Зиндонӣ кардани мӯйсафеди 87-сола ба хотири кӯмак ба зиндониёни сиёсӣ ва хонаводаҳои онҳо

Ҳукумати Тоҷикистон ахиран Дониёр Набиев маъруф ба “Бобои Дона”, узви собиқи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро, ки 87 сол син дорад, ба 5 сол зиндон маҳкум кардааст. Ба гуфтаи Маҳмадӣ Тешаев, узви Раёсати Олии ҲНИТ ва собиқ раиси шӯьбаи ин ҳизб дар ноҳияи Рӯдакӣ, сабаби зиндонӣ шудани ин пирамарди 87-сола кӯмаки вай ба зиндониёни сиёсӣ ва хонаводаҳои онҳо будааст. Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни шадидан маҳкум кардани ин иқдоми ғайриинсонӣ, аз масъулони дахлдори Тоҷикистон тақозо менамояд фавран ин пирамардро озод кунанд. Ҳамчунин аз ҳамаи созмонҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар ва корпусҳои дипломатии фаъол дар Тоҷикистон умед дорад бетараф набошанд ва барои озодии ин пирамард тамоми талошу кӯшиши худро ба харҷ диҳанд.

Дониёр Набиев маъруф ба “Бобои Дона” мутаваллиди соли 1934 буда, маҳалли зисташ деҳаи Гулбӯттаи ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ мебошад. Вай дар собиқ масъули бахши тафтишоти ҲНИТ дар ноҳияи Рӯдакӣ будааст. Ба гуфтаи Маҳмадӣ Тешаев, узви Раёсати Олии ҲНИТ ва собиқ раиси шӯьбаи ин ҳизб дар ноҳияи Рӯдакӣ, ин мӯйсафед дар моҳи сентябри соли 2020 ба “ҷурми” кӯмак ба зиндониёни сиёсӣ боздошт шуд ва охирҳои моҳи декабр ба 5 соли зиндон маҳкум гардид.

Маҳмадӣ Тешаев дар номае, ки ба унвони Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) навиштааст, мегӯяд: “Бобои Донаи 87-сола моҳи сентябр аз ҷониби мақомоти КДАМ дар манзили зисташ воқеъ дар деҳаи Гулбӯтта, ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ боздошт шуд ва то замони эълони ҳукмаш, дар СИЗО-и шаҳри Душанбе зери фишорҳои шадиди руҳӣ нигаҳдорӣ мешуд ва охири моҳи декабр ба 5 соли зиндон маҳкум гардид.”

Тешаев дар ин нома, бо баёни ин ки “сабаби боздошти ин мӯйсафедӣ 87-сола кӯмак ба зиндониҳои ҲНИТ ва хонаводаҳои онҳост” афзуд: “Ин пирамарди нӯронӣ як умр бо дӯстонаш, ки дар ҳоли ҳозир дар зиндон ба сар мебаранд ҳамдастархон буд, аз ин рӯ нону таъом аз гулӯяш намегузашт, ӯ мегуфт, рафиқонам дар зиндон хун мехӯранд, чӣ гуна нон аз гулӯям гузарад! Аз ин хотир барои худ қарзи инсонӣ медонист, ки нонашро нисф кунад ва ба ин зиндониҳо барад. Вай ба ҳамин “ҷурм” имрӯз зиндонӣ шудаст ва зери шиканҷа қарор дорад.”

Тешаев дар идомаи номаи худ менависад: “Инро ҳам хотиррасон мекунам, ки баъди манъи фаъолияти ҲНИТ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон дар дохили кишвар дар соли 2015, ин пирамард ҳеч фаъолияте дар ҲНИТ надошт ва дунболи зиндагӣ ва корҳои шахсии худ буд.”

Узви Раёсати Олии ҲНИТ ва собиқ раиси шӯьбаи ин ҳизб дар ноҳияи Рӯдакӣ дар поёни номаи худ хотирнишон кардааст: “Ман ҳамчун собиқ раиси шӯъбаи ҲНИТ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва нафаре, ки ин пирамарди нурониро хуб мешиносам, аз ҳамаи созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон бахусус КШНГЗС ва низ ниҳоди ҳуқуқи башари СММ ва аз тамоми гурӯҳҳои мухолифу мувофиқи ҳукумати Тоҷикистон ва низ ҳамаи расонаҳои мустақил бахусус Радиои Озодӣ, Бомдод.ком, Паём, Ислоҳ ва ғайра хоҳиш мекунам, аз ҳеч талоше барои озодии ин пирамарди 87-сола дареғ наварзанд.”

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ба навбаи худ зимни шадидан маҳкум кардани ин иқдоми ғайриинсонӣ, аз масъулони дахлдори Тоҷикистон тақозо менамояд фавран ин пирамарди 87-соларо озод кунанд. Ҳамчунин аз ҳамаи созмонҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар ва корпусҳои дипломатии фаъол дар Тоҷикистон умед дорад бетараф набошанд ва барои озодии ин пирамард тамоми талошу кӯшиши худро ба харҷ диҳанд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

04.01.2021Варшава, Лаҳистон

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: