Ба қалами узви КШНГЗС аз Бадахшон, ки нахост номаш фош шавад
Имрӯз 24 декабри соли 2021 аст. Фардо 25 декабр. Як моҳ мешавад, ки дар зодгоҳи ман Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки аз ҷиҳати масоҳат аз бузургтарин вилоятҳои кишвар буда, 226900 ҳазор аҳолӣ дорад, ҳукумати вақт дастрасӣ ба интернетро масдуд кардааст.
Як моҳ мешавад, ки мардуми сарзамини ман ба олами берун дастрасӣ надорад ва байни кӯҳҳои сар ба фалак кашида бо мушкили худ танҳо мондаанд. Барқарор кардани дастрасӣ ба интернет бахше аз созишномаи ҳукумат бо эътирозгарон буд, ки 25-уми ноябр дар майдони марказии шаҳри Хоруғ ҷамъ шуда буданд.
Қатли Гулбиддин Зиёбеков, сокини 29-солаи ноҳияи Роштқалъа, ки дар пайи амалиёти кормандони ниҳодҳои қудратӣ сурат гирифт, сабаби эътирози мардум шуд. Дар ин эътироз ду нафар кушта ва нафарони зиёде захмӣ шуданд. Аслан мардум ба майдони Исмоил Сомонии шаҳри Хоруғ барои додхоҳӣ аз ноадолаттии мақомоти интизомии кишвар, ки тӯли чанд соли охир дар ин сарзамин аз ҷонибашон сурат мегирифт, омаданд.
Далели разолати низомиён ва ҷинояти онҳо ин бор ҷасади Гулбиддин ва ду ҷавони дигар буд. Бояд гуфт, ки аз соли 2012, ки ҳукумат барои мутеъ кардани мардуми огоҳи ин сарзамин қувваҳои низомиро ворид намуда чандин нафарони бегуноҳро кушт ва низ ҷиноятҳои дигаре содир намуда, гуноҳро ба гардани мардуми бепаноҳ партофт ва онҳоро ба ҳамкорӣ ба кадом як гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ муттаҳам кард, ки мардум аз ин гурӯҳ аслан хабар надоранд.
Ҳар бор ҳам аҳолиро ба нигоҳ доштани силоҳи ғайриқонунӣ айбдор мекарданд ва бо куштани чанд ҷавон ҳисобот медоданд, ки дар натиҷаи муқобилияти мусаллаҳона кушта шуданд.
Гулбиддини ҷавон ҳам он рӯз бо чанд ҷавони ҳамдеҳааш дар мағозаи назди деҳ буд, бехабар аз он ки мақомдорон дасисаи навбатиеро дар диёраш роҳандозӣ кардаанд, то ваъзро боз ноором созанд. Ӯ намедонист, ки инҳо ҳанӯз аз рехтани хун дар ин макон сер нашудаанд ва морони ду кифтаашон боз ҳам хун мехоҳанд.
Як порчаи замини ин сарзаминро ба Чин тӯҳфа карданд, дороиҳои инҷоро ба тасарруфи худ дароварданд, ба чиниҳо барои сохтмони пойгоҳи низомиашон иҷозат доданд ва акнун нақшаи навро роҳандозӣ доранд. Ва барои он ки ин нақшаи шумро амалӣ кард, дар дили мардум бояд ҳарос афканд, то баҳона барояшон бошад.
Оре, Гулбиддин намедонист, ки чанд рӯз пеш дар яке аз утоқҳои кадом мансабдори ин вилоят, бе додгоҳ барояш ҳукми маргро навиштаанд. Ҳукме, ки дар Тоҷикистон барои хок пошидан ба чашми ҷомеаи байналмилалӣ ба он маратория эълон кардаанд, аммо пушти парда онро иҷро мекунанд ва он ҳам бе муайян кардани гунаҳкор будан ё набудани шахс.
Шоҳидон аз он рӯзи мудҳиш чунин ёд мекунанд: Олим Шаюков, яке аз сокини деҳаи Тавдем, ки дар назди нуқтаи сӯзишвории назди фурӯшгоҳе, ки Гулбиддин бо чанд нафар истода буд, ба Радиои Озодӣ гуфт: “Тақрибан соати 11:20-и рӯзи 25-уми ноябр мошини сафеди мусофирбаре омад ва дар назди мағоза истод. Аз дохили он мошин беш аз даҳ мусаллаҳ поин шуданд, ки ҳама ба рӯй ниқоб доштанд.”

Диловар Хуррамов, сокини дигари деҳа, ки он замон каме дуртар аз пуле қарор дошт, ки Гулбиддин рӯи он кушта шуд, аз он рӯз чунин ёд мекунад: “Ман лаҳзаи паррондани Гулбиддинро дидам. Ӯ ба болои кӯпрук медавид, ки садои тир баланд шуд. Як бор афтид ва боз хест. Мехост, ҳаракат кунад, ки боз садои тир шунида шуд ва ӯ якпаҳлӯ бо дастонаш панҷараи бари пулро дошта, як паҳлӯ шуд. Ҳафт силоҳбадаст ба тарафаш омаданд. Ҳанӯз зинда буд, чун вақте мехостанд, ӯро бардоранд, бо ду дасташ панҷараро дошта буд ва дастонашро ба зӯр боз карданд.”
Аз нақли шоҳидони ин ҳодиса маълум мешавад, ки Гулбиддин барои наҷот ёфтан аз дасти низомиён ба тарафи пули деҳа давидааст ва муқовимате нишон надодааст. Инро дар видеое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуданд, дидан мумкин аст, ки чӣ гуна ваҳшиёна, бале ваҳшиёна Гулбиддинро дар рӯи пул, ки ҳатто ҳайвони даррандаро чунин намекушанд, азият мекунанд. Чунин корро фарзанди инсон намекунад.
Аз ин видео бори дигар маълум шуд, ки коргардонҳои ин саҳнаи каблан тарҳрезишуда ба ҳеч ваҷҳ намехостанд, ки Гулбиддин зинда дар назди додгоҳ қад алам кунад. Барояшон бо чӣ қимате, ки набошад куштани ин ҷавон лозим буд, то парда аз рӯи разолаташон бардошта нашавад. Разолате, ки бо он метавон соҳиби курсӣ ё рутбаи генералӣ шуд.
Диловар Хуррамови шоҳиди ҳодиса нақл мекунад, ки аз аввалин нафаре буд, ки ба маҳалли тир хӯрдани Гулбиддин расид ва ҷуз хун, ки аз ваҳшоният дарак медод, силоҳеро надид. Ҳоло, суол ин аст: низомиён, ки Гулбиддинро бо доштани силоҳ муттаҳам мекунанд, чаро вақте ҷасади Гулбиддини ҳанӯз зинда бударо кашола карда мебурданд, яроқро чун далели шайъӣ ҳамон лаҳза нагирифтанд? Ва чаро низомиён, ки барои амалиёти безараргардонӣ омадаанд ва аз қабл ҳам омода буданд, бо худ наворбардор наоварданд, ки ин ҳамаро наворбардорӣ кунад?
Мақсад, ки куштан ва рӯйпӯш кардани ҷинояташон буд, аз наворбардор истифода накарданд. Аммо шоҳидоне ёфт шуданд, ки ин ҳама ҷинояти низомиёнро ба навор бардоштанд.
Тасаввур мекунам, ҳоли он нафареро, ки лаҳзаи куштани Гулбиддин бо гӯшӣ сабт мекард. Аз ваҳшонияти манзара гӯшӣ дар дасташ меларзид ва қариб аз дасташ ба замин мехӯрд. Гӯшӣ ҳам наметавонист ин ҳама ҷиноят ва разолатро бардорад. Низомиён дар лаҳзаи содир кардани ҷиноят он чанд нафареро, ки онҷо буданд, маҷбур намуда буданд, ки пушт гардонанд ва наҷунбанд. Аммо баъдтар маълум шуд, ки мардум зиёд чизҳоро диданд ва метавонанд ба самъу назари ҷаҳониён расонанд. Ва интернетро ҳам дар ин минтақа хомӯш карда буданд, то ҷаҳон аз корҳои онҳо бохабар нашавад.

Чаро таппончаи “Макаров” дар ҷойи ҳодиса баъди 40 дақиқа пайдо шуд? Чунки ин дар сенарияи қаблан оммодашудаи низомиён набуд, ё дар инҷо ба иштибох роҳ доданд.
Кормандони шӯъбаи фаврӣ-ҷустуҷӯӣ иддао доранд, ки аз рӯи қонун рафтор кардаанд. Ва то расидани коршинос ба маҳалли ҳодиса, бояд далелҳо беҷо нашаванд. Хуб, барои доштани Гулбиддин беш аз 10 нафар омада буданд. Ва вақте безарараш карданд ва ҷасадашро бурданд, чаро дар худи ҳамонҷо бо даъвати шоҳидон таппончаро навор нагирифтанд? Асри 21 аст ва телефонҳои ҳамроҳ ҳама бо худ доранд. Дар ҳамонҷо мешуд ин ҳамаро ба навор гирифт.
Низомиён дар инҷо ҳам худашонро ҳақ бароварданӣ мешаванд. Расонаҳо аз забони коршиносон навиштаанд: “Агар инҳо силоҳро мегирифтанд, изи ангушт вайрон мешуд. Ҳоло изи ангушт дар ҳамон силоҳ ҳаст, ки дар ҳар ташхис собит мешавад. Аммо суол ин аст, вақте ки Гулбиддинро ба мошин бор карда бурданд, ӯ ҳанӯз зинда буд. Пас ин ҳам далел буда метавонад, ки таппончаро ба дасти Гулбиддини маҷрӯҳ додаанд, то изи дасташ монад, баъди ин чанд тири контролӣ зада, ӯро ба ҳалокат расонданд. Хешовандонаш хам даъво доранд, ки баъди мурдан ба дасташ силоҳро додаанд.”
Аз Тавдем то Хоруғ 18 километр роҳ аст ва нимирӯзии 25-уми ноябр Гулбиддин Зиёбеков дар ин масир ҷон додааст. Манбаъҳои огоҳ дар миёни сокинон ва мақомоти давлатӣ “хунравии зиёд”-ро сабаби асосӣ донистанд. Аммо Интизор Зиёбеков, бародари Гулбиддин, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки вай дар бадани мақтул ҳафт захми тирро ҳисоб кардааст, ки чортои он дар пойҳо, сетои дигар дар чашму дилу шикамаш будаанд. “Мо вақте ба назди ҳукумат расидем, ки гуфтанд, Гулбиддин дар беморхона аст. Онҷо рафтем, ки гуфтанд, дар МОРГ (сардхона) аст. Духтурон гуфтанд, ки вақте ӯро оварданд, аллакай мурда буд. Мо ба МОРГ рафтем ва ҷасадро гирифтем. Маслиҳат шуд, ки онро пеши ҳукумат барем ва фаҳмонанд, ки чаро ӯро куштанд,” — гуфт ӯ.
Модари Гулбиддин, ки онҷо буд, ба ин ризоият дод. “Ин чӣ коре буд, ки карданд. Наход барои як одами бесилоҳ як мошин силоҳдор фиристӣ? Наход дар дохили деҳа амалиёт гузарондан иҷозат бошад? Писари ман ҳамин гуноҳро карда буд, лекин чаро ба ӯ даъватнома надоданд? Ҳамон вақт бурда пурсида буданд, чизе нашуд-ку. Ӯро ҷазо медоданд, ман розӣ будам, лекин бераҳмона куштан чӣ маъно дорад?” — пурсишҳоест, ки ҳанӯз касе посухашонро надодааст.
Певистамо Абдулмуминова ду рӯз бо ҷасади писараш ва даҳҳо эътирозгар назди бинои ҳукумат истоданд. Танҳо пас аз ду рӯз рӯҳониёни маҳаллӣ ба онҳо машварат додаанд, ки ҷасадро бояд ба хок супоранд. Ӯ гуфт: “Дар пеши тазоҳургарон аз ҳукумат талаб кардам, ки ҷавоб диҳад. Меомаданд, шарҳ медоданд, ки бачаи ту ин гуноҳро кард ва мо куштем. Далел меоварданд, исбот мекарданд, ман чизе намегуфтам. Мебахшидаму дар майдон намеистодам. Ду рӯз истодам ва ягон нафар аз ҳукумат назди ман наомад. То ҳол ҳам касе пеши ман наомадааст.”
Файзмуҳаммад, сокини 73-солаи деҳаи Тавдем, аз шахсоне аст, ки ба санади мақомот ҳамчун шоҳид, ки силоҳро дар ҷойи ҳодиса дидааст, имзо гузоштааст. Ӯ гуфт, воқеан ба чунин санаде имзо гузошт, вале ин корро на ихтиёрӣ, балки аз тарс кард. Ба гуфтаи ӯ, “ин силоҳ бо расидани гурӯҳи тафтишотӣ дар он маҳал пайдо шуд.” “Мо ду муйсафедро бо силоҳ ба ҷои ҳодиса бурданд. Чор нафар аз пешамон ва чор нафар аз қафо буданд. Нафаре гуфт, мо эксперти вилоятӣ ҳастем. Ҳамонҷо якбора силоҳ пайдо шуд. Агар ман мегуфтам, ки силоҳ ҳозир пайдо шуд, мумкин маро мепаронданд. Ҳамонҷо боқимондаҳои тирро ҷамъ карданд, санад карданд ва мо аз тарс имзо гузоштем,” — нақл кард ӯ.

Певистамо Абдулмуминова ҳам гуфт, писараш силоҳ надошт ва истифодаи онро намедонист. “Ба номи Худо қасам, ба арвоҳи писари навгузаштаам қасам, ҳеч гоҳ дар дасти писарам силоҳ надидаам. Писари ман на хидмати ҳарбӣ карда буд ва на силоҳ истифода бурда метавонист. Ин таппонча аз куҷо пайдо шуд, намедонам,” — гуфт Певистамо Абдулмуминова ба Радиои Озодӣ.
Вақте ки мақомот ба эътирозгарон ваъда дод, ки омилони қатли Гулбиддинро пайдо мекунад, эътирозгарон ба ҳарфи мақомот он қадар бовар надоштанд, чунки ҳеч вақт ин ҳукумат ба ҳеч ваъдаи дода вафо накарда буд. Аммо чун умед охирон мемирад, эътирозгарон бо умеди тантанаи адолат, хотима гузоштан ба ин ҳама қатлу куштор аз ҷониби низомиён дар ин сарзамин, ин бор низ ба мувофиқа расиданд, ки майдонро тарк мекунанд ва интизори баррасии одилонаи мақомот ба ин ҳодиса мешаванд. Ин аст, ки 44 нафарро аз ҷомеаи шахрвандӣ ба хайати комиссия шомил намуданд. Бо дархости силсилаи пешниҳодҳо, ки тахқиқи одилонаи куштори Гулбиддин, таъқиб нашудани эътирозгарон ва барқарор кардани интернет аз асоситаринҳояшон буданд, мардум майдонро тарк карданд.
Аммо оё ҳукумат дархости эътирозгаронро ба назар гирифт ва то чӣ андоза ин ҳодисаро, ки ба гуфти коршиносон, худ сабабгори онанд, мушикофона мавриди санҷиш қарор медиҳад, дар ин матлаб мавриди тахлили кӯтоҳе қарор хоҳем дод.
Нахуст, ҳукумат ва аъзои комиссия ба мувофиқа расида буданд, ки то пурра таҳқиқ нашудани ҳодиса ҳеҷ яке аз ҷонибҳо сирри тафтишотро ба берун намебарад ва мавъзӯро яктарафа баҳогузорӣ намекунад. Намояндаҳои эътирозгарон ин шартро қабул намуданд.
Аммо баъди ду се рӯзи ин воқеа, раиси Кумитаи амнияти миллии кишвар, Ятимзода дар ҷаласае, ки дар ҳукумати вилоят доир шуд, ӯҳдадории дар шартнома овардашударо вайрон намуд ва мунтазири хулосаи додгоҳ нашуда, Гулбиддинро ҷинояткор ва саркардаи гурӯҳи ҷинояткор номид. Хуб, фарз кардем, Гулбиддин ҷинояткор буд ва саркардаи гурӯҳи муташаккил. Пас, ин ҳама қадар сол, ки артиши беш аз 3 ҳазорнафара, Омон ва дигар сохторҳои амниятӣ ва ВКД бо сарварии муовини вазир Аламшозода омили онанд, чаро натавонистанд, аз чӣ қадар будани аъзои гурӯҳ, чӣ қадар яроқу аслиҳа доштан, таҳти фармони кӣ фаъолият намудан ва аз ҷониби кӣ маблағгузорӣ шуданро ошкор карда натавонистанд?
Агар ин ҳама гурӯҳи муташаккил буд, чаро ҳеҷ як нафаре аз ин вилоят ба ДОИШ ва гурӯҳҳои дигар, ки дар хориҷ фаъолият мекунанд, напайвастааст? Ва дар ҳоле, ки мансабдори воломақоми сохтори низомӣ ба ДОИШ пайваст, ҳеҷ бадахшоние омили гурӯҳи ҷиноятпешаи байналмилалӣ нест.

Бешак, талаботи дуввуми мардум, ки ин ҳам дастрасӣ ба интернет буд, иҷро нашуду интернетро фақат ба баъзе муассисаҳои давлатӣ доданд. Дар ин ҳол телевизони Бадахшон маълум аст, ки зери фишори мақомоти қудратӣ ё бо роҳнамоии эшон ба ҷинояткор муаррифӣ кардани мардуми ин вилоят шурӯъ кард. Ва дар наворҳое, ки аз ин вилоят пешкаши мардум мекарданд, дар баробари риоя нашудани қонуни матбуот ҳамчунин ҳодисаҳои зиёди нақзи хукуқи инсон ба назар мерасанд. Дар ин ҳама рӯз, ки комиссия бояд ба тахқиқи ҳодиса машғул мебуд, барои ба дигар тараф бурдани таваҷҷӯҳи мардум аминиятиҳо, ки таҷрибаи зиёди сохтани филмҳои калбакиро доранд ва дар ин 30 соли истиқлолият ба ғайр аз ин кор натиҷаи дигари мусбатеро дар самти ҳимояти шаҳрвандон ба даст наовардаанд, филми “Нерӯи сухан”-ро рӯи кор оварданд. Дар ин филм сухан аз моҷарои як соли гузашта дар Роштқалъа аст, ки Абдусаттор Абирзода, ёрдамчии додситони ин ноҳияро барои робита ба як духтари маҳаллӣ латтукӯб карданд. Мақомот он замон дар иртибот ба ин ҳодиса, Гулбуддин Зиёбековро муттаҳам карда, дар ҷустуҷӯ қарор доданд. Яъне аз филм бармеояд, ки Зиёбеков як сол дар ҷустуҷӯ қарор доштааст. Ва ин як сол ҳам ӯ аз вилоят берун нарафта да пеши назари мақомот кору зиндагӣ мекардааст. Ва чандин бор ҳам дар чорабиниҳое дар назди раиси вилоят ва масъулини ниҳодҳои кудратӣ зухур кардааст. Пас, агар дар ҷустуҷӯ буд, чаро он вақт боздошт накарданд? — савол медиҳанд мардуми филмро дида. Ва чаро Ёдгор Файзови дар филм баромад карда ҳамчун раиси вилояту кафили сулҳу оромӣ дар ин минтақа он вақт аз ҷинояти Гулбиддин хабар надод?
Оре, мақомот чизеро мунтазир буд, яъне бидуни низомиён дастгоҳи тарғиботии раиси ҳамакнун собиқи вилоят он вақт фаъол буд, чаро боре ин ҷиноят ва дар озодӣ будани гунаҳкори онро ба ҷомеа муаррифӣ накард? Аз инҷо хулоса баровардан мумкин аст, ки дар инҷо на Гулбиддину халқи Бадахшон, балки мақомдорон гунаҳкор ҳастанд. Магар як нафар сокини одди ин вилоят ба фасод даст зада? Магар сокини одди ин вилоят мехост таҷовуз ба номус кунад? Магар ба фасод, порахӯрӣ ва дигар амалҳои номатлуб сокинони оддӣ даст мезананд? Дасти дарозро намояндаи ҳукумат дорад ё мардум?
Албатта инҳо саволҳоеанд, ки мансабдорон ба онҳо ҳеч вақт ҷавоб намедиҳанд ва саволҳоеанд, ки чун ҷавоб намеёбанд, мардум ба майдон мерезанд. Агар ҳамон вақт раиси вилоят холисона рафтор мекард ва ба Гулбиддин, он ҷавондухтар, ё дигаре кӯмак расондан мехост ва як сол пеш талаб ба миён мегузошт, ки ҳодиса таҳқиқ шавад ва то ҳодиса холисона таҳқиқ нашавад, ором нахоҳад буд, чӣ мешуд? Бетарафии раис ва парда пӯшондани ба ин кор чӣ паёмадеро ба бор овард ҳама шоҳид ҳастанд.
Хуҷамрӣ Пирмамадов, масъули Дафтари матбуоти ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзи 15-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот кормандони мактабҳо, беморхонаҳо ва идораҳои дигаре, ки аз буҷаи давлат маош мегиранд, маҷбур мекунад, то тариқи телевизиони давлатӣ руйдодҳоро як тарафа маҳкум кунанд. “То имрӯз ҳудуди 15 нафар ба фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ шикоят карданд, ки онҳоро маҷбур мекунанд, ки агар ҳарф назанӣ, аз ҷои кору маош маҳрум мешавӣ. Вақте онҳо иҷборан, якҷониба сӯҳбат мекунанд, ба ҷараёни тафтишоте, ки идома дорад, ҳатман халал ворид мекунанд”, — гуфт ӯ.

“Дар барномаи “Неруи қонун”-и телевизиони Бадахшон дар бораи ҳодисаи кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков наворҳо пахш кардаанд, ки ҳоло тафтишот идома дорад ва танҳо хулосаи муфаттишон маълум хоҳад кард, ки кӣ гунаҳкори нооромиҳои ахир аст”,- гуфт ӯ.
Телевизиони вилояти Мӯхтори Кӯҳистони Бадахшон шоми 9-уми декабр дар бораи ҳодисаҳои ахир дар ин вилоят барномаи вижа пахш кард. Дар ин барнома ширкатдорони ҳодисаҳои ахир ба зиёдаравӣ муттаҳам мешуданд. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дархост доранд, ки ба пахши барномаҳои якҷониба поён дода шавад. Мақомот пахши барномаҳои худро дар гузашта намоиши воқеият дониста буданд.
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд дар сурате, ки гурӯҳи кории муштараки тафтишотӣ ҷараёни руйдодҳоро таҳқиқ дорад, пахши ҳар гуна барномаи телевизонӣ аз тариқи шабакаҳои ҳукуматӣ дахолат ба ҷараёни тафтишот аст.
“Агар мақомоти интизомӣ наворе ё маълумот аз ҷузъиёти ҳодисаеро дар даст доранд, бидуни пахш дар расонаҳо ва бидуни пешқазоват ба ҳамин гурӯҳи тафтишотӣ пешниҳод кунанд. Дар сурати ғайр, дар мавриди тафтишоти шаффоф шубҳаҳо пайдо мешавад ва афкори ҷомеаро тағйир медиҳад”, — гуфт Ҳакимов.
11 декабр барои ташхиси дубора ҷасади Зиёбековро аз гӯр берун кардаанд. Пайвандонаш ба Радиои Озодӣ нақл карданд, ки коршиносони судӣ-тиббӣ барояшон гуфтаанд, эҳтимол дар ҷасад ду тир боқӣ мондааст ва онро барои санҷиш бояд берун оранд.
Интизор Зиёбеков, бародари Гулбиддин Зиёбеков, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба хотири тафтиши одилонаи парванда ба берун кардани ҷасад ризоият доданд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин ташхис маълум шудааст, як тир дар камари ӯ зада шудааст ва аз дилаш берун шудааст.
“Онҳо чӣ ёфтанд ва ба чӣ натиҷа расиданд, ҳоло то охири тафтишот бояд интизор шавем. Ҳангоми берун кардани ҷасад намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамроҳи онҳо буд”, — гуфт ӯ.
Бо берун кардани ҷасад аз гӯр, мақомот ҳанӯз ҳам мехоҳанд, ки мардумро ба кӯчаи сардаргумӣ баранд. Инро фаъолони ҷамъиятӣ ҳам эҳсос кардаанд ва дар ҷаласаи охири худ тасмим гирифтаанд, ки ба Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ, муроҷиат кунанд. Онҳо шоми 20-уми декабр дар як муроҷиатномаи видеоӣ аз Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон хоста буданд, ҳодисаҳои ахири вилоятро дар иҷлосияи навбатӣ баррасӣ кунад. Онҳо гуфтанд, ки дар гирдиҳамоии ахири Хоруғ 17 нафар захмӣ гаштанд ва ду нафар ба ҳалокат расидааст, вале мақомот танҳо латтукӯби кормандони мақомоти қудратиро тафтиш мекунанд. Мақомоти тафтишотӣ, шурӯъ аз Додситонии кулл ва Вазорати корҳои дохилӣ, дар робита ба норозигии ҷомеъаи шаҳрвандӣ, ки чанд рӯз пеш дар расонаҳо нашр шуд, то ҳанӯз посух надодаанд. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчунин аз мақомот мехоҳанд, маълум кунанд, ки чаро дар эътирози рӯзҳои 25-28-уми ноябр силоҳ истифода шудааст.

Ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон мегӯяд, ки “мо фаъолиятамонро давом медиҳем” ва онро қатъ намесозем, то замоне, ки воқеият равшан шавад. “Чаро аз гази ашковар, аз чӯбдаста, аз гулӯлаи резинӣ ва ё аз имконоти дигар истифода нашуду аз силоҳ истифода карда шуд? Мо дар гирдиҳамоиҳои дигар кишварҳо, дар шабакаҳои телевизион мебинем, ки ҷониби тазоҳургарон чунин муносибат намешавад”, — гуфт як тан аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон ба расонаҳо.
Қаблан мақомот гуфта буданд, ки эътирозгарон силоҳи кормандони милисаро тасарруф карда буданд ва аз тариқи онҳо мехостанд ҳамла кунанд, аммо сабтҳое, ки баъдан дар интернет пайдо шуданд, ин гуфтаҳои мақомотро ботил гардонд. Дар ин наворхо дида мешавад, ки чӣ хел аз дохили ҳукумат ба сӯи эътирозгарон тир холӣ мекунанд.
Пас аз сӯҳбат бо мардум таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мақомот ваъдаҳои худро, мисли дастрас шудани интернет ба сокинони вилоят иҷро карданӣ нест ва мисли солҳои 2012, 2014 ва 2018 хоҳад буд, ки дар вилоят интернетро қатъ намуда ҷиноятҳои худро рӯпӯш карда буданд. Соли 2012 раиси Хадамоти алоқа Бег Сабури қудоӣ президент гуфта буд, ки ба сими интернет тир расидааст, яъне он солхо ҳанӯз каме инсоф доштану барои пӯшонидани ҷиноятҳои худ баҳонаеро мебофтанд. Ҳоло бошад рӯирост интернетро катъ сохта ҳатто салоҳ намедонанд, ба мардум шарҳ диҳанд, ки тӯли як моҳ чаро интернет нест.
Гирдиҳамоии Хоруғ, на танҳо дар ВМКБ, балки дар хориҷ аз кишвар низ ҳамовозӣ пайдо кард. Бадахшониён дар Русияву Амрико, Аврупо ва дигар кишвархо назди сафоратхонаҳои Тоҷикистон ҷамъ омада ҳамроҳии худро бо падару модар, хоҳару бародарони дар Бадахшон будашааон изҳор намуданд. Ҳамчунин талабҳои зиёди хаттӣ барои барқарор намудани интернет дар ин вилоят ҳамарӯза дар шабакаҳои маҷозӣ пайдо мешавад.
Мақомот ба нақзи хуқуқи сокинони ин вилоят на фақат бо хомӯш кардани интернет иктифо намуданд, балки рӯйхате тартиб доданд, ки номи 66 сокини шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъаи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро барои хориҷ нашудан аз кишвар ба ихтиёри сарҳадбонон дар гузаргоҳҳои марзӣ супурданд.
Нусхаи рӯйхат бо номи “Ашхосе, ки ба ситемаи мамнӯъшудагон ворид шудаанд”, рӯзи 22-юми декабр дастраси Радиои Озодӣ шуд. Мақомот онро шарҳ надод, вале фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Бадахшон мегӯянд, аксари афроде, ки номашон дар рӯйхат ҳаст, дар эътирози рӯзҳои 25-28-уми ноябр ширкат кардаанд. Дар ин феҳраст ному насаб, ноҳия, деҳа ва рӯзи таваллуди афроде, ки иҷозаи берун шудан надоранд, сабт шудааст.
“Дар ин рӯйхат, аслан зодагони маҳаллаҳои Хоруғ ва Роштқалъа ҳастанд, ки тобути Гулбиддин ва ду нафари дигарро ба майдон оварданд. Онҳо талаби ҷазо додани дастандаркорони куштори ӯро карда буданд”, — гуфт ӯ.
Пойгоҳи хабарии “Pamir Daily News”, ки рӯйдодҳои ВМКБ-ро пӯшиш медиҳад, дар як матлаби таҳлилии худ дар мавриди вазъияти ВМКБ навиштааст, ки дастрасии маҳдуд ба интернет ба тамоми бахшҳои истеҳсолӣ таъсир расонидааст: ба умури бонкӣ, гузоришдиҳии хадамоти андоз, ширкатҳои мухобиротӣ, фаъолияти Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ширкатҳои фанновариҳои иттилоотӣ (IT), ки бо фармоиши хориҷӣ кор мекунанд ва ғайра. “Тасаввур кунед, ки қатъ кардани интернет ба иқтисоди вилоят чӣ қадар хисорот ворид кардааст. Вилоят амалан фалаҷ шудааст. Садамае, ки ба обрӯ ва эътибор расидааст, ҷуброннопазир аст. Фазои сармоягузорӣ барои чандин соли оянда халалдор шуд, чунки баррасии бисёре аз барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба муддати номуайян ба таъвиқ афтод ва ё ҳам куллан лағв шуданд”, — гуфта мешавад дар матлаб.
Дар ҳоле, ки мақомот барои шарҳи қатъи интернет дар ВМКБ ҳозир нестанд, аммо коршиносони мустақил чунин тасмимро ғайриқонунӣ мегӯянд. Шокирҷон Ҳакимов, доктори улуми ҳуқуқ мегӯяд, масдуд кардани интернет ба унвони дастоварди замони муосир ва манбаи алтернативии хабар хилофи усули ахлоқӣ ва қонунӣ мебошад. “Аз назари қонуни бидуни тасвиби санади мувофиқ аз сӯи парлумон, раиси ҷумҳур ва ниҳодҳои дигари зидахл, масдуд кардани интернет дар ВМКБ бояд оқибатҳое дар пай дошта бошад ва мақомот бояд ба он вокуниш нишод бидиҳад”, — мегӯяд Ҳакимов.

Дар ҳоле, ки ин давлат муваззаф аст, ки зиндагии шоистаро барои сокинони ин вилоят муҳайё созад — чунки ин вилоят дар тамоми санадҳо бо унвони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадашхон ёд мешавад — аммо мустақиллияте надорад. Ҳатто барои ҷалб кардани сармояи хориҷӣ ба вилоят, ба манфиати вилоят истифода бурдани маблағи аз сайёҳӣ ва туризм ба даст омадаро надоранд. Роҳи бузургтарини мошингарди Душанбе-Кулма аз қалби ин вилоят мегузарад, аммо иҷоза нест, ки маблағи аз ин ҳисоб ба даст омадаро барои таъмири рохҳои ин вилоят сарф кунанд. Аз ин ҳам мегузарем. Вақти як қисми замини ин вилоятро ба Чин доданд, на маҷлиси вакилони вилоятро дар ҷараён гузоштану на аз мардум пурсиданд.
Ва тавре, ки дар боло гуфтем, дар баробари сарватҳои табӣ, нерӯҳои ақлонии ин вилоят сарвати гаронтарини ин минтақа ҳисоб мешавад, ки бо истифодаи оқилонаи онҳо на фақат иқтисоди Бадахшон, балки иқтисоди тамоми Тоҷикистонро боло бурдану муҳоҷиратро коҳиш додан мумкин аст.