Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) қатли бераҳмонаи ду нафар аз мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон дар зиндони маъруф ба «Кирпичний»-и шаҳри Ваҳдатро шадидан маҳкум ва аз мақомоти марбутаи зиндони мазкур тақозо мекунад, сабаби ваҳшиёна кушта шудани ин ду мухолифи зиндониро барои афкори умумӣ тавзеҳ бидиҳанд ва ҳамчунин аз мақомоти интизомии кишвар интизор дорад, сабабгорони қатли ин ду зиндониро дар зудтарин фурсат муаррифӣ ва муҷозот намоянд. Ва низ аз созмонҳои ҳуқуқи башари дохил ва хориҷи Тоҷикистон таваққӯъ дорад, зимни маҳкум кардан, дар баробари ин ҷиноят ва шабеҳи он дар зиндонҳои Тоҷикистон бетафовут набошанд.
Ба гузориши шабакаи Аздо тв, субҳи 13-уми октябри соли ҷорӣ узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба номи Маҳмадназар Хоҷаев ва як тани дигар аз ҳаводорони мухолифини Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар зиндони маъруф ба «Кирпичний»-и шаҳри Ваҳдат тавассути зиндонбонҳо ба сурати ваҳшиёна ба қатл расидаанд.
Бино бар иттилои манобеи Аздо тв аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон, ин ду зиндонӣ субҳи 13-уми октябр аз соати 05:00 то 07:00 саҳар зери шиканҷаи зиндонбонҳо қарор гирифта, ҷони худро аз даст доданд.
Гузориш меафзояд, Хоҷаев Маҳмадназар Зубайдуллоеви 45-сола, ҳангоми шиканҷаи зиндонбонҳо аз ноҳияи сараш сахт осеб дида, дар натиҷаи хунравии аз ҳад зиёд вафот мекунад. Вай сокини ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ мебошад. Ва аммо нафари дигари ба қатл расида, ки исмаш ҳанӯз маълум нест, аз сокинони шаҳри Душанбе мебошад.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ин ҷиноятро шадидан маҳкум мекунад ва аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари дохил ва хориҷи Тоҷикистон тақозо мекунад, роҷеъ ба ҷинояти мазбур бетафовут набошанд ва аз мақомоти Тоҷикистон бихоҳанд, омилони бевостаи қатли номбурда ва низ фармондеҳони пушти пардаи ин ҷиноят сареъан муҷозот шаванд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)
Варшава, Лаҳистон (Поланд)
21.10.2021.