Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон аз бад шудани вазъи саломатии Дониёр Набиев — маҳбуси солманд дар яке аз зиндонҳои Тоҷикистон, изҳори нигаронӣ мекунад.
Дониёр Набиев дар асоси принсипҳои башардӯстӣ ва инсондӯстӣ амал намуда, ба хотири кӯмак нони худро бо хонаводаҳои маҳбусон дар Тоҷикистон ним кард. Барои ин амали некаш муйсафеди 87-соларо мақомот зиндонӣ карданд. Ба таври дақиқ, Набиевро рӯзи 27-уми августи соли 2020 Шӯъбаи корҳои дохилии дар ноҳияи Рӯдакӣ будаи ВКД боздошт намуд. 28-уми декабри соли 2020 бошад, додгоҳ бо иттиҳоми ифротгароӣ ӯро ба 7 соли зиндон маҳкум кард.
Чанд рӯз пеш хешовандони Дониёр Набиев дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки вазъи саломатии ӯ дар зиндон хеле бад шуда, аз буғумдард, фишори баланд, бемории қалб ва бад будани ҳолати нигоҳубин дар зиндон шиква кардааст. Азбаски Дониёр Набиеви солхӯрда қаблан бемории сил дошт, дар шароити сангини зиндон ин беморӣ аз нав хуруҷ карда, ба дору ва нигоҳубини махсуси табибон эҳтиёҷ дорад. Ин пирамард яккаву танҳо фарзанде надорад, ки барояш доруҳои зарурӣ ва ғизоҳои солимро дастрас карда, ба зиндон барад. Барои кӯмак ба ин пирамард муҳоҷирони тоҷик дар шабакаҳои маҷозӣ иқдомеро ҳам роҳандозӣ намуданд, аммо мутассифона наметавон дар зиндон шароити беҳтареро барои ин пирамард муҳайё сохт, то замоне, ки ӯро ба беморхонаи маҳбас интиқол надиҳанду ба табобаташ шурӯъ накунанд.
Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон медонад, ки Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар якҷоягӣ фаъолият намуда, тӯли солҳои зиёд бо назардошти принсипи бетарафӣ ва беғаразӣ, ба мардуми Тоҷикистон ёрии зиёде расонидааст. Тӯли ин солҳо Шумо барои баланд бардоштани савияи дониши аҳолӣ доир ба ҳуқуқи байналмилалӣ ва дигар меёрҳои башардӯстӣ ва ҷорӣ намудани он дар қонунгузории миллӣ ҳукумати Тоҷикистонро дастгирӣ намудед. Мутаассифона, имрӯз мақомоти Тоҷикистон бар акси ҳол рафтор мекунад ва ягон меъёрро риоя намекунад.
Ин аст, ки шумо – ҳайъати Кумитаи Салиби Сурх дар баробари дигар созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон аз вазъи зиндонҳои Тоҷикистон ва зиндониён нигарон будед ва борҳо аз мақомоти Тоҷикистон дархост намудед, ки ба намояндагонатон иҷоза бидиҳанд бидуни ҳамроҳӣ ба зиндонҳои Тоҷикистон ворид шаванд. Мутаассифона, ҳар бор ҷавоби рад мешунидед, ки қонуни Тоҷикистон муайян намудааст, ки дар кадом ҳолат ва киҳо метавонанд ба зиндонҳои кишвар ворид шаванд.
Мо медонем, ки дари зиндонҳои Тоҷикистон ҳамоно ба рӯи намояндагони Салиби Сурх бастааст. Аммо дар қалби мо шӯълаи умеде аст, ки шояд ин бор Раёсати ислоҳии умумии умури зиндонҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон солманд будани Дониёр Набиевро ба инобат гирифта, ақаллан ба намояндагони Кумитаи Салиби Сурх ҳамчун созмони беғараз иҷозат медиҳанд, ки аз зиндон боздид кунанд ва ба ин мӯйсафеди бемор кӯмаки худро расонанд ва барои интиқол додани ӯ ба бемористони маҳбас мусоидат намоянд. Аз ин рӯ бо эҳтироми зиёд аз шумо хоҳиш менамоем, ки дар қазияи Дониёр Набиев бетараф набошед ва ба ёрии ӯ биштобед.
Қаблан сипосгузорем!
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон
18. 01. 2021.
Варшава, Лаҳистон
Добавить комментарий