Имрӯз 3 январ рӯзи таваллуди яке аз зиндониёни сиёсии тоҷик Муҳаммадалии Файзмуҳаммад донишманд ва рӯҳонии шинохта мебошад.
Ӯ соли 1959 дар ноҳияи Ховалинг собиқ вилояти Кӯлоб ба дунё омадааст. Падараш аз мардуми Вахё (Тавилдара) ва модараш зодаи Ховалинг буд.
Муҳаммадалии Файзмуҳаммад бо номи Мавлавӣ Муҳаммадалӣ маъруф аст. Ӯ яке аз камшумортарин олимони илми дин дар Тоҷикистон шинохта мешавад. Ӯро метавон дар радифи бузургоне мисли Муҳаммадшариф Ҳимматзода, Абдуллоҳ Нурӣ ва Мавлавӣ Қумсангирӣ ном бурд.
Илми динро дар назди яке аз олимони замони худ Қорӣ Муҳаммадҷони Қӯқандӣ гирифта дар илми фиқҳ, сарфу наҳв, тафсир ва ҳадис яке аз олимони замони мо шинохта мешавад.
Муҳаммадалии Файзмуҳаммад раиси Комиссияи Тафтишотии ҲНИТ буд, ҳамчун ӯ аъзои раёсати Олии ҲНИТ ва аъзои Шӯрои Сиёси низ буд.Барои фаъолияти пурсамараш дар Комиссияи Оштии Миллӣ санаи 18 августи соли 1998 бо ордени «Дӯстӣ» мукофотонида шудааст.Оиладор соҳиби 11 фарзанд мебошад.
Моҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби мақомоти қудратии Тоҷикистон бо парвандаи сохтаву бофта ба ҳабс гирифта шуда ба мӯҳлати 23 сол зиндонӣ шудааст. Аз ҷониби кумитаи дахлдори СММ ҳамчун зиндонии сиёсӣ эътироф шудааст.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии бузургвор Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммадро бо ин рӯз табрик гуфта аз даргоҳи Худованд озодӣ ва хушбахтиро таманно дорад.
Добавить комментарий