Муҳаммадрӯзӣ Искандаров кист?

Ба муносибати Ҳафтаи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, зодаи деҳаи Мулло Темури ноҳияи Тоҷикобод аст. Ӯ яке аз раҳбарони ИНОТ ва аз муҳимтарин фармондеҳони водии Рашт дар солҳои ҷанг ва пурнуфузтарин қӯмандони Тоҷикобод ба ҳисоб мерафт.

Искандаров баъд аз ҷанг дар вазифаҳои мухталиф аз ҷумла ба унвони вазир дар “Тоҷикгаз” кору фаъолият кардааст. Ӯ аз соли 1999 раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон буд.

Соли 2000 дар як сӯиқасд мошинаш дар Душанбе тарконида шуд, вале худаш осебе надид.

Соли 2004 Муҳаммадрӯзӣ аз вазифаҳояш истеъфо дод ва маҷбур шуд аз Тоҷикистон ба Русия муҳоҷир шавад.

Аммо соли 2005 аз Русия рабуда шуда ва бо роҳи дуздӣ ба Тоҷикистон баргардонида шуд ва ба 23 соли зиндон маҳкум гардид.

Раҷаб Мирзо, рӯзноманигори маъруфи тоҷик, дар 2 май соли 2019 дар мақолае таҳти унвони “Гунаҳкор будан ё набудани ҳар касро таърих баҳо медиҳад!” ба муносибати зодрӯзи Искандаров мусоҳибае бо ӯ оростааст. Дар ин мусоҳиба Искандаров беайб будани худро бо далелу мадрак исбот кардааст.

Ҳамчунин дар гузорише, ки дар Радиои Озодӣ дар санаи 11 декабри соли 2020 зери унвони “Суолҳои бепосух доир ба 15 сол пеш зиндонӣ шудани Муҳаммадрузӣ Искандаров” мунташир шудааст, омада: “Ҳамтоёнаш (ҳамтоёни Искандаров) мегӯянд, ки истирдод ва зиндонӣ шудани Искандаров оғози раванди саркӯби мухолифони тоҷик буд, ки дар ниҳоят бо манъи фаъолияти Ҳизби ҳамакнун мамнӯи наҳзати исломӣ анҷомид.“

Темур Тошев, додари Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар тамоси катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамарӯза дар Москва бо вай тамоси телефонӣ дошт. “Ӯ худро комилан бегуноҳ медонист ва мехост ба Тоҷикистон баргардад ва ҳатто билети самолёт харидорӣ карда буд”, — гуфт Темур Тошев.

Дар посух ба ин савол, ки магар Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз эҳтимоли истирдодаш ба Тоҷикистон ҳарос надошт, Темур Тошев навишт, ки “ӯ ба бегуноҳиаш бовар дошт ва ба ин далел чунин тарсе надошт”.

Вақте аз дурӣ нигоҳ мекунӣ, аён мешавад, ки Тоҷикистон аз Русия ҷудо нест ё истиқлолият мегӯянду фақат як парчам дигар шудаасту Тоҷикистон ҳамчунон бозичаи дасти русҳо аст”, — афзуд Темур Тошев.

Анна Ставитская, вакили мудофеи Муҳаммадрӯзи Искандаров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки нафари таҳти ҳимояташ ғайриқонунӣ аз Русия рабуда шуда буд. Ӯ гуфт: “Ҳангоми сайругашт бо сагаш дар наздикии манзилаш рабуда шуд ва бо кадом роҳе ба Душанбе интиқол ёфт. Дар бораи наҳваи интиқолаш фарзияҳои мухталифе вуҷуд доранд, аммо муҳим ин ки Душанбе ба ҳадафаш расид ва ӯро зиндонӣ кард. Додгоҳи Аврупо қарор кард, ки интиқолаш ғайриқонунӣ аст ва бояд ба Русия баргардонида шавад. Аммо, Тоҷикистон узви Додгоҳи Аврупо нест ва ин қарорро иҷро накард. Русия ҳам барои бозпас гирифтани Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ҳеҷ иқдоме рӯйи даст нагирифт ва ӯ ҳамчунон дар зиндон аст”.

Аҳмадшоҳ Комилзода, яке аз поягузорони Ҳизби демократи Тоҷикистон ва аз дӯстони Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ (11 декабри соли 2020) мегӯяд, ки дар оғози даҳаи 1990 ба роҳбарии Тоҳири Абдуҷаббор гурӯҳи нахустини ислоҳталабони тоҷик бо номи “Растохез” ҷамъ омада буданд. Муҳаммадрӯзӣ Искандаров низ шомили ин гурӯҳ буд.

Ӯ гуфт: “Дар нишастҳои ин гурӯҳ шахсиятҳои маъруфи доираҳои адабиву фарҳангии он замон ба мисли Бозор Собир ва Ойниҳол Бобоназарова ҷамъ меомаданд. Нафароне низ буданд, ки ҳоло дар вазифаҳои баланди давлатӣ ифои вазифа мекунанд. Муҳаммадрӯзӣ Искандаров низ ба ин нишастҳо меомад ва вақте ташаббуси таъсиси Ҳизби демократ пайдо шуд, ӯ ин иқдомро ҷонибдорӣ кард. Баъд аз анҷоми ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон, вай роҳбарии ин ҳизбро ба зимма гирифт”.

Дар посух ба ин савол, ки чӣ омиле сабаб шуд, ки тасмими боздошти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров гирифта шуд, Аҳмадшоҳи Комилзода гуфт, ки сабабҳо мухталифанд, вале ин амр нишони оғози саркӯби мухолифон буд.

Вақте мақомот нерӯ пайдо карданд, онҳо тасмим гирифтанд, мухолифонро ҷазо диҳанд”, -афзуд Аҳмадшоҳи Комилзода.

Дар ин гузориш омадааст, ки ҳафтаномаи “Азия Плюс” чанд сол қабл матни сӯҳбатеро бо яке аз фармондеҳони собиқи нерӯҳои мухолиф нашр кард, ки чанд муддат дар зиндоне якҷо бо Муҳаммадрӯзӣ Искандаров адои ҷазо кардааст.

Ӯро дар зиндон то ҳол ҳама бо номи “раис” ба ӯ муроҷиат мекунанд. Роҳбарияти зиндон низ бо вай муомилаи хуб доранд. Вай ҳамарӯза бо варзиш машғул мешавад ва пайваста аз тариқи расонаҳо вазъи сиёсиву иқтисодӣ дар Тоҷикистонро пайгирӣ мекунад”, — гуфтааст мусоҳиби “Азия Плюс”, ки ҳафтанома аз бурдани номи дақиқаш худдорӣ кардааст.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари мустақили тоҷик дар шарҳи муҳокимаи парвандаи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар додгоҳ мегӯяд, ки таҳқиқ ва баррасии он ба таври шаффоф сурат нагирифта буд.

Вақте, ки мухолифони сиёсиро муҳокима мекунанд, ин гуна муҳокимаҳо бояд аслан ошкор бошанд, вале дар Тоҷикистон ва кишварҳои автократӣ, ҳеҷ гоҳ ин гуна муҳокимаҳо ошкор ва одилона баргузор намешаванд. Чун дар сурати одилона сурат гирифтани муҳокимаҳо исботи гуноҳи Муҳаммадрузӣ Искандаров хеле душвор мешуд”, — гуфт ӯ.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон вазифаи худ медонад, ки тамоми саъю талоши худро ҷиҳати озод шудани зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон ба харҷ диҳад. Мо умедворем, рӯзе Муҳаммадрӯзӣ Искандаров озод хоҳад шуд.

#Ҳафтаи_Муҳаммадрӯзӣ_Искандаров

#Озодӣ_барои_Муҳаммадрӯзӣ_Искандаров

#Свободу_Махмадрузи_Искандарову

#Free_Mahmadruzi_Iskandarov

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: