“Дар баробари зулм хомӯширо пеша карданам, ба хотири модарам буд”

Шабнам Худойдодова, фаъоли ҳуқуқии тоҷик, дар гуфтугӯ бо Мавҷуда Соҳибназарова, муовини раиси КШНГЗС, бо таъкид бар ин ки ӯ тасаввур намекард, ки “барои як мусоҳиба одамро азият кунанд”, гуфт: “Модарам соли 2019 ба Тоҷикистон баргашта буд. Аз ҳамон вақт ман кӯшиш мекардам, ки ҳарфе дарнаёрам, то модарамро мавриди фишор қарор надиҳанд. Дар баробари зулм хомӯширо пеша карданам ба хотири модаракам буд, аммо ин тӯдаи золим инро ҳам намефаҳманд. Рӯзи ҷанозаи модарам ҳамин Абдураҳмонзода мардуми дар ҷаноза иштирок кардаро гирифта, ба мақомоти милисаи шаҳри Кӯлоб бурдааст, то ҷои истиқомати маро бидонад. Ӯ ҳамон рӯзҳо ҳам модарамро барои он фишор меовардааст, ки модарам бемор шавад ва шояд ман ба хотири бемории модар ба Тоҷикистон баргардам.”

Машрӯҳи гуфтугӯи Шабнам Худойдодова бо Мавҷуда Соҳибназарова, муовини раиси КШНГЗС:

— Маълум, ки вобаста ба фаъолияти сиёсии шумо аҳли хонавода, махсусан модаратон таҳти фишори мақомоти Тоҷикистон қарор гирифт. Ин чӣ таъсире ба зиндагиятон гузошт?

— Аз он рӯзе, ки банда ҳамчун фаъоли сиёсӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон муаррифӣ шудам, таъқиб, фишор ва зӯргӯии ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба хонаводаам дар Тоҷикистон шурӯъ шуд. Дар Тоҷикистон ба хонаводаам на фақат фишор меоварданд, балки мавриди бархӯрди ноодилонаи ҷомеа қарор гирифтанд гӯям ҳам хато нахоҳам кард. Дар хиёбон, мактаб, чорабиниҳо, ҷашну арӯсиҳо ҳар куҷое, ки Фотимаи ман пой мемонд, бо табъиз рӯ ба рӯ мешуд. Мусаллам аст, ки модарам ин ҳамаро бардошт карда наметавонист ва дарун ба дарун месӯхт. Тасаввур кунед, як сол ду сол не, балки қариб як даҳсола наздиконам ин ҳамаро таҳаммул мекарданд. Ва ин ҳама аз соли 2014 шурӯъ шуда буд. Соли 2016 бошад ҳуҷҷатҳои хонаеро, ки ман дар онҷо ба дунё омадаму бузург шудам, яъне хонаеро, ки онро падарам бунёд намуда буд, мақомот аз дасти модарам кашида гирифт. Пас аз ду соли саргардонихо ва азиятҳо, бо кӯмаки шодравон Файзиниссо Воҳидова ҳуҷҷатҳои хонаро ба наздиконам баргардонданд.

— Агар иштибоҳ накунам, тахти фишори ҷомеаи байналмилалӣ духтарчаатон, ки ҳамчун асир дар дасти мақомдорони Тоҷикистон нигоҳ дошта мешуд, аз дасти онҳо раҳо ёфт.

— Бале. Баъд ин минвол, пайваста бо таҳти фишор қарор доштану шаб хоби роҳат надоштан зистан номумкин буд ва ман ба ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва дигар мардуми хайрхоҳ муроҷиат намудам, ки барои баромадани духтарчаам аз Тоҷикистон, ки дар дасти ин ҳукумати хонаводагӣ асир буд, кӯмак расонанд. Тӯли ду ҳафта муҳоҷирони сиёсӣ, созмонҳои дифоъ аз хуқуқи инсон ва ҷомаи шаҳрвандии Тоҷикистон як фарохони бузургро роҳандозӣ карданд ва таваҷҷӯхи ҷомаи ҷаҳониро ба мушкиламон ҷалб намуданд. 20 августи соли 2018 ба духтарчаам иҷозат доданд, ки ба назди ман ояд. Модарам ӯро ҳамроҳӣ мекард. Моҳи сентябри соли 2018 модарам ва Фотимаам вориди Аврупо шуданд. Ин яке аз рӯзҳои беҳтарини ҳаётам буд. Модарам тӯли як сол бо ман буд. Аммо чун паноҳанда сабт нашуда буду ҳуҷҷати паноҳандагӣ ҳам надошт, барояш сахт мушкил буд. Ҷое рафта наметавонисту, ҳама вақт дар хона буд. Ба замми ин, аз тақдири бародарону хоҳаронам дар ташвиш буд. Ӯ, ки аз сараш бисёр азиятҳоро дар ин чанд сол гузаронда буд, пайваста дар тарсу ҳарос буд. Мехост, ки дар бари фарзандҳояш бошад. Мутаассифона, кишвари Поланд ҳам тақозои паноҳандагии модарамро рад карду ӯ ҷуз баргаштан илоҷи дигаре надошт. Афсӯс аз он мехӯрам, ки дар инҷо ҳам баъзан саҳлангорӣ мекунанду он нафароне, ки воқеан мушкил доранд, беҷавоб мемонанд. Додани Мустафо Ҳаётов ба Тоҷикистон худ мисоли ин шуда метавонад. Ё таҳвили Шовализода аз Утриш ба Тоҷикистон.

— Шунидем, ки модар бандагӣ карданд, бемор буданд?

— Мо тоҷикон рӯзи буд шудагӣ, мегӯем, аммо баъзан фикр мекунам, ки шояд модарам бо ман инҷо мебуд, зинда мебуд. Табъиз ва фишор аслан корашонро карданд.

Модарам барои ман улгу буд. Намоди ғурур ва матонат буд. Матонате, ки занони кӯҳистон доранд. Бо ин ҳама сахтиҳои ба сараш омада боре ҳам маро надомат накард. Борҳо ҳатто хоҳиш намуда буд, ки чун ин роҳро интихоб намудаам, бояд устувор бошам.

Тасаввур кунед, табъиз дар як шаҳре, ки ҳама ҳамдигарро қариб мешиносанд, чӣ пайомадҳое дорад. Хотироти кӯдак чун нақши рӯи санг аст, Фотима ҳанӯз ҳам аз ман суол мекунад, ки чаро бибии падарим маро кӯдаки хоин гуфт.

Ҳодиса бошад чунин сар задааст. Вақте ки дар прокуратураи шаҳри Кӯлоб модарамро бо дигар наздиконам се рӯз дар як утоқи сарду холӣ гушнаву ташна нигоҳ доштанд, як корманди додситонӣ масхаракунон духтари хурдсоли маро гирифта, тарафи бибии падариаш тела карда гуфтааст, ки ин кӯдакро гир! Бибияш дар ҷавоб гуфтааст, ки ин набераи ман нест! Чунин кӯдаки хоинро ман чун набера қабул надорам!

Ман хеҷ ба худам тасаввур намекардам ё тасаввур кардан намехостам, ки барои як мусоҳиба ҳам одамро азият кунанд. Хомӯш бошем ҳам хуш надоранду ҳарф ҳам занем. Модарам соли 2019 ба Тоҷикистон баргашта буд. Аз ҳамон вақт ман кӯшиш мекардам, ки ҳарфе дарнаёрам, то модарамро мавриди фишор қарор надиҳанд. Дар баробари зулм хомӯширо пеша карданам ба хотири модаракам буд, аммо ин тӯдаи золим инро ҳам намефаҳманд.

Аз ин разолат ҳам мегузарем, духтари ман буд, барои ҳамин мехостанд, ки зарбаам зананд, аммо вақте ки ҷиянҳоямро аз донишгоҳ барои ман хориҷ намудаву азият карданд, ин таҷовуз намудани тамоми марзҳои инсонӣ буд. Билетҳои донишҷӯияшон ҳанӯз ҳам дар прокуратураи шаҳри Кӯлоб аст. Магар зани солманд ин ҳамаро таҳаммул карда метавонад? Модарам ин ҳамаро диду сӯхт.

— Шумо гуфтед, ки таҳдиду фишори мақомот боиси марги модаратон шуд. Ин воқеа чӣ тавр рӯй дод?

— Хеле суоли эҳсосотӣ ҳаст бароям. Ба ҳар ҳол ҳаракат мекунам, ки ҷуръат пайдо кунам. Ман ҳеҷ фаромӯш намекунам, рӯзи марги модарамро. 23 июли соли 2021 ба хона занг задам. Модарам хеле ошуфта ба назар мерасид. Рангаш ҳам зард буд. Пурсидам, ки беморӣ? На гуфт. Гуфт, ки баъдтар занг мезанам. Каме дертар ҷиянам занг зада, гуфт, ки апаҷон, модаркалонам дар ҳолати хеле вазнин қарор дорад ва мутахассиси қалб ӯро ташхис карда, ба мо гуфт, ки дигар аз ҷояш наҷунбонедаш.

Нороҳат шудам, гуфтам, чӣ ҳодиса сар зад? Хуб буданд ку. Аз он тарафи гӯшӣ гуфтанд, ки чанд рӯз пеш як корманди мақомот бо номи Абдураҳмонзода ба хонаамон омада ба модарам фишор оварда, модарамро тарсондааст ва гуфтааст, ки бароят то субҳи 24.07.21 вақт медиҳам, сару либосатро ҷамъ кун, бурда маҳкамат мекунам. Сабаб, мусоҳибаи як ҳафта пеши ман бо Радиои Озодӣ будааст. Ҳамин тавр субҳи 24.07.21 соати 3:00 шаби Аврупо модарам занг зада, гуфт: Шабнамҷон, бачам гуфтаниҳо бисёр доштаму ҳама ногуфта монд, дидор ба қиёмат!

Рӯзи ҷанозаи модарам ҳамин Абдураҳмонзода мардуми дар ҷаноза иштирок кардаро гирифта ба мақомоти милисаи шаҳри Кӯлоб бурдааст, то ҷои истиқомати маро бидонад. Ӯ ҳамон рӯзҳо ҳам модарамро барои он фишор меовардааст, ки модарам бемор шавад ва шояд ман ба хотири бемории модар ба Тоҷикистон баргардам.

Ман хеҷ ба худам тасаввур намекардам ё тасаввур кардан намехостам, ки барои як мусоҳиба ҳам одамро азият кунанд. Хомӯш бошем ҳам хуш надоранду ҳарф ҳам занем. Модарам соли 2019 ба Тоҷикистон баргашта буд. Аз ҳамон вақт ман кӯшиш мекардам, ки ҳарфе дарнаёрам, то модарамро мавриди фишор қарор надиҳанд. Дар баробари зулм хомӯширо пеша карданам ба хотири модаракам буд, аммо ин тӯдаи золим инро ҳам намефаҳманд. Рӯзи ҷанозаи модарам ҳамин Абдураҳмонзода мардуми дар ҷаноза иштирок кардаро гирифта ба мақомоти милисаи шаҳри Кӯлоб бурдааст, то ҷои истиқомати маро бидонад. Ӯ ҳамон рӯзҳо ҳам модарамро барои он фишор меовардааст, ки модарам бемор шавад ва шояд ман ба хотири бемории модар ба Тоҷикистон баргардам.

Бо ваъдаи афви бардурӯғашон натавонистанд, ки моро баргардонанд. Акнун ин роҳро пеш гирифтаанд. Ҳатто чанд нафар аз пушти дарвоза садои Абдураҳмонзодаро шуниданд, ки гуфтааст, ҳамин кампирро талхакаф мекунем, ки дар бистари марг хоб бошад, то ки Шабнам бо бародараш Комрон Худойдодов ва хохараш Мижгона Худойдодова ба ватан баргарданд! Фикр мекунам, ки таҳқир ва фишорҳои Абдураҳмонзода кори худро карданд ва модарам сактаи қалбӣ гирифта, байни 5 ё 6 соат вафот кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: