Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗ) ҳукми 9 сол зиндонӣ шудани ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ, Иззат Амонро хилофи тамоми меъёрҳои инсониву қонунӣ дониста, ин ҳукми золимонаро шадидан маҳкум мекунад.
Иззат Амон, ки ба муҳоҷирони корӣ дар Русия кӯмак менамуд ва аҳёнан аз сиёсатҳои мақомоти Тоҷикистон интиқод мекард, аввал аз Русия рабуда ва сониян бо баровардани ҳукми ноодилонаи судӣ, ба зиндон равон шуд, ки комилан ҳукми сохта ва худи ӯ бешак зиндонии сиёсӣ буда, ин боздошт инъикоси бармалои интиқомҷӯии навбатии режими Раҳмон аз дигарандешон мебошад.
Новобоста аз он ки пайвандони Иззат Амон тамоми зарари расида ба даъвогаронро пурра ҷуброн кардаанд ва вакили мудофеи Иззат Амон низ рӯзи 23-юми сентябр пурра пардохт шудани қарзи даъвогаронро тасдиқ кард. Ва инчунин новобоста аз он ки моддаи «қаллобӣ ба миқдори махсусан калон» (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ), ки бар асоси он алайҳи Иззат Амон парванда боз шуда буд, ба қонуни афв шомил мешавад, Додгоҳи шаҳри Душанбе ба ӯ ҳукми сангине таъин кард, ки тибқи қонунгузории ҷорӣ, ба ягон модда ва банде мутобиқат намекунад.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗ) ҳукми ноодилонаи Додгоҳи шаҳри Душанберо нисбати Иззат Амон шадидан маҳкум мекунад ва аз Додгоҳи Олӣ, аз ҷомеъаи шаҳрвандӣ, аз корпусҳои диплумотӣ ва аз созмонҳои ҳуқуқи башарӣ хоҳиш мекунад, то дар ин қазия бетараф набошанд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗ)
Варшава. Лаҳистон
20.10.2021
Добавить комментарий