Баёнияи КШНГЗС оид ба муҷозоти зиндониёни сиёсие, ки ба раисиҷумҳур нома навиштанд

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни шадидан маҳкум кардани муҷозоти ду зиндонии рӯзноманигор ва аз раҳбарони ҲНИТ Зубайдуллоҳи Розиқ ва Раҳматуллоҳи Раҷаб ва шуморе дигар бо бурдан ба утоқи ҷазо (ШИЗО) пас аз номаи ин ду зиндонии сиёсӣ ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз ниҳодҳо ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башарии дохил ва байналмилалӣ тақозо мекунад, бо дархости расмӣ аз мақомоти зирабти Тоҷикистон, роҷеъ ба иллати муҷозоти онҳо гузориш таҳия карда, онро ба кумитаи ҳуқуқи башари вобаста ба СММ ирсол намоянд ва аз мақомот бихоҳанд, то даст аз поймол кардани ҳуқуқи зиндониён бардоранд.

Ба гузориши расонаҳо, Раҳматуллоҳи Раҷаб ва Зубайдуллоҳи Розиқ, ки ҳафтае қабл ба раисиҷумҳур барои бозбинии парвандаашон нома навишта буданд муҷозот шуданд. Тибқи ин гузоришҳо, онҳо ба утоқи ҷазо (ШИЗО) бурда шуда, маъмурони зиндон ба наздикони онҳо иҷоза намедиҳанд, то бо зиндониёни номбурда мулоқот намоянд.

Валамат Иброҳимзода, ҳамсари Раҳматуллои Раҷаб, рӯзи 11-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар паси дарвозаи маҳбаси шаҳри Ваҳдат истодааст ва мехоҳад, сабаби ба ШИЗО андохта шудани шавҳарашро фаҳмад. Ба нақли ӯ, Раҳматуллои Раҷаб 8-уми ноябр дар суҳбати телефонӣ гуфтааст, ки “ҳардуи моро барои нома ба ШИЗО мебаранд.”

Гуфтанист, Аздо ТВ рӯйхати зиндониёне, ки ба ин далел ба утоқи ҷазо (ШИЗО) бурда шудаанд нашр кардааст. Дар ин рӯйхат номи 22 маҳбус навишта шудааст, ки дар байнашон номҳои Раҳматуллоҳи Раҷаб ва Зубайдуллоҳи Розиқ низ дида мешаванд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

Варшава, Лаҳистон

12.11.2021

Баёнияи КШНГЗС оид ба муҷозоти зиндониёни сиёсие, ки ба раисиҷумҳур нома навиштанд: Один комментарий

Добавьте свой

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: