод. Пас аз раъйгирӣ, Бобоев Абдусаттор бо аксарияти раъй барои як соли дигар ба унвони раиси КШНГЗС интихоб гардид.
Ҳамчунин, М. Соҳибназарова, А. Амониён ва С. Султонзода ба унвони муовинони раис интихоб шуданд. Дар ин ҷаласа, ҳамчунин шуморе аз меҳмонон суханронӣ намуда ва пешниҳодҳои худро ироа карданд.
Добавить комментарий