Ба қалами МАҲМУДҶОН ФАЙЗРАҲМОНОВ, раиси департаменти умури хориҷаи ПМТ
Депорти Ҳизбулло Шовализода, шаҳрванди Тоҷикистон ва фаъоли тоҷик, аз Австрия ба Тоҷикистон бо вуҷуди ҳушдорҳои шадиди созмонҳои ҳуқуқи башарӣ аз авоқиби он, як лаккаи нанге бар демократия ва озодихоҳии Аврупо ба шумор меравад.
Баъди он ки ҷаноби Шовализода аз Австрия ба Тоҷикистон депорт шуд, ӯ бо иттиҳомоти сохта, аз ҷумла хиёнат ба Ватан, дар паси дарҳои баста ба 20 сол зиндон маҳкум шуд. Ҳамон натиҷа ва авоқибе, ки созмонҳои ҳуқуқи башар, аз ҷумла Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ҳукумати Австрияро аз он ҳушдор дода буданд.
Кишвари Австрия, ки аз кишварҳои пешрафта ва демократии Аврупо ба шумор меравад, бо як тасмими нодуруст ва аҷулонааш як сол пеш Ҳизбулло Шовализода, фаъоли тоҷикро ба Тоҷикистон истирдод кард. Вале баъдтар додгоҳе дар Австрия қарори истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро ғайриқонунӣ донист ва эълом кард, ки Шовализода ҳаққи иқомат дар ин кишварро дорад, аммо аллакай хеле дер шуда буд. Ин замон аллакай Шовализода бо гирифтани ҳукми 20 сол зиндон дар кунҷи зиндонҳои Тоҷикистон қарор дошт.
Чаро Австрия ӯро истирдод кард?
Ҳизбулло Шовализода, ҷавони тоҷик, ки зодаи ноҳияи А.Ҷомӣ аст ва санаи 27.01.1991 ба дунё омадааст, дар таърихи 21.03.2019 дар Австрия дархости паноҳандагӣ кард. Аммо ба сабаби он, ки ин ҷавон аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон ба иттиҳоми терроризм мисли дигар фаъолони тоҷик дар кофтукоб қарор дошт, дархости паноҳандагии ӯ аз тарафи мақомоти муҳоҷиратии Австрия рад шуд. Сипас, қазияи ӯ ба додгоҳ дар Австрия рафт. Пас аз баррасӣ, додгоҳи федералии Австрия қарори истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро содир кард, ки ин қарор боиси интиқоди шадиди созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва фаъолони тоҷик гашт.
Онҳое, ки аз ҷузъиёти қазияи Шовализода хабар доранд, мегӯянд, ки сафорати Тоҷикистон дар Вена тамоми кӯшиши худро барои бозгардондани ӯ сарф кард, то имтиёзи сиёсӣ дар баробари мухолифинаш касб кунад. Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли тақрибан 30 сол барои баргардонидани мухолифин аз кишварҳои дунё, бахусус кишварҳои собити Шӯравӣ, аз ҷумла Русияву Қазоқистон ва кишварҳои минтақа, аз ҷумла Туркия ва кишварҳои урупоӣ роҳҳои мухталифро истифода кардааст.
Сомонаи мустақилли “OpenDemocracy”, мақарраш дар Англия, навишт, ки таҳқиқот нишон дод, ки иттиҳомоти ифротгароӣ алайҳи Шовализода дорои ангезаҳои сиёсӣ будааст. Дар мақолае, ки ин сомона навиштааст, омада, ки Додситони кулли Тоҷикистон бо интишори баёнияе аз ҳукумати Австрия барои истирдоди “як ифротӣ” ташаккур кардааст.
Маҷаллаи мӯътабари “The Economist”-и чопи Лондон дар мақолае зери унвони “Ваҳшонияти бидуни марз: режимҳои саркӯбгар контроли худро бар шаҳрвандони худ дар хориҷ аз кишвар шадидтар мекунанд” навиштааст: “Додгоҳи Олии Австрия истирдоди ӯро бекор кард, аммо ӯ дар ҳоли ҳозир маҳкумияти 20-солаи худро барои ифротгароӣ, дар зиндон мегузаронад. Режимҳои худкома муддатҳост, ки “листи сиёҳ”-и Интерполро дасткорӣ мекунанд, то мухолифини худро дар хориҷ аз кишвар ба дом биандозанд.”
Вокунишҳо дар пайи қарори истирдоди Шовализода
Вақте додгоҳе дар Австрия қарори истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро содир кард, созмонҳои байналмилалию ҳуқуқи башарӣ ва фаъолону гурӯҳҳои сиёсӣ аз ин қарори мақомоти Австрия шадидан интиқод карданд ва аз авоқиби вахими ин қарор ва поймолшавии ҷиддии ҳуқуқи ӯ ҳушдор доданд.
Ҷон Ҳидершов, профессори равобити байналмилалӣ дар донишгоҳи Эксетери Англия навишт: “Ин ваҳшатнок аст. Агар Шовализода, як фаъол, узви ҳизб ё аз ақаллиятҳоест, ки мавриди ҳадаф қарор гирифтаанд (язғуломӣ будан), мақомоти Австрия бояд хатари бозгардондан ва тааҳҳудоти худ дар баробари қавонини байналмилалиро дарк кунанд. Соири кишварҳои ИА ба ҳамин далел аз депорт ба Тоҷикистон худдорӣ мекунанд.”
Ду рӯз пеш аз истирдоди ӯ ба Тоҷикистон, фаъолони тоҷик дар Австрия, бо шумули Абдусаттор Бобоев, раиси КШНГЗС ва Шоҳнаим Карим, аз наздикони Шовализода ва зодаи минтақаи Язғулом, дар назди маркази истирдоди пулис дар шаҳри Вена тазоҳуроте баргузор карданд. Ин фаъолон аз ҳукумати Австрия хостанд, ки қарори истирдоди Шовализодаро лағв кунанд, зеро ӯ дар Тоҷикистон мавриди шиканҷа ва ҳабс қарор хоҳад гирифт.

Вайсиддин Одинаев, як фаъоли дигар тоҷик, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Шовализода аз ҳукумати Австрия паноҳандагӣ хост, аммо Австрия ба ҷои паноҳандагӣ ӯро ба ҳукумати худкомаи Тоҷикистон месупорад.
Як фаъоли дигари тоҷик бо интишори баёнияе дар Твиттер бо хитоб ба нахуст-вазири вақти Австрия, ҷаноби Себастиян Куртс ва ҳукумати Австрия гуфт, ки Шовализода бо вуҷуди рискҳои ҷиддии шиканҷаву зиндон шудан ба зудӣ депорт мешавад. Ӯ афзуд: “Ман замонат медиҳам, ки дар сурати истирдод, ӯ яқинан мавриди шиканҷа ва ҳабси тӯлонимуддат қарор хоҳад гирифт… Ин як масъалаи воқеан инсонӣ аст.”
Вайсиддин Одинаев, фаъоли мустақилли тоҷик, ки бародараш Эҳсон Одинаев бо ангезаҳои сиёсӣ аз Маскав чандин сол пеш нопадид шуд, гуфт: “Мо аз мақомоти Австрия мехоҳем, ки монеъи депорти Ҳ. Шовализода шаванд, вагарна ҷони ӯ дар хатари бузург қарор хоҳад гирифт. Режими Раҳмонов нисбат ба мухолифинаш бераҳм аст.”

Шовализода чӣ тавр депорт шуд?
Чанд рӯз пеш аз истирдоди Шовализода фаъолони тоҷик дар Австрия барои ӯ вакили мудофеъе гирифтанд, то монеъи истирдоди ӯ ба Тоҷикистон шаванд, аммо ин кор ниёз ба вақти бештар дошт. Сипас, фаъолони тоҷик дар Австрия ба мақомоти мухталифи ин кишвар нома фиристоданд, то қарори истирдоди ӯ бознигарӣ шавад, аммо бидуни натиҷаи малмусе. Бинобар ин, фаъолони тоҷик ду рӯзи пеш аз депорташ, яъне рӯзи 2-уми марти 2020 дар маркази пулис барои депорт дар шаҳри Вена тазоҳурот баргузор намуданд ва аз мақомоти Австрия ва ҷомеаи ҷаҳонӣ талаб карданд, ки қарори истирдоди ӯ нодуруст аст ва дар сурати анҷоми ихроҷаш ба Тоҷикистон мавриди шиканҷа ва ҳабс қарор мегирад.
Бо вуҷуди таъкидҳо ва ҳушдорҳои мудофеъони ҳуқуқи башар, рӯзи 4-уми марти 2020 Шовализода аз фурудгоҳи байналмилалии Вена бо ҳавопаймо аввал ба Туркия ва сипас ба Тоҷикистон мунтақил шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар дар ҳамон рӯзи истирдоди Шовализода (яъне 4-уми марти 2020) ҷавоби худро ба номаи вакили мудофеи ин ҷавони тоҷик барои бознигарӣ ва ҷилавгирӣ аз депорт фиристод ва қарори Додгоҳи олии Австрияро бетағйир гузошт.
“Хушҳолӣ”-и ҳукумату нигаронии мухолифин
5-уми марти 2020, яъне як рӯз баъди депорти Шовализода, Прокуратураи генералии Тоҷикистон бо интишори хабарномае аз истирдоди ӯ хабар дода, аз “ҳамкориҳои мутақобила бо мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Австрия” ситоиш кардааст.
Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар баёнияи худ кишварҳои аврупоиро барои бозгардондани мухолифин ташвиқ карда, дар охири баёния “миннатдории хешро ба онҳо (кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо) дар самти мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ баён” намуд.
Бо ҳамони услуби душмантарошӣ ва сиёҳ кардани мухолифин, Прокуратураи генералӣ ӯро узви ҲНИТ эълон кард, дар ҳоле, ки масъулини ҲНИТ борҳо гуфтанд, ки ӯ узви ҲНИТ набуд, вале, ба гуфтаи онҳо, ӯ аз мухолифин ҳимоят мекард ва ин боис шуда буд, ки ҳукумат ӯро дар кофтукоб қарор бидиҳад ва ӯро ҳамчун террорист муаррифӣ намояд.
Мақомоти Тоҷикистон Шовализодаро дар листи сиёҳи ҳамкорӣ бо терроризм, ки соли 2020 мунташир шуда буд ва дар он номҳои Муҳиддин Кабирӣ ва дигар мухолифин низ шомил аст, дар мақоми 820 бо номи “Шовализода Хизбуллои Абдулло, 27.01.1991” ҷой доданд.
Аммо ҲНИТ дар ҷавоб ба иттиҳомоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон баёнияе содир карда, навишт, ки Шовализода ҳаргиз узви ҲНИТ набудааст, балки ҷонибдори мухолифин аст. Ҳизби наҳзат афзуд, ки депорти ӯро “як амали мухолиф бо меъёрҳои байналмиллалӣ ва ҳуқуқи башар медонад, зеро Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое аст, ки дар он ҳуқуқи башар риоят нашуда, мақомоти судиаш мустақил нестанд, шиканҷа дар зиндонҳо ва дар марҳалаи тафтиш амалӣ мешавад.”
Мурофиаи пушти дарҳои баставу ҳукми 20-сол зиндон
Яке аз далелҳои қотеъ барои сохта будани иттиҳомоти ҳукумат алайҳи Шовализода, баргузории мурофеаи ӯ пушти дарҳои баста ва иҷоза надодани хонаводааш дар ин мурофеа мебошад. Агар ҳукумат иддао мекунад, ки Шовализода террорист аст ва “қасди анҷом додани амалҳои террористӣ” доштааст, пас чаро мурофеаи ӯ озод, на дар пушти дарҳои баста ва бо ҳузури ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хешовандон баргузор нашуд?
Рӯзи 12-уми июн, яъне баъди 3 моҳ аз депорташ, мурофиаи ӯ пушти дарҳои баста дар боздоштгоҳ баргузор шуда, ӯро ба иттиҳомоти сохтаи узвият дар ҲНИТ ва “хиёнат ба Ватан” ба муддати 20 сол равонаи зиндон карданд.
Хешовандони ӯ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, мақомот ба онҳо занг заданд ва аз ҳукми наздикашон хабардор карданд, ки ӯро 20 сол аз озодӣ маҳрум кардаанд. Мақомот онҳоро аз замони мурофиааш хабар надоданд, ки худ ин як амали ғайриқонунӣ аст.
Вазорати хориҷаи Амрико дар гузориши солонаи 2020-и худ дар мавриди ҳуқуқи башар аз навҳаи баргузории мурофиаи пушти дарҳои бастаи Шовализода интиқод карда, навиштааст: “Додгоҳи Олӣ ин мурофиаро ҳамчун як мурофаи махфӣ табақабандӣ кард ва аз гуфтугӯи мақомот дар мавриди муҳокимаи Шовализода бо сафоратхонаҳо ва соири тарафҳои зинафъ ҷилавгирӣ кард.”
Мақомоти Тоҷикистон аз додани маълумот дар бораи ин парванда ба далели махфӣ будани он худдорӣ карданд. Дар Тоҷикистон тақрибан ба ҳамаи мурофеаҳое, ки дорои ангезаҳои сиёсӣ ҳастанд, мӯҳри махфӣ мезананд, то ҷомеа аз ҷузъиёти иттиҳомоти сохтаву бофтаи ҳукумат муталлеъ нашавад.
Маҳкум шудани Шовализода ба 20-сол зиндон интиқодҳои шадид аз ҳукумати худкомаи Эмомалӣ Раҳмонро ба бор овард, вале созмонҳои байналмилалӣ ва мудофеъони ҳуқуқи башару фаъолони сиёсӣ ба ин муддати тулонӣ маҳкум шудани ӯро пешбинӣ мекарданд ва ҳамеша ба кишвари Австрия ҳушдор медоданд, ки дар сурати истирдод, Шовализода мавриди шиканҷа ва ҳабс қарор хоҳад гирифт. Аммо ҳукумати Австрия, ки дар дасти Ҳизби мардумии Австрия (ÖVP) буд ва сиёсати зидди муҳоҷиратӣ дошт, ба ин ҳушдорҳо эътиное накард.
Интиқоди шадид аз Австрия ва кишварҳои аврупоӣ барои депорти мухолифин
Ҳарчанд 4 моҳ баъд аз депорти Шовализода ва баъди 25 рӯз аз содир шудани ҳукми Шовализода, додгоҳи федералии Австрия рӯзи 7-уми июли 2020 қарори депорташро ғайриқонунӣ донист, аммо аллакай хеле дер шуда буд. Дар замоне, ки ин ҳукми додгоҳи Австрия содир шуд, Шовализода бо доштани ҳукми 20-сол зиндон дар кунҷи зиндон дар Тоҷикистон қарор дошт.
Надежда Атаева, раиси Анҷумани ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт: “Вакилони мудофеъ дар Австрия маълумоти муфассалро дар бораи қазияи Ҳизбуллоҳ пешниҳод карданд. Маълум мешавад, мақомоти додгоҳии Австрия дар таҳқиқи қазияи ӯ беинсофона бархӯрд кардаанд. Инчунин, муносибати сарди мутахассисони идораи муҳоҷирати ин кишварро мушоҳида намудем.”
Дар худи Австрия ҳукумати ин кишвар мавриди интиқод қарор гирифт. “DerStandard”, яке аз рӯзномаҳои бонуфузи Австрия, 17-уми июли 2020 дар мавриди қазияи Шовализода зери номи “Австрия бояд тоҷики истирдодшударо бозгардонад”, хабари таҳлилие нашр кард ва аз ҳукумати ин кишвар ба шиддат интиқод кард.
Дар идомаи мақола омадааст: “Ин тоҷик гуфтааст, ки ӯ дар ватани худ таҳти таъқиб ва озору азият аст, зеро ӯ язғуломӣ аст. Ҳамчунин ӯ муттаҳам (аз тарафи ҳукумат) ба мансубият ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст. Ҳизбе, ки аз тарафи президенти худкома Эмомалӣ Раҳмон мамнӯъ эълон шуда, ки бар асоси додаҳои созмонҳои ҳуқуқи башар мисли Дидабони ҳуқуқи башар ин як иқдоми густурдае тавассути раҳбарияти иқтидоргаро ва мустабид дар Душанбе сурат гирифт, то мухолифин ва мунтиқидонро ҳамчун ҷинояткор муаррифӣ кунад.”
Ҳамчунин дар ин матлаб омадааст: “Бар асоси додаҳо, президент Раҳмон тақрибан тамоми қудратро дар даст дорад ва дастгоҳҳои иҷроӣ, қонунгузорӣ ва додгустариро контрол мекунад. Вақте сӯҳбат дар мавриди мубориза бо терроризм меравад, системаи қонунгузории Тоҷикистон фарқеро байни ифротгароии ғайрихушунатомез ва хушунатомез қоил нест. Ин ҷиноятсозии ба ин ҳад васеъ дар саркӯби мухолифин низ амал мекунанд.”
Оё Австрия муваззаф аст, Шовализодаро баргардонад?
Кишвари Австрия, ки яке аз кишварҳои пешрафтаи демократӣ дар Аврупо маҳсуб мешавад, барои нодида гирифтани ҳушдорҳои созмонҳо ва мудофеъони ҳуқуқ дар мавриди депорти ин мухолифи тоҷик, мавриди интиқодҳои шадид қарор гирифт.
Рӯзномаи бонуфузи австриягӣ “DerStandard” менависад, ки Австрия муваззаф аст, ки тадобиреро иттихоз кунад, то Шовализода дубора ба Австрия баргардонад.
Дидабони ҳуқуқи башар мегӯяд, Австрия ҳадди ақал муваззаф аст, талошҳои дипломатии худро барои итминон аз амнияти ӯ дар зиндон анҷом диҳад.
Аммо ҳукумати Тоҷикистон дигар раъй дорад. Ҳамон ҳукумате, ки аз ҳамкории Австрия барои бозгардондани Шовализода ташаккур кард, боз ҳамин ҳукумат мегӯяд: “Қарори додгоҳи Австрия дар Тоҷикистон амал намекунад.” Яъне ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи депорти мухолифини худ ба Тоҷикистон бо ҳар василаи ғайриқонунӣ ҳамкорӣ мекунад, аммо ин ки афроди ҳадафқароргирифта ба Тоҷикистон истирдод шаванд, дигар ҳукумат ҳеч гуна ҳамкорие дар ин масъала нахоҳад кард.
Бо вуҷуди ин, Анҷумани ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ мегӯяд, ҳоло санадҳои марбут ба қазияи Ҳизбуллоҳро барои баррасӣ ба Комиссари ҳуқуқи башари Иттиҳоди Аврупо ва ба Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод хоҳанд кард ва имкони баргардондани ӯро баррасӣ дорад.
Илова бар ин, Грегор Кламмер, адвокати Шовализода, аз Австрия хост, ин кишвар эътироф кунад, ки масъулият дар қиболи (иштибоҳҳои) кормандони худро бар ӯҳда дорад. Ӯ афзуд, ки фишорҳои умумӣ бар мақомоти ин кишвар афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин, Ҳю Виллиямсон, мудири Шӯъбаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Дидабони ҳуқуқи башар бо интиқоди шадид аз ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамчунин аз ҳукумати Австрия гуфт: “Австрия акнун муваззаф аст, ки аз тамоми абзорҳои дипломатик барои бозгардондани Шовализода ба Австрия истифода кунад, то иштибоҳе, ки боис шуд, як мард ба муддати 20 сол дар зиндон бимонад, ислоҳ шавад. Пуштибонии Иттиҳодияи Аврупо (дар ин қазия) низ муҳим аст.”
Добавить комментарий