Бино ба хабари вебгоҳи иттилоърасонии АЗДО аз 13 январи соли 2021, Додгоҳи Юнон Саъдӣ Раҳматов, шавҳари хоҳари Шарофиддин Гадоев — яке аз роҳбарони мухолифини тоҷикро аз боздошт раҳо кардааст.
Гуфта мешавад, Саъдӣ Раҳматовро ҷониби Тоҷикистон тариқи Интерпол бо иттиҳоми узвият бо ДОИШ дар ҷустуҷӯ қарор дода буд. Аз рӯи маълумоте, ки вакили Раҳматов ҷаноби Димитриёс Зорбас ба АЗДО изҳор кардааст, Раҳматов имрӯз пас аз зуҳр ва ё фардо озод мешавад. Ва чун парвандаи зерҳимояаш сиёсӣ аст, Додгоҳ ӯро ба Тоҷикистон истирдод накард, зеро ӯ қаблан ҳаққи паноҳандагии сиёсиро аз ин кишвар дарёфт карда буд.
Бояд ёдовар шуд, ки Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) аз ибтидои ин қазия вориди майдон шуда ба ҳукумати Юнон ва мақомоти марбутаи он бо мактуб муроҷиат карда буд. Дар зер матни мактуб оварда шудааст:
“Ба мақомотҳои марбутаи кишвари Юнон.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки шаҳрванди кишвари Тоҷикистон Раҳматов Саъдӣ, соли таваллудаш 2-уми майи соли 1993, ҳамроҳи хонаводааш дар кишвари Юнон ҳамчун паноҳҷӯ қарор доранд. Бино бар дархости режими Тоҷикистон Раҳматов Саъдӣ ҳоло дар зиндони Юнон қарор дорад.
КШНГЗС аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунад, ки ба ҳеч ваҷҳ ӯро ба Тоҷикистон истирдод накунед ва барои озодиаш кӯмаки худро дареғ надоред. Агар Раҳматов Саъдӣ ба кишвари диктотурии Тоҷикистон истирдод шавад, ӯро мисли дигар дӯстонаш шиканҷа ва ба солҳои тӯлони зиндонӣ шудан таҳдид мекунад.
Дар кишвари Тоҷикистон, ки роҳбараш як нафар яъне Эмомалӣ Раҳмон тӯли 30 сол аст, ки кишварро дар қабзи оҳанини худ гирифта, як ҳукумати хонаводагӣ ташкил кардааст, ҳар кас, ки муқобили ин режими диктотурӣ садо баланд кунад ва ё аз ҳуқуқи худ ҳимоя кунад, ҳатман мақомоти қудратии Тоҷикистон ӯро “террорист” унвон карда, баъди шиканҷаҳои зиёд ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон мекунанд. Ва агар дар хориҷи кишвар бошад барои ӯ айб эълон карда, дар листи ҷустуҷӯи байналмилалӣ (Интерпол) медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки Раҳматов Садӣ ба хотири аз хешовандони яке аз роҳбарони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон Гадоев Шарофиддин буданаш, ки ҳоло дар кишвари Ҳолланд қарор дорад, мавриди ҷустуҷӯи мақомоти Тоҷикистон қарор гирифтааст.
Қаблан барои ҳамкориатон изҳори ташаккур мекунам.Бо эҳтиром, раиси КШНГЗСТ, Бобоев Абдусаттор”
Добавить комментарий