Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни шадидан маҳкум кардани иқдоми мақомоти милисаи Рашт мабнӣ бар иттиҳоми Мавҷигул Ғарибова, модари Ҷунайдулло Худоёров ба “авбошӣ” ва бозпурсии ин зани бепаноҳ, аз Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон тақозо мекунад, фавран аз ин корҳои ғайриинсонӣ ва хилофи қонун даст бардорад.
Ва ҳамчунин ба созмонҳои ҳуқуқи башарии дохил ва хориҷи Тоҷикистон муроҷеат мекунад ва аз онҳо мехоҳад, нисбат ба рафторҳои зиддиқонунии мақомоти интизомии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳрвадон ба хотири интиқод аз амалкарди нодуруст ва мухолифи Қонуни Асосии кишвар тавассути ниҳодҳои давлатӣ, бетафовут набошанд.
Гуфтанист, Мавҷигул Ғарибова, зани 65-сола ва модари Ҷунайдулло Худоёров, сокини деҳаи Яшми ноҳияи Рашт, ду рӯзи паёпай дар раёсати минтақавии корҳои дохилии Рашт ба иттиҳоми “авбошӣ” таҳти бозпурсӣ қарор гирифтааст.
Ба гузориши сайти Бомдод, Фарҳод Худоёров, писари Мавҷигул Ғарибова, дар ин робита гуфт: “Модарамро рӯзи 12 ноябр то бегоҳ бозпурсӣ карда, танҳо баъди расидани шом ба хона ҷавоб доданд. Имрӯз ҳам аз субҳ ба бозпурсӣ рафт ва танҳо баъди соати се ба хона баргашт.”
Бар асоси ин гузориш, Фарҳод мегӯяд, нисбат ба модараш, ба иловаи бародараш Ҷунайдулло, бар асоси қисми сеюми моддаи 237 бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС)
Варшава, Поланд
16.11.2021
Добавить комментарий