Сураҷ Назаров кист?

Ба муносибати Ҳафтаи зиндониёни сиёсии Бадахшон

Назаров Сураҷ Хушвақтович, зодаи 9 сентябри соли 1975 дар рустои Рохарви ҷамоати деҳоти Маҳмадулло Абдуллоеви ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

Сураҷ мактаби миёнаи рақами 4-и маркази ноҳияи Ванҷро хатм кардааст. Ӯ дорои маълумоти олӣ ва дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмати Тоҷикистон таҳсил ва онро бо муваффақият хатм намудааст.

Ӯ пас аз хатми донишкада, ба сабаби набуди кор дар кишвар, мисли ҳазорон ҷавони тоҷикистонии дорои маълумоти олӣ, ночор ба ҳиҷрат ва машғули кор шуд. Сипас ба ватан баргашт ва ба соҳибкорӣ машғул ва муддате ҳам бекор буд.

Ӯ оиладор ва соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Сураҷ яке аз фаъолони иҷтимоӣ буда ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба хусус дар гурӯҳи Забони порсӣ, фаъолона иштирок мекард. Изҳори назарҳои вай дар расонаҳо роҷеъ ба фарҳанг, забони модарӣ ва боло бурдани сатҳи огоҳӣ хусусан аз сӯи ҷавонони тоҷик, машҳур аст.

Дар аввалҳои соли ҷорӣ (2021), мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон ӯро ба иттиҳоми фаъол будан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва хусусан Фейсбук ва бознашри яке ду суханронии Муҳаммадиқболи Садриддин ва матлаби сомонаи “Ислоҳ” ва ҳамчунин матолиби Паймони Миллии Тоҷикистон боздошт ва ба 7 сол зиндон ва маҳрумият аз озодӣ маҳкум карданд.

Вакили дифоъи ӯ шахсе ба номи Зоир Додихудоев, ки ҳамшаҳрии ӯ яъне аз Ванҷ аст, буд. Зоир Додихудоев тамоми талоши худро барои бегуноҳии Сураҷ аз назари қонунҳои ҷории Тоҷикистон ба харҷ дод, вале кӯшишҳояш бенатиҷа буданд. Ҳеч кас ба ҳарфҳои ӯ гӯш надод. Ва ҳатто иҷозат надоданд, Сураҷ машмули қонуни афв шавад.

Сураҷ Назаров ҳамроҳ бо фарзандон

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни Тоҷикистон бо муроҷеа ва созмонҳо ва ниҳодҳои байналмилалии ҳуқуқи башар тамоми саъйи худро барои озодии ин марди Худо ва миҳанпараст ба кор мегирад.

#Ҳафтаи_зиндониёни_сиёсии_Бадахшон

#Шерик_Карамхудоев

#Димон_Ашуров

#Сураҷ_Назаров

Сураҷ Назаров кист?: Один комментарий

Добавьте свой

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: