Изҳороти Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) дар бораи вазъи кунунии Бадахшон

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ҳаводиси ахири Бадахшонро, ки боиси марг ва захмӣ гаштани афроди мулкӣ гаштааст пайгирӣ дорад ва аз истифодаи силоҳ бар зиддӣ мардум, ки ҳаққи конститутсионии эътирози мусолиҳатомезро доранд сахт нигарон буда, ин амалкарди ғайриқонунии мақомотро нисбати мардум шадидан маҳкум мекунад ва сар задани ин бӯҳронро натиҷаи зӯроварии навбатии ҳукумат бар зидди мардуми сарбаланд ва қонунмеҳрави ин вилоят медонад.

Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии кишвар, ки зидди ҳама гуна фишор ва зӯроварӣ бар зидди мардум аст, борҳо ҳукумати кишварро ҳушдор додааст, ки барои дар фазои осоишта зиндагӣ кардани мардум, аз истифодаи силоҳ даст бардорад. Ва онҳое, ки зидди мардум чӣ ҷинояткор бошад, чӣ бегуноҳ аз силоҳ тир мепаронанд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд ва барои ин амалашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд, чӣ вазир бошаду чӣ хизматчии оддӣ.

Ҳамлаи мусаллаҳонаи соли 2012 ва чандин тавтиъаҳои дигар дар солҳои баъдӣ, ки боиси қатлу куштори мардуми мулкӣ шуду зиндагии осоиштаи мардумро халалдор кард, тақвиятдиҳандаи гуфтаҳои болоянд.

Болои мардуме, ки бар талаби адолат бар алайҳи қонуншиканиҳо ва беадолатиҳои мақомоти кишвар таҷаммӯъ кардаанд тир кушодан болотарин сатҳи зулм аст ва Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ин амалро террори шаҳрвандон аз ҷониби ҳукумат меҳисобад.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) тамоми масъулиятро дар вазъияти ба амал омада бар дӯши роҳбарияти кишвар медонад ва қотеъона аз роҳбарияти давлат талаб мекунад, ки талаботи қонунӣ ва одилонаи мардуми Бадахшонро, ки дар баёнияи мардумӣ нашр шудааст, фавран амалӣ кунад ва даст аз зӯровариву хушунат алайҳи мардуми шарифи Бадахшон бардорад!

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

26.11.2021

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: