Абдусаттор Бобоев: “Кумита дар соли ҷорӣ дар кори худ мисли дигар солҳо фаъол буд”

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) дар гуфтугӯ бо сайти “Зиндониён”, бо ишора ба ин ки дар ду соли сипаришуда бемории куруно дар дунё фарогир буд, гуфт: “Аммо бо вуҷуди он, Кумита дар кори худ мисли дигар солҳо фаъол буд.

Машрӯҳи мусоҳибаи сайти «Зиндониён» бо Абдусаттор Бобоев:

Салом, лутфан дар бораи фаъолиятҳои Кумита дар солҳои 2020 ва 2021 ба сурати мухтасар мефармудед.

— Салому дуруд хидмати ҳамаи муборизон, муҳоҷирон ва созмонҳое, ки дар хидмати мазлумон ва зиндониёни сиёсианд.

Дар ду соли сипаришуда, бо он ки бемории куруно дар дунё фарогир буд, аммо Кумитаи мо дар кори худ мисли дигар солҳо фаъол буд, тамоми ҷаласаҳоро ҳар ҳафта ба сурати онлайн доир мекардем ва ҳамаи аъзои Кумита дар он фаъолона ширкат мекарданд.

Кумита ҳар мушкилот ва ҷинояту ваҳшонияте, ки режим ва ҳукумати хонаводагии Раҳмон сари зиндониён ва хонаводаи зиндониён, ки гаравгони ин режим ҳастанд муртакиб мешуд, баррасӣ мекард. Ин масоил дар Кумита таҳлил ва сипас изҳороту баёнияҳо содир намуда, аз мақомоти қудратии кишвар талаб мекардем, ки даст аз ин ҷиноятҳо бикашанд. Ва ҳамчунин ба созмонҳои ҳуқуқи башарии дунё ба забонҳои мухталиф нома ирсол карда, онҳоро аз ҷиноятҳои зиддибашарии ин ҳукумати номардумӣ огоҳ ва аз онҳо дархости мудохила дар амалҳои ноҷавонмардонаи режим мекардем.

Хулоса, дар ин сол мо фаъолиятҳои назарраси зиёде доштем, аз ҷумла маҷаллаи Кумитаро, ки дар солҳои гузашта ба нашр расида буд, омодаи нашр кардем. Дар ин маҷалла мо то қадри имкон ҷиноят ва ваҳшониятҳои мақомоти қудратии Тоҷикистонро ҷамъоварӣ кардем.

— Ҳамон тавре, ки фармудед, дар ин ду сол Кумита номаҳое ба созмонҳо ва ниҳодҳои ҳуқуқи башарии байналмилалӣ дар бораи зиндониёни сиёсӣ ва вазъи риққатбори онҳо ирсол кардааст. Оё ин созмонҳо ҷавобе медоданд ва иқдоме дар ростои озодии зиндониёни сиёсӣ анҷом доданд?

— Зиёда аз се сол аст, ки Кумитаи мо фаъолият дорад. Дар ин муддат, мо 183 нома ба созмонҳо ва кишварҳо ирсол кардем; ба созмонҳое мисли СММ, Иттиҳодияи Аврупо, САҲА, Хонаи Озодӣ, Ҳюман Райтс Вотч ва дигар созмонҳо. Мо бо онҳо робита дорем ва аз онҳо ҷавоби номаҳо ба мо мерасад ва онҳо ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо моро мекунанд.

Ҳамчунин аз ин адад номаҳое, ки гуфтем, нома барои санадҳои қабули паноҳҷӯён ва муҳоҷирони сиёсии паноҳҷӯ, ки мехостанд ба кишварҳое, ки дар онҷо барояшон хатар таҳдид намекунад тартиб дода, ба онҳо фиристодем, ки 70 дарсади ин номаҳои КШНГЗС барояшон кӯмак шуд.

— Лутфан, дар бораи Бобои Дона ва ҳамчунин муовини раиси ҳизби Сотсиал демократи Тоҷикистон Маҳмурод Одинаев ва низ Далер Шарипов мефармудед. Парвандаи онҳо чӣ шуд?

— Хушбахтона, Дониёл Набиев (Бобои Дона), ин муйсафеде, ки ҳудуди 90 сол син дошт, бо талошу кӯмакҳои созмонҳо ва ба хусус Кумитаи наҷот, ки тамоми саъю кӯшиши худро ба харҷ дод, баъди як сол озод шуд. Рӯзноманигор Далер Шарипов низ баъди як соли адои ҳукми ҷазо ба озодӣ баромад. Вале Маҳмурод Одинаев ҳукми сангини ноодилона гирифт, ӯ то ҳол дар зиндон аст ва тибқи хабарҳое, ки мо аз дохили зиндон дорем, аз тарафи ин режими ваҳшӣ шиканҷа мешавад ва ҳукумат барояш дикта кардааст, ки аз раисиҷумҳур талаби авф кунад, вале ин марди қаҳрамон рад карда гуфтааст, ки талаби авф касе мекунад, ки мисли шумо муҷрим ва гуноҳкор аст, ман як зиндонии сиёсии бегуноҳ бояд бе ягон қайду шарт ва бо ҷуброн ва узрхоҳии шумо озод шавам.

— Дар рӯзҳо ва солҳои оянда чӣ нақшае доред?

— Мо дар охири ҳар сол ҷаласаи солона доир мекунем. Дар он ҷаласа раиси Кумита ва муовинонаш аз нав интихоб мешаванд. Дар ин ҷаласот мо сохтор ва барномаи кории яксоларо тарҳ мекунем ва тибқи он амал мекунем.

Ҷиноятҳои режими Душанбе ночаконда ба ҳамаи созмонҳо, кишварҳо ва расонаҳои дунё фиристода мешаванд.

Дар соли пеши рӯ нақшаҳои кории зиёде дорем, ки барои режими Раҳмон хеле ҳам бад ва мушкилзо хоҳад буд, ки дигар намедонанд сарашонро куҷо зананд.

— Саломат бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: