Бузургмеҳр Ёров кист?

Ба муносибати Ҳафтаи Бузургмеҳр Ёров

Бузургмеҳр Ёров Равшанович, мутаваллиди 9 июли соли 1971, маҳалли таваллуд шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ӯ дар хонаводаи як зиёӣ таваллуд шудааст. Падараш Равшани Ёрмуҳаммад нависандаи маъруфи тоҷик ва модараш Исҳоқова Ҳуриниссо, ки хонашин аст.

Бузургмеҳр дар соли 1988 мактаби миёнаи №11-и шаҳри Душанберо хатм ва аз соли 1988 то 1989 дар мактаби миёнаи №10-и ҳамин шаҳр ба сифати сарпионервожатий кор кардааст.

Ӯ дар соли 1997 аз риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон фориғуттаҳил шуда.

Чанд соле ҳам дар шӯъбаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба сифати муфаттиш кор кардааст.

Бузургмеҳр дар барқарории Ҳукумати конститутсионӣ аз моҳи марти соли 1993 то декабри соли 1996 ширкат намудааст.

Вай аз соли 1996 то соли 1998 ба сифати муовини директори нашриёти адабиёти кӯдакон ба номи “Афсона” вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ кор карда, аз 01.11.1998 то рӯзи боздошт шуданаш дар 28.09.2015 ба сифати ҳимоятгар, аввал дар маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, аз 06.09.2007 ба сифати Раиси коллегияи адвокатҳои шаҳри Душанбе ва аз 15.05.2009 ба сифати Раиси Коллегияи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи “Сипар” кору фаъолият доштааст.

Ҳамчунин солҳои 1998-2007 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишкадаи Андоз ва Ҳуқуқ ба сифати муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ аз фаннҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ, психологияи ҳуқуқӣ ва этикаи судӣ дарс додааст.

Бузургмеҳр дар баррасии парвандаҳои зиёде иштирок намудааст. 12 маротиба ба Комитети СММ оиди ҳуқуқи инсон, оиди вайрон намудани ҳуқуқи шахсон аз тарафи Тоҷикистон муроҷиат намуда, 7 дархосташ қонеъ шуда, 1-тоаш рад ва 4-тои дигараш (аз 28.09.2017) мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд.

Дар хориҷи кишвар бо сафарҳои хидматӣ дар Эрон, Афғонистон, Русия, Украина, Ӯзбекистон, Туркманистон, Кирғизистон, Қазоқистон, Амрико, Олмон, Чин ва Арабистони Саудӣ будааст.

Бузургмеҳр узви Ҳизби Сотсиал-демократи Тоҷикистон мебошад. Вай аз соли 2011 узви Шӯрои сиёсии ҲСДТ аст. Аз соли 2013 сардори шӯъбаи ёрии иҷтимоӣ-ҳуқуқии аҳолии ҲСДТ мебошад.

Бузургмеҳр аз тарафи ҲСДТ дар интихоботи соли 2015 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикиситон иштирок карда буд.

Дар 28 сентябри соли 2015 аз тарафи ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон боздошт шуда, дар натиҷаи се мурофиаи судӣ ба 28 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

Бузургмеҳр Ёров дар ҳоле, ки дигар аз ҳамтоёни вай аз ба ӯҳда гирифтани парвандаҳое меҳаросиданд ва хатар дошт, онҳоро ба дӯш гирифта, аз соҳибони он парвандаҳои хатарнок ҳимоят кардааст. Аз ҷумла, дар соли 2011 аз қозӣ Акбар Тӯраҷонзода, соли 2013 аз раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, соли 2014 аз Фахриддин Зокиров, соли 2014 аз аспиранти канадаӣ Александр Содиқов ҳимоят кардааст.

Саранҷом, ӯ аз боздоштшудаҳои ҲНИТ, бо вуҷуди хатарнок будан, ҳимоятро шурӯъ кард. Ба ӯ таҳдид карданд, ки агар даст аз ҳимояти онҳо набардорад, ба эҳтимоли зиёд худашро ҳам боздошт ва зиндонӣ кардан таҳдид мекунад. Аммо вай шуҷоъона ва наҳаросида ба кори худ идома дод, то он ки худи ӯро ба тӯҳматҳои бофта боздошт ва барои 28 сол равонаи зиндон намуданд.

Бузургмеҳр Ёров дар ҳоле, ки дар зиндон ба сар мебарад ва созмонҳои ҳуқуқи башарии зиёде озодии фаврии ӯ аз зиндонро талаб кардаанд, ду сол пеш ба яке аз бузургтарин ҷоизаҳои байналмилалӣ дар заминаи дифоъ аз ҳуқуқи инсон яъне ҷоизаи Ватслав Гавел сарфароз карда шуд ва бародараш Ҷамшед ба намояндагӣ аз ӯ онро дарёфт кард.

Бузургмеҳр оиладор буда, соҳиби 5 фарзанд аст.

#Ҳафтаи_Бузургмеҳр_Ёров

#Свободу_Бузургмехру_Ёрову

#Free_Buzurgmehr_Yorov

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: