Шарҳи ҳоли Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ

Ба муносибати Ҳафтаи Зубайдуллоҳи Розиқ ва Раҳматуллоҳи Раҷаб

Зубайдулло Розиқов маъруф ба Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ, фаъоли иҷтимоӣ, сиёсатмадор, мудири Академияи улуми ҲНИТ, исломшинос, собиқ имомхатиби масҷиди ноҳияи Ғозималик (Хуросони имрӯза), собиқ сардабири ҳафтаномаи “Наҷот” — нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аст.

Вай соли 1946 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар хонаводаи кишоварз таваллуд шудааст.

Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ маълумоти миёнаро дар зодгоҳи худ ва олиро дар шаҳри Душанбе ва аммо дарсҳои диниро аз уламои маъруфи кишвар, аз ҷумла Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ фаро гирифтааст.

Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ яке аз бунёнгузорони ҲНИТ ва руҳонии бонуфузи кишвар аст. Ӯ солҳои зиёд дар ҲНИТ фаъолона иштирок дошт, аз ҷумла сармуҳаррир ва муаллифи ҳафтаномаи “Наҷот”, мудири шӯъбаи илмии ҳизб, узви Шӯрои уламои ҳизб ва ҳамчунин раиси Академияи улуми ҲНИТ буд.

Вай забонҳои русӣ, форсӣ ва арабиро медонад. Оиладор аст ва 5 фарзанд дорад.

Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ баъд аз зуҳри 16 сентябри соли 2015 дар манзили худ аз ҷониби кормандони КДАМ ба иттиҳоми даст доштан дар шӯриши генерал Ҳоҷӣ Абдулҳалим Назарзода – муовини вақти вазири дифоъи кишвар дар шаҳри Душанбе боздошт шуд. ҲНИТ ин иттиҳомро комилан рад мекунад.

Зубайдуллоҳи Розиқ — узви шӯрои сиёсӣ ва раёсати ҲНИТ, мудири бахши илмии ҲНИТ, исломшинос, собиқ имомхатиби масҷиди ноҳияи Ғозималик, собиқ сардабири нашрияи ҳизбии “Наҷот” буд. Ӯро ба иттиҳомоти сохта ва бофта дар додгоҳи пӯшида ба 25 соли зиндон маҳкум карданд.

Баъди нигаҳ доштан барои муддати тӯлонӣ дар шӯъбаи изоляторӣ мавсум ба КНБРТ вазъи саломатиаш бад шуда, аз заъфи биноӣ, баланд шудани фишори хун, бемориҳои дандонҳо, буғумҳо ва дарди сутунмӯҳра шикоят мекунад.

Ахиран ҳамроҳ бо Раҳматуллоҳи Раҷаб ва шуморе дигар аз зиндониёни сиёсӣ, номаи саргушода ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон навишта, аз ӯ бозбинӣ дар парвандаи худро тақозо намуда буд. Вале дар иваз мақомот ба ҷои ҷавоб ва расидагӣ ба дархости ӯ, вайро ба хотири навиштани ин нома, ба утоқи ҷазо мавсум ба ШИЗО мунтақил намуданд.

#Ҳафтаи_Зубайдулло_Розиқов_ва_Раҳматулло_Раҷаб
#Озодӣ_ба_Раҳматуллоҳи_Раҷаб
#Озодӣ_ба_Зубайдуллоҳи_Розиқ
#Бас_аст!
#Аз_15_ноябр_то_21_ноябри_соли_2021

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: