Шерик Карамхудоев кист?

Ба муносибати Ҳафтаи зиндониёни сиёсии Бадахшон

Карамхудоев Шерик Элчибекович зодаи 29 апрели соли 1970 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

Ӯ мактаби миёнаи ба номи Юрий Гагарини шаҳри Хоруғро хатм ва сипас дар риштаи бухгалтерии Техникуми ҳамин шаҳр шурӯъ ба таҳсил кард, аммо ба сабаби ҷангҳои шаҳрвандӣ, муваффақ ба итмоми таҳсил дар ин маркази илмӣ нашуд.

Падари ӯ, Элчибек Карамхудоев, замоне ки Шерик дар синфи 10-ум мехонд, аз дунё чашм пӯшидааст. Модараш дар сентябри 2021 вафот ёфта.

Шерик ба монанди бисёре аз тоҷикистониҳо, дар як хонаводаи сефарзанде ба воя расидааст. Ӯ бемор ва инвалиди гурӯҳи 3 ба шумор меравад.

Шерик Карамхудоев, раҳбари бахши хоруғии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон буд.

Вай моҳи июли соли 2012 аз сӯи мақомоти интизомии кишвар дар Хоруғ боздошт шуд. Мақомоти амниятӣ ва интизомӣ иттиҳомоти бепояеро ба пойи ӯ бастанд ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз карданд.

Пайвандони Шерик дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ дар майи соли 2013, парванда алайҳи ӯро сиёсӣ донистанд. Шерик Карамхудоев ҳамроҳ бо Димон Ашӯров (ки шарҳи ҳолаш ба сурати алоҳида хоҳад омад) барои як силсила иттиҳомоти бепоя муҳокима шуданд. Масъулони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон боздошти ӯро натиҷаи иқдоми ҳукумат барои амалӣ кардани қарорҳои Протоколи 32-20 донистанд.

Мурофиаи Карамхудоев ва Ашӯров дуввумин мурофиаи марбут ба амалиёти соли 2012 дар Хоруғ буд, ки рӯзи 24 июли 2013 оғоз шуд. Ӯ ва Димонро ба иттиҳоми қатли раиси вақти идораи амнияти Бадахшон генерал Абдулло Назаров ва чанд иттиҳоми дигар зиндонӣ карданд; иттиҳомҳое, ки ҳар ду ҷавон онҳоро шадидан рад карданд.

Ба гузориши Радиои Озодӣ дар майи соли 2013, Файзи Олӣ — вакили дифои Шерик Карамхудоев, ба ин радио гуфт, ки “зерҳимояи вай дар мурофиаи ниҳоии Додгоҳи олӣ таъкид кардааст, ки ба истиснои иттиҳоми ҳифзи ғайриқонунии силоҳ, дигар айбҳоро эътироф намекунад.”

Вале ба гуфтаи ин вакили дифоъ, “Шерик Карамхудоев гуфт, ки моддаи 195-ро ҳам ба хотири он қисман эътироф мекунад, ки ба зӯрӣ ба гардани вай гузошта шудааст.”

Гуфтанист, Шерик Карамхудоевро ба иттиҳомҳои “созмон додани гурӯҳи ҷиноӣ”, “ширкат дар беназмиҳои оммавӣ”, “зӯроварӣ алайҳи намояндаи давлатӣ” ва “ғайриқонунӣ ҳифз кардани силоҳ” айбдор карданд ва айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барои ӯ 15 соли зиндон хост.

Ба гузориши Радиои Озодӣ дар соли 2013, вакилони дифоъи Шерик Кармхудоев зерҳимояи худро бегуноҳ ҳисобанд ва гуфтанд, ки ӯ иттиҳоми ҳифзи силоҳро низ таҳти фишор эътироф кардааст.

#Ҳафтаи_зиндониёни_сиёсии_Бадахшон

#Шерик_Карамхудоев

#Димон_Ашуров

#Сураҷ_Назаров

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: