Димон Ашӯров кист?

Ба муносибати Ҳафтаи зиндониёни сиёсии Бадахшон

Димон Ашӯров, ки ба Давлатбек низ маъруф аст, зодаи 13 декабри соли 1982 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

Димон дар рӯзи 20-уми августи соли 2012 аз ҷониби нерӯҳои махсуси Вазорати умури дохилӣ ба гумони ҳамдастӣ бо Имомназар Имомназаров дар постгоҳи Хоруғ боздошт ва барои пурсиш ба раёсати корҳои дохилии вилоят оварда шуд.

Гуфтанист, Имомназар Имомназаров аз чеҳраҳои маъруфи Бадахшон ва яке аз фармондеҳони мухолифин буд, ки дар тобистони соли 2012 тавассути нерӯҳои амниятӣ ва интизомӣ кушта ва ба шаҳодат расид.

Имомназар Имомназаров, яке аз ҷеҳраи маъруфи Бадахшон ва аз фармондеҳони ИНОТ, ки дар тобистони 2012 тавассути нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон кушта ва шаҳид гардидааст.

Димон пас аз боздошт ва оварда шудан ба бинои раёсати корҳои дохилӣ, аз ошёни севвуми утоқи бинои ин раёсат худро ба замин партофта, осеби сахти ҷисмонӣ гирифт. Бастагони Димон ӯро, ки шадидан маъюб шуда буд, барои дармон ба шаҳри Урумчии Чин бурданд.

Пайвандони Димон Ашӯров дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки нерӯҳои амниятии Тоҷикистон бегоҳи рӯзи 8-уми январи 2013 ӯро аз Урумчӣ ба Душанбе овардаанд.

Ғайрат Ашӯров, бародари Димон, рӯзи 9-уми январи ҳамон сол дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, маъмурони амниятӣ Димонро ба пайвандон нишон надода, аз толори ҳавопаймо бо аробаи маъюбӣ ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бурдаанд.

Димон Ашӯров дар январи 2013 тавассути мақомоти амниятии Тоҷикистон аз Урумчии Чин ба Душанбе дар ҳоле, ки сахт бемор буд оварда шуд.

Ғайрат илова кард, ки талоши хешовандону наздикони Димон, ки шоми дирӯз дар фурудгоҳи Душанбе ба пешвозу мулоқоти ӯ омада буданд, бенатиҷа анҷом ёфт.

Шерхон Салимзода, додситони кулли вақти Тоҷикистон, рӯзи 9-уми январи ҳамон сол, зимни нишасти хабарӣ дар мавриди Димон Ашӯров гуфт, ки мувофиқи муоҳидаи Тоҷикистону Чин ӯ ба Душанбе истирдод шуд. Шерхон Салимзода Ашӯровро дар он муттаҳам мекунад, ки ӯ аз беморхонаи Хоруғ фирор карда ба Чин рафтааст. Аммо наздикони Ашӯров мегӯянд, рафтори кормандони умури дохилӣ сабаби маъюбии боздоштшуда гардид ва ӯро маҷбур ба сафар кард.

Ғайрат Ашуров рӯзи 11-уми январи 2013 ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи гузашта Нозим Навҷувонов, вакили мудофеи Димон Ашӯров, ба Додситонии кулл дар мавриди ҷойи нигоҳдории зерҳимояаш муроҷиат кард. Дар посух, Додситонии кулл гуфтааст, Димон Ашӯров дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад.

Ғайрат Ашӯров мегӯяд, бародари вай, ки ба гумони ҳамдастӣ бо Имомназаров ба бинои раёсати умури дохилӣ оварда ва иттиҳомаш ҳанӯз собит нашуда буд, акнун бо ҷурми “фирор аз кишвар” айбдор мешавад.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 10 майи 2013, Димон Ашӯровро ба 12 сол зиндон маҳкум кард. Додгоҳи вай ва Шерик Карамхудоев, ки ҳамзамон буд, пушти дарҳои баста баргузор гардид.

Вакилони дифоъи Димон Ашӯров ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон нисбат ба зерҳимояашонро ғайриқонунӣ ва ноодилона арзёбӣ карданд.

Шӯҳрат Қудратов — вакили дифои Димон Ашӯров, рӯзи 10 май ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳ ин ҳукмро бидуни ширкати вакилони дифоъ эълон кард, ки муғойир ба қавонини ҷории кишвар аст.

Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъи маъруфи тоҷик, ки аз Димон Ашӯров дар додгоҳ ҳимоят кардааст.

Оқои Қудратов, ҳукми муваккилашро “говсуд” номид ва гуфт, додрас ҳақ надошт бидуни ширкати вакилони дифоъ ҳукм содир кунад.

Ӯ гуфт: “Вақте ба мо гуфтанд, ки имрӯз ҳукми додгоҳ содир нахоҳад шуд, мо аз бинои додгоҳ берун шудем ва баъди чанд муддат хабар ёфтем, алакай ҳукмашонро хондаанд.”

Шӯҳрат Қудратов ба Азия Плюс низ гуфт: “Димон Ашӯровро дар ҷиноятҳое муҷрим шинохтанд, ки ба ҳаводиси Хоруғ рабт надоранд. Аз сӯи дигар, додгоҳ дархостҳои мо барои даъвати шоҳидони аловигиро радд кард, ки аз яктарафа ва ба фодиаи ҷониби айбдоркунанда гузаштани ин мурофиа дарак медиҳад.”

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон мегӯяд, ҳамаи ин боздоштҳо аз ҷумла боздошт ва зиндонӣ кардани Шерик Карамхудоев ва Димон Ашӯров ва ёрони онҳо ва низ қатлу кушторҳо дар тобистони соли 2012 аз ҷумла шаҳодати мазлумонаи Имомназар Имомназаров ва Сабзалӣ Мамадризоев, ҳамаи инҳо амалӣ кардани қарорҳои Протоколи 32-20 мебошад, ки ба фармони шахсии Эмомалӣ Раҳмон иҷро шудаанд. Ҳадаф аз қарорҳои ин протокол маҳв ва дур кардани мухолифони режим буд, ки қатъан ба ин ҳадафи нопок нахоҳанд расид.

#Ҳафтаи_зиндониёни_сиёсии_Бадахшон

#Шерик_Карамхудоев

#Димон_Ашуров

#Сураҷ_Назаров

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: