Шарҳи ҳоли Раҳматуллоҳи Раҷаб

Ба муносибати Ҳафтаи Зубайдуллоҳи Розиқ ва Раҳматуллоҳи Раҷаб

Раҳматуллоҳи Раҷаб (Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб) 5-уми июни соли 1958 дар деҳаи Такназарии ноҳияи Файзобод дар хонаводаи коргар ба дунё омадааст. Ӯ соли 1965 дар мактаби миёнаи ҳамин деҳа таҳсил намуда, соли 1975 мактаби миёнаро хатм намудааст.

Вай соли 1975 ба Институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко дохил шуда, соли 1982 ғоибона онро хатм ва солҳои 1976-78 дар артиши Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ (СССР), ки Тоҷикистон ҷузъе аз он маҳсуб мешуд, хидмат кардааст. Ӯ дар ҳангоми хидмати ҳарбӣ дар Олмон буд.

Фаъолиятҳо

Раҳматуллоҳи Раҷаб аз соли 1978 дар (ГОСКОМСТАТ-КДСҶТ) — Комитети давлатии статистикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Мудири хоҷагӣ, соли 1981 дар ҳамин ниҳод ба унвони Сардори Шӯъбаи таъминоти техникӣ ва аз соли 1984-91 ҳамчун Муовини сардори Раёсати молиявӣ дар ниҳоди мазкур кор кардааст.

Ӯ соли 1985 дар Донишгоҳи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи И. В. Ленин ғоибона таҳсил ва дар соли 1990 донишгоҳи номбурдаро дар риштаи иқтисоддон хатм намудааст.

Раҳматуллоҳи Раҷаб солҳои 1990-1992 ба Созмони мардумӣ Растохез пайваст ва ҳамчун хабарнигор дар рӯзномаи “Растохез” ва ҳамзамон муовини раиси барномаҳои Телевизиони мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият кардааст.

Ӯ аз соли 1994 то 1996 сармуҳосиби Иттиҳодияи давлатии кооперативии ГКО “Роҳсоз” фаъолият намудааст.

Раҳматуллоҳи Раҷаб аз соли 1999-2002 дар Ташкилоти даниявии “Mission East” ҳамчун коргари саҳроӣ ва соли 2002-2004 ба унвони ҳамоҳангсоз фаъолият кардааст.

Вай аз соли 2005-2006 корманди рӯзномаи “Миллат” буд.

Ӯ дар соли 2006-2007 дар ҶДММ “Рафиграф” корхонаи табъуннашр ба ҳайси ҷонишини директор кор карда, дар ҳамин даврон ба унвони корманди Шӯъбаи кадрҳо ва омӯзиши сиёсии ҲНИТ фаъолият намудааст.

Раҳматуллоҳи Раҷаб аз соли 2006 корманди Шӯъбаи интихоботӣ ва соли 2007 раиси Шӯъбаи интихоботии ҲНИТ буда, соли 2010 узви РО ҲНИТ гардида, дар соли 2013 ҳамчун раиси Ноҳияҳои тобеи марказӣ дар ҲНИТ кору фаъолият кардааст.

Дар санаи 16-уми сентябри соли 2015, Суди олии ҶТ бе далели шайъӣ бо 16 моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ ӯро ба 28 соли зиндон маҳкум ва аз озодӣ маҳрум намудааст. Ҳоло дар колонияи низомаш сангин дар Муассисаи ислоҳотии ЯС №3/1-Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ нигоҳдорӣ мешавад. Раҳматуллоҳи Раҷаб донандаи забонҳои форсӣ ва русӣ аст. Оиладор аст ва соҳиби 5 фарзанд мебошад.

#Ҳафтаи_Зубайдулло_Розиқов_ва_Раҳматулло_Раҷаб
#Озодӣ_ба_Раҳматуллоҳи_Раҷаб
#Озодӣ_ба_Зубайдуллоҳи_Розиқ
#Бас_аст!
#Аз_15_ноябр_то_21_ноябри_соли_2021

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: