Баёнияи КШНГЗС оид ба номаи ду зиндонии сиёсӣ ба Эмомалӣ Раҳмон

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) бо таваҷҷӯҳ ба номаи саргушодаи ду зиндонии сиёсӣ: Раҳматуллоҳи Раҷаб ва Зубайдуллоҳи Розиқ — ду узви собиқи Раёсати Олии ҲНИТ — ба раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва шарҳу тавзеҳи онҳо аз чигунагии боздошт ва ғайриодилона зиндонӣ шудан ва дархости онҳо мабнӣ бар аз нав дида баромадан ва расидагии одилона ба парвандаашон, аз ниҳодҳо ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсони дохил ва хориҷи кишвар тақозо мекунад, нисбат ба сарнавишти онҳо бетафовут набошанд ва бо истифода аз тамоми имконот ва зарфиятҳои худ, барои озодии онҳо талош намоянд.

Лозим ба зикр аст, Раҳматуллоҳи Раҷаб барои 28 сол ва Зубайдуллоҳи Розиқ барои 25 сол маҳкум ба зиндон шудаанд. Онҳо дар ин нома дархости худ аз Додситонии кулл, Додгоҳи Олӣ ва Омбудсмен мабнӣ бар бозбинии парвандаашонро такрор карданд.

Ин ду маҳбуси сиёсӣ ҳамроҳ бо Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода қаблан бо ирсоли номае ба се ниҳоди фавқуззикр хоста буданд, парвандаи онҳо бозбинӣ шуда, мурофиъаи додгоҳиашон кушода ва бо ширкати намояндагони созмонҳои байналмиллалу расонаҳо баргузор шавад. 

Матни номаи онҳо ду ба шарҳии зер аст:

Мӯҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон!

Мо собиқ аъзои Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки имрӯз дар маҳбас қарор дорем, қариб ба ҳамаи сохторҳои зидахли кишвар бо аризаи шикоятӣ ва муроҷиатнома арзи ҳол намудем, мутаассифона ҳамаи онҳо ба дархости мо ҷавоби рад доданд. 

Имрӯз ногузир ба Ҷаноби Шумо бо умеди имдод бо мактуби кушод муроҷиат намуда, мехоҳем воқеъияти аслии қазияро ба таври муфассал баён намоем. 

Шоми рӯзи 15.09.2015 кормандони КДАМ 13 тан аъзои РО ҲНИТ-ро бидуни пешниҳоди ҳуҷҷат аз манзилҳои истиқоматиямон дастгир ва ба боздоштгоҳи муваққатии КДАМ оварда, баъди латукӯби зиёд ғайриқонунӣ ба ҳабс гирифтанд.

Пас аз чанд рӯз бо вуҷуди дар даст надоштани далели айбдоркунанда нисбати мо аъзоёни РО ҲНИТ бо моддаи 187 қ. 2-и КМҶҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз намуданд. Ин дар ҳоле буд, ки ҲНИТ расман фаъолият дошт. Танҳо баъди 13 рӯзи ба маҳбас кашидани мо Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври расмӣ онро мамнӯъ эълон кард.

Баъди содир намудани ҳукми боздошт аз тарафи гурӯҳи муфаттишони Прокуратураи генералӣ, мисли он ки кайҳо боз моро пурсида ва мутақоид карда бошанд, бо моддаҳои 187 қ.1,187 қ.2, 189 қ.3 б ”а”, 307 қ.3, 331 қ. 3 б. “а”, 104 қ. 2 б. а,б, ж,з,и,л,м,п. 32 қ. 3, 104 қ.2, 309 қ.2 б. “б”, 32 қ. 3, 179 қ.3 б.”а”, 306, 313, 195, 199 қ. 4 б. а,б,ж,з,и,л,м,п., 3071 қ.1, 3071 қ. 2 КМҶҶ ҶТ парванда боз намуда пурсупорсро оғоз намуданд.

Аз чунин ранг гирифтани кор эҳсос мешуд, ки қазияи парвандаи сохтаву бофтаашонро мураккабтар кардаанд.

Бар замми ин болои парвандаи пурсарусадои мо мӯҳри махфӣ ниҳоданд ва бо ин амал хостанд “сирри” тафтишотро пӯшонанд.

Дар асл парванда ба ҷуз аз аҳли ҷомеа пинҳон доштани тӯҳмату бӯҳтон ягон нуктаи махфӣ надошт.

Ин буд, ки муфаттишон аз аввал то охири рафти тафтишот танҳо ба таври ошкор саҳнасозӣ ва нақшабозиҳои беҳунарона нишон медоданд. То ҷое, ки бозпурсиҳои муфаттишон ва посухҳои мо гумонбаршудагон дар парванда дарҷ нашуд.

Мо аз сардори гурӯҳи тафтишотии Прокуратураи генералӣ Иброҳим Иброҳимзода пурсидем, ки чаро дар парванда посухҳои мо сабт нашуд ва расму манзараҳо, хулосаҳои тиббие, ки ба мо тамоман рабт надорад дар парванда ҷой дода шудаанд, ӯ дар посух гуфт, аз ҷавобҳои шумо матлаб ҳосил намешавад. Бинобар ин мо ногузир ҳамаи ин далелҳоро ба алайҳи шумо ҷамъоварӣ намудем. 

Ҳамин тавр Прокуратураи генералӣ асли воқеъаро ба назар нагирифта, парвандаро аз ибтидо то интиҳо кӯркӯрона ва ба сохтакориҳои зиёд роҳ дода, беасос моро гунаҳкор донистанд.

Дар раванди тафтишот вақте мо барои исботи бегуноҳии хеш далелҳои қотеъ пешниҳод менамудем, муфаттишон бо табассуми муғбирона ишора менамуданд, ки ба ҷуз зиндонӣ шудан чораи дигар надоред ва фармон аз боло аст.

Аз ҷавоби онҳо бармеояд, ки мо на дар асоси қонун ва ба хотири ҷиноят содир намудан зиндонӣ мешавем, балки дар кишвари ҳуқуқбунёди демократӣ чунин балоро фармони кадом фармонравое бар сари мо овардааст.

Аз ҳама аламовару ҳайратангез он буд, ки ҳар боре дар рафти сӯҳбати кормандони КДАМ аз риояи қонун ва волоияти он ҳарф мезадем, ҳамаи онҳо писханд зада моро ба боди масхара мегирифтанд. Ва чунон вонамуд мекарданд, ки ҳама кор дар дасти онҳост ва онҳо болотар аз қонун ҳастанд. 

Ба ҳамин тарз Прокуратураи генералӣ якчунин парвандаи ҷаълиро ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.

Раисикунандаи мурофиаи судӣ Сатторзода А. дар раванди мурофиа ба далелҳои пешниҳоднамудаи мо эътибор намедод ва мисли он ки суханҳои моро намешунид. Кӯшиш мекард, ки ба санадҳои қалбакии сохтаи парвандаи Прокуратура кучактарин тағйирот ворид насозад.

Ин гувоҳӣ он аст, ки ӯ зери фишор қарор дошта, дар ҳалли масъала заррае мустақилият надошт. Ҳатто дар ҳолатҳои шунидани далелҳои раднопазири бегуноҳони “гунаҳгор” даст ба сӯи боло бардошта, ишора мекард, ки ӯ низ дар ҳалли дурустии масъала бечора аст ва қазия дар ҷои дигар ҳал мешавад. 

Дар ниҳояти кор раисикунандаи мурофиаи судӣ Ҳисайнов Умаралӣ ва Ҳаитов Маҳмадалӣ аз афроди шинохтаи кишварро, ки барои миллат дар ҳар лаҳзаи зарурӣ хидматашон мерасид бегуноҳ ба ҳабси абад маҳкум кард. 

Розиқов Зубайдуллоҳи 77 соларо, ки бояд дар ин синну сол дар ҳалқаи фарзандону наберагонаш қорор медошту ба тарбияи онҳо машғул мешуд, ба мӯҳлати 25 сол аз озодӣ маҳрум намуда ба иҳотаи нозирони Муассисаи ислоҳии низомаш сахт фиристод. 

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозодаи 70 соларо, ки яке аз рӯзноманигорони озодандеши кишвар аст, ба мӯҳлати 16 сол аз озодӣ маҳрум сохт. 

Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммадро, ки аз беҳтарин донишмандон ва дорандаи ордени Шараф буд, ба 23 сол роҳии зиндон намуд. 

Ҷобир Раҳматуллоҳи Раҷаби 64 сола, Давлатов Абдуқаҳҳор ва Авазов Қиёмиддинро, ки аз афроди донишманду лаёқатманд ҳастанд ба 28 солӣ ва дигар аъзои РО ҲНИТ-ро ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум намуд. 

Бояд қайд намуд, ки мӯҳри махфӣ доштани парванда ҷиҳати пинҳон мондани сирри он ҳама тӯҳмату бӯҳтонҳои дастандаркорони КДАМ, Прокуратураи генералӣ ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суде набахшид ва 99 саҳифаи ҳукми суд ба таври комил ғайри чашмдошт дар шабакаҳои интернетӣ пурра нашр шуда, сохта будани парванда назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ошкор гашт. Аз ин рӯ ҷомеаи ҷаҳонӣ моро ба унвони маҳбусони сиёсӣ шинохт. 

Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ, мо бегуноҳони “гунаҳгор” зиёда аз 6 сол мешавад, ки паси панҷараҳои зиндон азият мекашем. Бар замми ин бо тамғаҳои экстримисту террорист, хоинони миллату ватан таъна мешавем ва баъзе қаламбадастони чоплусу муздур бо номҳои корманди академияи улум, марказҳои таҳлилӣ, хабарнигорони ношинос, кормандони муассисаҳои таълимӣ дар ВАО аз ҳарҷо ба ин нидоҳо садо баланд мекунанд, дар ҳоле, ки баъзе аз онҳо бо ҲНИТ робитаи наздик доштанд ва ҳатто онро барои ҷомеаи Тоҷикистон як ҳизби зарурӣ тавсиф мекарданд. Мо худро хуб мешиносем ва медонем, ки ба ватани азиз ва миллати сарбаландамон хиёнате накардаем ва нахоҳем кард. Ин тамғазаниҳо танҳо ба хотири он аст, ки мо дар ҷомеаи кишвар ва арсаи байналмилалӣ ба унвони маҳбусони сиёсӣ шинохта нашавем. 

Бояд гуфт, агар моро гунаҳгор медонанд, пас “гуноҳи” мо ҷуз аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон будан чизи дигаре нест. Ҳизбе, ки расман дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда ба таври расмӣ фаъолият дошт ва дар давраи фаъолияти худ ба ҳеч қонуншиканӣ роҳ надод. Ҳизбе, ки дар самтҳои гуногуни ҳаёти кишвар саҳм ва дар ба даст овардани истиқлолият ва барқарории он талошҳои зиёд ба харҷ дод. Ҳизбе, ки дар ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллӣ нақши муассир ва дар меҳварияти як ҷониби сулҳ қарор дошт. 

Ин ки моро дар исёни “Ҳоҷӣ-Ҳалим” ташаббускор медонанд, бофтаву сохтаи доираҳои манфиатдор аст. Шумо Ҷаноби Олӣ хубтар медонед, ки маншаи исён аз куҷост ва ба чӣ хотир роҳандозӣ шуда буд. Мо бар ин боварем, ки бо гузашт ва ошкор шудани ҷанбаҳои ҳаводиси номбурда назди Шумо аён гаштааст, ки ҲНИТ ва исёни мазкур ҳеч рабте надорад. 

Дар тӯли зиёда аз 6 сол ба умеди расидани рӯзе, ки ақли солим ва ангезаи адлу инсоф боло гирифта, ҳақиқат рӯи об мебарояд, аз сабру бурдборӣ кор гирифта, ҳамаи азиятҳои ба сарамон омадаро таҳаммул кардем. Вале афсӯс, ки умедамон амалӣ нашуд. 

Имрӯз дар арафаи рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кафили он Шумоед ва ҳамеша аз волоияти Қонун пуштибонӣ менамоед, хостем ба номаи кушод Ҷаноби Шуморо дар ҷараён гузорем. 

Бинобар ин, аз Шумо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар мавриди шикастан ва дар ҳузури коршиносону нозирони байналмилалӣ ва рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ аз сари нав дидани парвандаи моро мусоидат намоед. 

Маҳкумшудагон:

Зубайдулло Розиқов

Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб

01.11.2021

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: