Нома ба Эмануэл Макрон, президенти Ҷумҳурии Фаронса

#France

#Emmanuel_Macron

Ба президенти Ҷумҳурии Фаронса, ҷаноби Эмануэл Макрон!

Мӯҳтарам ҷаноби президент. Рӯзи 13 ноябри соли 2021 дар Фаронса намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» оғоз мегардад. Дар доираи ин чорабинӣ ҳамчунин сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса ва дидору мулоқоти ӯ бо Шумо дар назар аст.

Ин сафари дуввуми Раҳмон дар давраи президентии Шумо мебошад. Соли 2019 дар арафаи сафари нахустини Раҳмон ба кишвари Фаронса созмони «Хюман Райч» ва «Хабарнигорони бидуни марз» ба Шумо нома навишта аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва озодии баён, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Шуморо огоҳ сохтанд.

Дар ҳоле, ки давлатҳои ҷаҳон Фаронсаро чун кишвари ҳомии демократия ва озодии инсон мешиносанд, сафари Раҳмон ба Фаронса ва вохӯрии шумо бо як президенти диктатор ва худкома боиси нигаронии Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗСТ), ки пайгири ҳаводис ва шоҳидии таъқибу фишори зиндониён аст, гаштааст.

Аз он ки Эмомалӣ Раҳмон на пойбанди Қонуни асосии кишвар аст ва на пойбанди меъёрҳои байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон дигар ҷойи баҳс надорад, зеро инак наздики 30 сол пайиҳам мешавад, ки ӯ мақоми раисиҷумҳуриро тасарруф намуда, ҳеҷ даричае барои озодиҳои нисбӣ ҳам барои шаҳрвандонаш во нагузоштааст. Ҳатто чанд рӯз пеш дар як суҳбати худ бо мардум рӯирост изҳор дошт, ки «мардум метавонанд озодона намоз хонанду рӯза гиранд, аммо ба сиёсат ва кори давлат кордор нашаванд. Кордор шуданд мувофиқи қонун ҷавоб хоҳанд дод». Ин таҳдиди рӯирости Раҳмон ба мардум буд, ки қонун худаш ҳасту кулли ҳукумат дар дасти худаш ва хонаводааш аст.

Ин аст, ки садҳо мухолифони сиёсии Раҳмон бидуни ҳеҷ гуноҳе дар зиндонҳо ба сар мебаранд ва таъқибу таъзиб дар ҳаққи мухолифони сиёсати ӯ меафзояд.

Чунин таъқибу шиканҷаи мухолифин дар ягон кишвари дунё ба назар намерасад. Ин аст, ки ҳазорон нафар тарки Тоҷикистон мекунанд ва ба кишварҳои аврупоӣ, дар он ҷое, ки ба озодии инсон ва демократия арҷ мегузоранд, паноҳ мебаранд.

Агар вазъ чунин давом кунад, Тоҷикистон аз Афғонистон бадтар хоҳад шуд.

Мӯҳтарам президент, Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон аз Шумо бо эҳтиром хоҳиш менамояд, ки ҳангоми сари мизи гуфтушунид аз Раҳмон тақозо намоед:

1. Ба зиндонӣ намудани мухолифони сиёсии худ, озору шиканҷа дар зиндонҳо ва фишор ба хонаводаи зиндониён нуқта гузорад;

2. Зиндониёни сиёсиеро, ки Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ рӯихаташонро ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳоду онҳоро бегуноҳ ва парвандаашонро сохта баровард, озод карда шаванд;

3. Ҳукуматро аз чанголи хешу табораш озод кунад ва ба маҳалгароӣ хотима диҳад;

4. Ба фасодкорӣ дар ҳукумат хотима диҳад;

5. Барои фаъолияти аҳзоби сиёсӣ ва гуруҳу ҷунбишҳо дар кишвар маҳдудият ҷорӣ накунад, дар кишвар интихоботи озод ва шаффофро ҷорӣ кунад;

6. Пойбандии худро ба Қонуни асоси кишвар ва меёрҳои ҳуқуқи башари ҷаҳонӣ дар амал собит созад.

Ҳамчунин изҳори умед менамоем, ки ҷаноби Макрон дар ин вохӯрӣ бори дигар вазъи сангини гурезаҳои афғонистониро, ки дар сарҳади байни Тоҷикистон ва Афғонистон дармондаанд, меҳвари гуфтугӯ бо ҷаноби Раҳмон қарор медиҳад, то иҷозаи вурудро ба ин гурезагон дар асоси қавоини байналмилалӣ дида барояд ва иҷозаи вуруд ба хоки Тоҷикистонро ба онҳо бидиҳад.

Умед дорем, ин дархостҳо аз ҷониби Шумо, ҷаноби Макрон бетаваҷҷуҳ намемонанд ва зимни вохӯрӣ баррасӣ мегарданд.

Бо камоли эҳтиром:

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон

10 октябри соли 2021 Варшава, Лаҳистон

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: