Мақсуд Иброҳимов кист?

Мақсуд Иброҳимов, мутаваллиди 3 ноябри соли 1978, зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди Русия, сокини вилояти Ростов ва инак дар маҳбас дар Тоҷикистон аст. Ӯ поягузори ҷунбиши «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» мебошад.

Мақсуд дар таърихи 20 январи соли 2015 дар Маскав нопадид шуд ва баъди чанд ҳафта мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки ӯ ба Тоҷикистон мунтақил шудааст.

Вай дар санаи 24-уми июни соли 2015 бо қарори Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба «як қатор ҷиноят», аз ҷумла «даъватҳои ошкор ба табдили сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «ташкили созмони ҷиноӣ» гунаҳкор дониста шуд.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе Мақсудро ба 17 сол зиндон маҳкум намуд. Ва ин дар ҳолест, ки ҳам рабудани ӯ ва ҳам маҳкум шуданаш дар Тоҷикистон комилан ғайриқонунӣ буд.

Илларион Василев, вакили дифои Иброҳимов, дар як сӯҳбати телефонӣ аз шаҳри Маскав ба Радиои Озодӣ гуфт, ки хабари маҳкум шудани зерҳимояашро аз хешовандони Мақсуд Иброҳимов шунидааст. Ӯ гуфт, дар ҳукми додгоҳ гуфта мешавад, ки Иброҳимов барои узвияташ дар “Гурӯҳи 24” муҷрим дониста шуд. Дар ҳоле, ки ба қавли хешовандони Иброҳимов, аз оғози мурофиаи додгоҳӣ то охир ӯ ин гуноҳро эътироф накардааст.

Иброҳимов то замони боздошташ мехост дар Маскав созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”-ро сабти ном кунад, вале мақомоти Русия барояш чунин иҷозатро надоданд. Ва аз рӯи нақли хешонаш, ӯ дар додгоҳ ин ҳамаро нақл карда гуфтааст, ки ҳеҷ гоҳ узви “Гурӯҳи 24” набуд, балки худро муассис ва раиси созмони сабтиномнашудаи “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” муаррифӣ мекард”, мегӯяд Василев.

Ба гуфтаи ӯ, дар мурофиаҳои додгоҳии Иброҳимов дар Душанбе ҳуқуқи ӯро як адвокати тоҷик ҳимоят мекард, зеро Василев дар охирин лаҳза аз ҳуқуқи иштирок дар мурофиа маҳрум шуд.“Иброҳимов, ки душаҳрвандӣ дорад, аз шаҳрвандии Русия ҳеҷ гоҳ даст накашидааст. Вале ба ман гуфтанд, ки ҳатто агар ба Душанбе равам, маро барои ширкат дар додгоҳ роҳ намедиҳанд”, гуфт ин вакили дифоъ.

Пеш аз он, дар таърихи 26 ноябри соли 2014, Мақсуд дар Маскав аз тарафи афроди номаълум, ки гуфта мешавад, муздурони мақомоти амниятии Тоҷикистон будаанд, мавриди сӯиқасди мусаллаҳона қарор гирифт.

Вазорати дохилаи Русия дар шаҳри Маскав дар он замон эълон кард, ки ҳодисаи сӯиқасд ба Мақсуд, 26-уми ноябри 2014 соати 22.55 ба вақти Маскав дар кӯчаи Севанская рух додааст ва Мақсуд аз шиллики гулӯла ва зарбаҳои чоқу захмӣ шудааст.

Дар санаи 1 июли соли 2020 Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид аз ҳукумати Тоҷикистон хост, Мақсуд Иброҳимовро фавран озод ва барояш ҷуброни молӣ пардозад. Дар номаи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ омадааст: “Дар шароити фарогирии пандемияи COVID-19 ва таҳдидҳои ношӣ аз он дар муассисаҳои ислоҳӣ, гурӯҳи корӣ аз ҳукумати Тоҷикистон дархост мекунад, ки ҷиҳати озодии Мақсуд Иброҳим тадобири фаврӣ биандешад.”

Ба гузориши Azda, гурӯҳи кории Шӯрои ҳуқуқи башари СММ оид ба боздоштҳои худсарона ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистонро масъули амалкардҳои ғайриқонунӣ нисбат ба Мақсуд Иброҳимов номидаанд. Онҳо талаб кардаанд, ки ҳуқуқи поймолшудаи Иброҳимови 43-сола пурра барқарор карда шавад.

Ҳамчунин, Николай Николаев, адвокати Мақсуд Иброҳимов изҳор намуд, ки ба баргардонидани зерҳимояи худ ба қаламрави Русия талош карда, сипас аз ҳуқуқҳои ӯ дар суди Русия ва суди ҳуқуқи башари Аврупо ҳимоят хоҳад кард.

Адвокати русиягии М.Иброҳимов мутмаин аст, ки зерҳмояи ӯро ғайриқонунӣ аз шаҳрвандии Русия маҳрум сохта, аз қаламрави Русия берун бурдаанд. “Ман манфиатҳои М.Иброҳимовро дар қаламрави Русия ва суди ҳуқуқи башари Аврупо ҳимоят мекунам. Ӯро бидуни риояи тамоми меъёрҳои зарурӣ истирдод кардаанд, ки ин ҳама ба меъёрҳои конститутсионии Русия ва ҳуқуқи инсон мутобиқ нест”, — мегӯяд адвокат.

Ӯ гуфт: “Дар амалҳои Иброҳимов аломатҳои ҷиноят ҷой надорад ва ӯ ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад. Мо кӯшиш мекунем, ки ӯро ба Русия баргардонида, кафолати тафтишоти мустақили амалҳои ҳамчун ҷиноят ба ӯ нисбатдодашударо таъмин намоем. Афроди гунаҳкор ва марбут ба рабудани ӯ ҳам дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон муҷозот хоҳанд шуд.”

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) тамоми талоши худро ҷиҳати озодии ин мард ва соири зиндониёнии сиёсии Тоҷикистон ба харҷ хоҳад дод.

#Ҳафтаи_Мақсуд_Иброҳимов

#Озодӣ_барои_Мақсуд_Иброҳимов

#Свободу_Максуду_Ибрагимову

#Free_Magsud_Ibrahimov

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: