Муҳаммадалӣ Исломов, собиқ масъули Шӯъбаи ҷавонони ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб, ахиран аз зиндон ва пас 6 сол озод шуд. Ӯро ба баҳонаҳои воҳӣ ва пуч ва беасос ба 7 сол зиндон маҳкум намуда буданд.
Инак, ӯ пас аз сипарӣ шудани ин муддат, ба назди аҳли оила ва фарзандонаш баргашт.
Гуфтанист, Муҳаммадалӣ Исломов мутаваллиди 4 декабри соли 1983 мебошад. Ӯ коршиноси аршади фалсафа ва маорифи исломӣ ва хатмкардаи донишгоҳ дар Эрон аст.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗ) озодии ин фарзонаро ба тамоми ҳаводорон ва ба хусус худи Муҳаммадалӣ ва раиси ҲНИТ ва ҳамчунин ба модари арҷмандаш табрик ва таҳниат мегӯяд ва умедвор аст тамоми зиндониёни сиёсии тоҷик озод шаванд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗ)
14.10.2021 Варшава, Лаҳистон (Поланд)
Добавить комментарий