Нома ба Порлумони Иттиҳодияи Урупо

#EU

#President_of_the_European_Council

#Charles_Michel

#Ursula_von_der_Leyen

#David_Sassoli

#France

#Emmanuel_Macron

Ба василаи ин нома, ба шумо мерасонем , ки дар рӯзҳои наздик ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, меҳмони раисиҷумҳури Фаронса, ҷаноби оқои Эмуниел Мокрун дар Порис хоҳад буд. Ӯ бо даъвати расмии оқои Мокрун меҳмони ӯ мешавад. Ва ҳамчунин бо даъвати риёсати Иттиҳодияи Урупо, ҷаноби Шарл Мишел қарор аст дар мақарри ин иттиҳодия, шаҳри Брюссел ҳузур биёбад.

Мо таъассуф мехӯрем, ки мақомоти кишвари Фаронса, ки ин худро маҳди озодӣ ва демукросӣ дар ҷаҳон медонад, аз як диктотур ва худкома истиқбол мекунанд. Ва низ ибрози таъассуф мекунем аз ин ки риёсати мӯҳтарами Иттиҳоияи Урупо аз ин худкома даъват ба амал овардааст.

Лозим ба ёдоварист, оқои Эмомалӣ Раҳмон на пойбанди Қонуни Асосии кишвар аст ва на пойбанди меъёрҳои байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон. Садҳо мухолифи сиёсии ӯ бидуни ҳеч гуноҳе дар зиндонҳо ба сар мебаранд ва анвоъи таъзибҳо дар ҳаққи онҳо аз сӯи мақомот сурат мегирад. Ҳазорон мухолифи сиёсии тоҷик дар кишварҳои мухталиф ба унвони паноҳанда зиндагӣ мекунанд. Имрӯза бештарин шумори паноҳандагони сиёсии тоҷик дар қаламрави Урупо ба сар мебаранд.

Мо ба ҷиҳати он, ки нома тӯлонӣ нагардад, омору арқом ва асноду мадорик дар хусуси он чи мегӯем, дар ин нома зикр намекунем. Албатта, шумо метавонед бо руҷуъ ба номаҳои мо аз ҷумла ин нома: https://www.facebook.com/groups/1526907674063764/permalink/4396675743753595/ ба ҷузъиёти ҷиноятҳои оқои Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаққи шаҳрвандони бегуноҳи тоҷикистонӣ ошно гардед.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии тоҷик — ки як ниҳоди ҳуқуқии мустақил аст ва дар Лаҳистон сабти расмӣ дорад — аз мақомоти мӯҳтарами Порлумони Иттиҳодияи Урупо мехоҳад:

1-иттиҳодияи мазкур аз оқои Раҳмон тақозо намояд, то ӯ ба зиндонӣ намудани мухолифони сиёсии худ ва низ озору шиканҷаҳои онҳо ва хонаводаҳояшон нуқта гузорад ва ҳамаи онҳоро бидуни истисно аз зиндонҳо озод намояд;

2-ҳукуматро аз чанголи хонаводааш раҳо созад. Имрӯза тамоми мансабҳои калидӣ дар кишвар миёни оилаи ӯ, аз писару духтару домодҳояш гирифта то хешони наздик ва ҳамсояҳояш, тақсим шудаанд;

3-ба дархости созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар аз ҷумла ниҳоди марбут ба СММ дар бораи ҳуқуқи инсон, мабнӣ бар озод кардани мухолифони сиёсӣ — ки номи онҳо дар номаҳои расмии созмонҳои мазкур ба мақомоти Тоҷикистон зикр гардидаанд — посух бидиҳад ва бе чуну чаро ҳамаи онҳоро аз зиндонҳо озод намояд;

3-Фаъолияти аҳзоби сиёсӣ ва гурӯҳу ҷунбишҳо дар кишвар озод ва расмият ёфта ва ҳукумат даст ба даст гардад. Мардуми шарифи Тоҷикистон аз фишорҳо ва маҳдудиятҳое, ки ба онҳо аз сӯи мақомот сурат гирифтааст ранҷ мебаранд;

4-Ҳукумати Тоҷикистон ва шахси ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Асосии кишвар ва низ тамоми меъёрҳои ҳуқуқи башарии ҷаҳонӣ пойбанд гарданд ва амалан онро собит созанд;

5-шаҳрвандони бепаноҳи афғонистонӣ, ки аз ситамҳои ҷорӣ дар кишварашон ранҷ бурда ва фирор кардаанд ва дар марз бо Тоҷикистон мондаанд, билофосила ба кишвар ҷой дода шаванд. Садҳо афғонистонии бегуноҳ имрӯза дар марз муъаллақ мондаанд ва мақомоти тоҷик иҷозаи вуруд ба Тоҷикистонро ба онҳо намедиҳанд. Оқои Эмомалӣ Раҳмон, ки бо аҳдофи сирф сиёсӣ худро ҳомии ҳуқуқи афғонистониҳо эълом кардааст, аввал бояд ба доди афғонистниҳои ранҷдида аз дасти Толибон ва муъаллақ дар марз бирасад. Мо намехоҳем онҳо аз ду тараф азият бибинанд.

Ин буд 5 дархости мантиқии мо аз иттиҳодияи мазкур. Умедворем, ин дархостҳо бетаваҷҷӯҳ намемонанд.

Бо камоли эҳтиром:

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон

8 октябри соли 2021 Варшав, Лаҳистон

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: