“То ҷон дар бадан дорам, аз ҳаққи падарам дифоъ мекунам”

Нилуфар Раҷабова, духтари Раҳматуллои Раҷаб, яке аз раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ҳаминак дар зиндон ба сар мебарад ва хоҳари Шӯҳрати Раҳматулло, рӯзноманигор ва фаъоли сиёсии тоҷик, дар гуфтугӯ бо Мавҷуда Соҳибназарова, фаъоли сиёсӣ ва муовини раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС), бо баёни ин ки се моҳ боз берун аз Тоҷикистон дар яке аз кишварҳои аврупоӣ қарор дорад, гуфт: “Бо як азобу машаққат ба инҷо расидам. Ҳоло фарзандонам зери назари духтурон қарор доранд. Аммо аз вазъи падарам ман хеле нигарон ҳастам. Ва то ҷон дар бадан дорам, аз ҳаққи падарам дифоъ мекунам… Алайҳи ман бар асоси моддаи 307 қисми ду парванда боз шудааст. Моддае, ки онро ба сари аксари тоҷикони дар Аврупо қарор дошта бор кардаанд. Ман худро гунаҳкор намеҳисобам ва кӯшиш мекунам, ки ба гӯши ҷахониён он чизеро, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон мегузарад, расонам.”

Мавҷуда Соҳибназарова: Мақомоти Тоҷикистон алайҳи Нилуфар Раҷабова бо гумони ифротгароӣ парванда боз намудаанд. Ин ҳамон Нилуфар Раҷабоваест, ки яке аз саҳифаҳои ин маҷалларо (маҷаллаи КШНГЗС) барояш ихтисос дода будем. Нилуфар духтари Раҳматуллои Раҷаби зиндонӣ, бо фишор, таҳдид ва беадолатӣ бо ду фарзанди маъюбаш рӯ ба рӯ мешуд. Ва ҳамаи ин барои он буд, ки ӯ духтари зиндонии сиёсӣ, хоҳарӣ мухолифи сиёии дар Аврупо буда ва ҳамчунин бонуи сатрпӯш аст, ки мақомоти Тоҷикистон ин тарзи пӯшишро хуш надорад. Ҳоло ин бону дар яке аз кишвархои аврупоӣ қарор дорад ва мо аз фурсат истифода бурда, аз ҳолаш ва он чизе, ки дар Тоҷикистон ба сараш оварданд, пурсидем:

— Нилуфар, шумо ҳоло дар Аврупо қарор доред, аммо дар Тоҷикистон алайҳи шумо парванда боз карданд, магар ин қадар азияте, ки шуморо дар Тоҷикистон карданд, барояшон бас набуд?

— Мақомоти Тоҷикистон алайҳи ман парванда боз карданро ба он рабт медиҳанд, ки гӯё ман дар Аврупо бо мухолифин пайвастааму зидди ҳукумати Тоҷикистон дар канали ”Аздо ТВ” ва ”Паём”, ки канали мухолифин маҳсуб меёбад, суханронӣ намудаам. Ин парвандаро алайҳи ман Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боз намудааст.

(Кумитае, ки ба гуфти Нилуфар, чанд сол боз барои ӯ ва фарзандонаш “запрет” задаву ин ”запрет“ намегузоштааст, ки ӯ фарзандони маъюбашро, ки беморияшон маҳсуби бачаҳои “булӯрин” ҳастанд, барои табобат ба хориҷӣ кишвар барад.)

— Дар бораи мамнӯъ кардани сафаратон ба хориҷи кишвар шуморо огоҳ карда буданд?

— Ин соли 2016 буд. Баъди ҳабси падарам, тамоми хонаводаро мамнӯъхуруҷ карданд. Борҳо бародарам ва хоҳарам аз мақомот тақозо карданд, ки иҷозат диҳанд, ки онҳо ба Русия рафта кор кунанд ва шароити вазнини иқтисодии оилаамонро андаке беҳбуд бахшанд. Аммо ин иҷозатро бароямон надоданд. Бо зиндонӣ кардани падарам, ҳамаи моро зиндонӣ карданд гӯям ҳам хато намекунам. Мо маҳбус шудем; маҳбуси режими ҳукумати Раҳмон. Ҳатто шиносномаҳои ду фарзанди маъюбамро аз дастам гирифтанд. Ин баъди як соли зиндонӣ будани падарам буд. Мо агар падарамро гузошта берун рафтанӣ мешудем, ин корро барвақт мекардем, инро борҳо ба мақомдорон фаҳмондем, аммо гӯш намекарданд.

Бо зиндонӣ кардани падарам, ҳамаи моро зиндонӣ карданд гӯям ҳам хато намекунам. Мо маҳбус шудем; маҳбуси режими ҳукумати Раҳмон.

Ба духтарчаи 1,5-солаам низ хориҷ шудан аз Тоҷикистонро мамнӯъ карданд. Ягон аъзои хонаводаамон интисно нашуданд. Ба замми ин, вазъи сиҳҳати фарзандонам рӯз ба рӯз бад мешуд. Чандин бор ба мақомот муроҷиат намудам, ки иҷозат диҳанд фарзандонамро барои табобат бибарам. Аммо фақат ҷавоби рад мешунидам ва илова мекарданд, ки ту дурӯғ мегӯӣ, бачаҳоят бемор нестанд.

Рӯзе аз боғчаҳои бачагон, ки фарзандонам онҷо буданд, ба ман занг зада гуфтанд, ки зуд расида биё, ки ҳоли бачаат бад аст. Намедонам, чӣ гуна худамро ба боғча расондам. Куртаи сафеди писарам аз хун сурх шуда буд ва хун аз биниаш фаввора мезад. Зуд писарамро ба даст гирифтаму ба назди Кумитаи амният давидам. Чун ба назди ин идора расидам, бо овози баланд фиғон кашидам. Фиғоне, ки як модар барои фарзанди захмхӯрда ё вафоткардааш мекашад. Фиғони ман он лаҳза ояд, санги хороро об мекард, роҳгузарон бо андӯҳ ба ман менигаристанд, аммо кормандони амният оромона аз панҷараи утоқхояшон ин ҳамаро наззора мекарданд, мисле, ки фарзанди инсон набошанд.

Пайваста зери назар будан ба ҳолати равониям таъсири бад мегузошт. Духтурон ба ман гӯшакӣ мекарданд, ки онҳо ҳам барои ман зери фишор қарор доранд. Баёноти хаттӣ ҳам аз онҳо талаб намудаанд, ки воқеан ҳам мариз будани фарзандонамро тасдиқ кунанд.

Барои пайваста зери муойинаи духтурон будани фарзандонам, маблағи кофӣ ҳам надоштам, аммо шабу рӯз хизмати мардумро мекардам, ки барои табобати фарзандонам пул пайдо кунам. Ҳатто нафақае, ки барои бачаҳо муайян шуда буд, нисф карда медоданд, ки барои доруи як нафарашон ҳам намерасид.

Хулоса, боз ҳам рафтам ба яке аз бемористони худамон, ки каме дарди фарзандонамро сабук созам. Писарам сиҳҳат мешуд, ягон ҷойи духтарам мешикаст. Вақти зиёдам дар бемористонҳо мегузашт, аммо онҷо ҳам оромӣ надоштам. Дар ҳар бемористоне, ки бо фарзандонам бистарӣ мешудам, як ё ду нафар корманди амният онҷо навбатдор буданд. Ҳатто ҷинояткори хатарноктаринро шояд чунин думболагирӣ накунанд. Пайваста зери назар будан ба ҳолати равониям таъсири бад мегузошт. Духтурон ба ман гӯшакӣ мекарданд, ки онҳо ҳам барои ман зери фишор қарор доранд. Баёноти хаттӣ ҳам аз онҳо талаб намудаанд, ки воқеан ҳам мариз будани фарзандонамро тасдиқ кунанд.

— Чӣ гуна ба шумо муяссар шуд, ки зери ин ҳама фишор ва таъқиб тавонистед, ки фарзандатонро ба Ҳиндустон барои табобат баред?

— Се моҳ даводав кардам. Рӯз дар миён ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва Кумитаи давлатии амният мерафтам. Чун тӯби футбол аз ин идора ба идораи дигар маро мефиристоданд. Дар Кумитаи амният мегуфтанд, ту кӣ ҳастӣ, ки туро запрет монем? Ба шӯъбаи шиносномадиҳии назди хона рафтам. Илтимос кардам. Нафарҳои хайрхоҳ ҳам дар байнашон буданд, ки ба ман кӯмак кардан мехостанд. Дар шӯъбаи шиносномадиҳӣ гуфтанд, ки запретро амниятиҳо мондаанд. Вақте ки яке аз кормандон маро ба назди сардори шӯъба мебурд, ҳуҷҷатҳоям аз дасташ афтиданд, ки воқеан то духтарчаи яксолаву семоҳаам запрет дорад. Дар ҳуҷҷатҳо се мӯҳр буд бо рангҳои сурху сабзу кабуд.

Коляска ҳам надоштам, ки кӯдаки маъюбамро дар он шинонам. Ҳамин тавр кӯдаки маъюб дар даст дар фурудгоҳ саргардонии зиёдеро паси сар кардам. Камарам ҳам аз вазнинии зиёд зарб хӯрд. Дар Ҳиндустон рӯз мондем. Каляска надоштам. Кӯдака мебардоштам, грижа шудам.

Хуллас, баъди даву ғеҷ ва истодагарии зиёд назди Ятимов даромадам. Гуфтам, ки ман тавассути расонаҳо сухан ронда ин ҳама зулми шуморо ба гӯши ҷаҳониён мерасонам, ки бо як кӯдаки бемор ва маъюб чӣ гуна меҷангед. Бошад, маро ҷазо медиҳед, аммо бо кӯдакон ин рафтори золимона чаро? Хуб, маро ҷазо медиҳед, аммо ба фарзандонам раҳм кунед. Ахиран, иҷозат доданд.

Дар назди “Садбарг” як корманди амният бо номи Ё.К, ки мо зери назорати ӯ будем, ҳуҷҷатҳоямро дода гуфт, ки фақат бо писарат меравӣ, духтарчаатро намебарӣ. Ҳамин тавр ба Ҳиндустон ҳам зери назари амниятиҳо рафтам. Дар онҷо писарам ду се ҷарроҳии хеле вазнинро аз сар гузаронд, аммо амниятиҳо ба ин нигоҳ накарда, оромам намегузоштанд. Духтурони ҳиндӣ хеле дилсӯзӣ мекарданд. Мегуфтанд, ки мо ҳамдини ту набошем ҳам, диламон ба фарзандат месӯзад, аммо инҳое, ки бо шумо инҷо ҳастанд, аз инсоният бӯе набурдаанд. Рӯзи бозгашт ба ватан ҳам, ба ман мушкилии зиёде эҷод карданд. Гуфтанд, ки ту раву кӯдакат бо рейси дигар меравад. Писарам аз ман ҷудо шудан намехост, ман аз ӯ. Ахиран, бо он рейс парвоз карда натавонистем. Як духтареро, ки аз амният бо ман вобаста карда буданд, ӯ ҳам билеташро бозпас гардонд. Коляска ҳам надоштам, ки кӯдаки маъюбамро дар он шинонам. Ҳамин тавр кӯдаки маъюб дар даст дар фурудгоҳ саргардонии зиёдеро паси сар кардам. Камарам ҳам аз вазнинии зиёд зарб хӯрд. Дар Ҳиндустон рӯз мондем. Каляска надоштам. Кӯдака мебардоштам, грижа шудам.

— Падари фарзандонатон кӯмак намекард?

— Чӣ гӯям, вақте ки ба сари мо ин фоҷеа омад, ӯ аз мо рӯ тофт. Се фарзанд дорам. Шукри Худо, фарзанди калониям солим аст. Падарашон ба ҷойи ба бачаҳош кӯмак кардан дар баробари фишори мақомот, ба мо фишор меовард. Намедонам, шояд мақомот аз ӯ ин дархостро карда буданд. Вақте ки ба додгоҳ аз болояш шикоят намудам, додгоҳ ба манфиати ӯ корро ҳал кард.

— Дигар аъзои хонаводаатон ҳам зери назорат буданд?

— Бале, дар кӯча ду камераи назоратӣ насб кардаанд. Ҳар касе, ки ба хонаи мо меомад, мепурсиданд кӣ буд ва барои чӣ омад. Дар санаторияи барои кӯдакони маъюб дар Варзоб номнавис ҳастам. Соле як бор навбатамон меояд. Ҳатто то ҳамон санатория кормандони амният ману модарамро ҳамроҳӣ карданд. Вақте ки ҷавонони “Авангард” ба хонаи мо ҳуҷум карданду хонаи моро тухмшаппак карданд, мо ба Кумитаи амният ва ВКД муроҷиат кардем. Аммо чорае надиданд.

Баъди як рӯзи ҳамон ҳодиса, бо модарам дар маршрутка мерафтем, ки аз радиои он сӯҳбати Рамазон Раҳимзода бо хабарнигоре оид ба ин масъала мерафт. Рамазон Раҳимзода ба суоли хабарнигор дар мавриди чӣ чора мебинанд, посух дод, ки аз ин хонавода касе ба мо расмӣ муроҷиат накардааст. Аз маршрутка пиёда шудему рост рафтем ба назди ВКД. Сару садо кардем, ки чаро аризаи моро қабул накардед? Аз онҷо моро пеш карданд. Баъди се моҳ делоро маҳкам карданду гуфтанд, ки ба хонаи мо касе ҳуҷум накардааст, се занак назди хонаи шумо омада будаанд, ки мо онҳоро дусад сомонигӣ ҷарима бастем.

— Дар бораи вазъи падаратон каме маълумот медодед. Ҳолаш чӣ тавр аст?

— Ҳар бор, ки ба мулоқоти падарамон мерафтем, осори шиканҷаро дар чеҳрааш медидем. Падарам шиканҷа шуданаро аз мо пинҳон медошт. Як рӯз ҳангоми вохӯрӣ, кепкаи падарамро нохост аз сараш гирифтам. Сараш ва пушти гарданаш сиёҳ ва кабуд буд. Маҷбураш кардам, ки куртаашро боло кунад. Изи шиканҷа дар гурдаҳояш ҳам дида мешуд. Бо қаҳр хестаму назди Мӯҳтоҷзода рафтам. Гуфтам, чаро падарамро шиканҷа мекунед ва чаро падарам дар ПКТ аст? Ман ба ташкилотҳои дахлдор муроҷиат мекунам. Мӯҳтоҷзода масхаракунон гуфт, ПКТ ҷойи зӯрай, онҷо ананас мехӯранд, банан мехӯранд.

Ҳар бор, ки ба мулоқоти падарамон мерафтем, осори шиканҷаро дар чеҳрааш медидем. Падарам шиканҷа шуданаро аз мо пинҳон медошт. Як рӯз ҳангоми вохӯрӣ, кепкаи падарамро нохост аз сараш гирифтам. Сараш ва пушти гарданаш сиёҳ ва кабуд буд. Маҷбураш кардам, ки куртаашро боло кунад. Изи шиканҷа дар гурдаҳояш ҳам дида мешуд.

Онҷо ду зани дигар ҳам истода буданд, ки фарзандҳояшонро дар ПКТ ҷой дода буданд. Онҳо ин ҳарфи Мӯҳтоҷзодаро бовар карда, хеле ба ӯ миннатдорӣ карда рафтанд. Барои дидани падарам исрори зиёд кардам. Назди Умаров рафтам. Талаб намудам, ки падарамро аз склонка гиред. Ӯ ҳам тамасхур кард. Гуфт, дидӣ шикастани шумо ду кара ду аст. Ба падарам таҳдид карданд, ки понздаҳ нафар дар ПКТ омада, ду нафари наҳзатиро шикастан, акнун навбати туст.

— Бо падарат вохӯрдӣ ва ӯ шиканҷа шудани зиндониёнро тасдиқ кард?

— Падарам нақл кард. Абдуқаҳҳори Давлат дар зиндони нав буд. Маро гуфтанд, ки Абдуқаҳҳори Давлат туро дидан мехоҳад. Як қадам гузоштам, ки ду нафар Абдуқаҳҳори Давлатро кашола карда оварданд ва ба ман гуфтанд, ки ту қоъидаи зиндонро вайрон кардӣ. Ана, барои ту шуда, Абдуқаҳҳори Давлат ҳам ҷазо мегирад. Ба модарам таҳдид карданд, ки чун бо расонаҳо сӯҳбат кардааст, вазъи падарамро бадтар хоҳанд кард.

Вақте ки ҳафт нафар аз хонаводаи мо ва Зубайдуллои Розиқ, барои дидорбинӣ рафтанд, ба мо таҳдид карданд, ки шумо митингкунӣ омадаед. Акнун, ки ман берун ҳастам, ба модарам таҳдид карда гуфтанд, ки Р.Л. кӣ аст? Наметарсад, ки духтарчаи хушрӯ дорад? Худаш ҳам зебо аст?

— Ба иттиҳоме, ки имрӯз нисбатат бастанд, чӣ назар дорӣ?

— Ман се моҳ боз берун аз Тоҷикистон дар яке аз кишварҳои аврупоӣ қарор дорам. Бо як азобу машаққат ба инҷо расидам. Ҳоло фарзандонам зери назари духтурон қарор доранд. Аммо аз вазъи падарам ман хеле нигарон ҳастам. Ва то ҷон дар бадан дорам, аз ҳаққи падарам дифоъ мекунам. Магар дифоъ аз ҳаққи падар гуноҳ аст? Дар кадом қонун ин гуфта шудааст? Алайҳи ман бар асоси моддаи 307 қисми ду парванда боз шудааст. Моддае, ки онро ба сари аксари тоҷикони дар Аврупо қарор дошта бор кардаанд. Ман худро гунаҳкор намеҳисобам ва кӯшиш мекунам, ки ба гӯшм ҷаҳониён он чизеро, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон мегузарад, расонам.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: